logo

фарҳанг

МЕҲРОН. ПОРАШАҲРЕ ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Чун ба роҳи пуршебу фарози канораи рӯди Зарафшон ба самти саргаҳи он аз байни чанд деҳаи ноҳияҳои Айниву Кӯҳистони Мастчоҳ мегузарӣ, шаҳраке бо биноҳои ҳозиразамони бисёрошёна ба чашм мехӯрад, ки аз дидани он дил ба фараҳ меояд. Бахусус, шукӯҳу шаҳомати Парчаму Нишони давлатӣ, ки дар пояҳои баланд насб шудаанд, ба кас эҳсоси ифтихори ватандӯстӣ мебахшад. Гӯё кӯҳҳои сарбафалаки атроф аз ин эъҷози дасти инсон сукут варзида, сари таъзим фуруд оварда бошанд. Оре, ин маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  шаҳраки Меҳрон аст. Порашаҳре дар кӯҳистон, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва рӯз ба рӯз симои наву тозатаре ба худ касб мекунад.
Муҳаммадҷобир Раҷабзода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, зимни суҳбат иброз дошт, ки ноҳия  маҳз бо ташаббус ва ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат соли 1996 аз нав эҳё гардид. Дар тӯли 23 сол ноҳия ба дастовардҳои хеле назаррас ноил шуд. Дар ин муддат Пешвои миллат панҷ маротиба  ба ноҳия бо сафари корӣ ташриф оварданд. Ҳар боре ки Сарвари давлат ба ин гӯшаи кӯҳистони мамлакат қадами мубораки худро гузоштанд он ободу зебо гардиду рушду тараққӣ ёфт. Аз ҷумла, зимни сафари Пешвои муаззами миллат 20 августи соли ҷорӣ, ки дар арафаи 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ доир гардид, дар ноҳия 12 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бо дастгирии Президенти маҳбуби кишвар дар маркази маъмурӣ – шаҳраки Меҳрон беморхонаи марказии дорои тамоми таҷҳизоти зарурӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шароити мусоид муҳайё гардид. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар як муддати кӯтоҳ майдони Парчам ва Нишони давлатӣ сохта шуд, ки онро Пешвои миллат дар фазои тантанавӣ ба истифода доданд. Баландии Парчами давлатӣ 36 метр ва пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Майдон масоҳати  5 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, онро беш аз 200 арча ва гулҳои гуногуну сабзазор зеб медиҳанд.  Дар майдон 20 нишастгоҳ ва чароғакҳои равшанидиҳанда насб шудаанд, ки барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва сайругашти сокинону меҳмонон хеле мувофиқ аст. Нақшаи генералии маркази ноҳия -  шаҳраки Меҳрон аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар-М» бо 50 бинои маъмурию маишӣ тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, № 229 тасдиқ шудааст.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аграрӣ буда, шуғли асосии аҳолӣ соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Соли равон кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ майдони 3581,7 гектарро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,7 гектар зиёд мебошад. Тибқи маълумоти мутахассисон ҳосили интизорӣ ба 80 ҳазор тонна хоҳад расид ва ба ҳамин восита деҳқонони ноҳия барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиби худро мегузоранд.
Аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 23, 4 гектар боғ бунёд гардид, ки аз ҷумла 2,4 гектар боғи интенсивӣ, 9420 бех ниҳоли мевадиҳанда ва 8200 бех ниҳоли сояафканро дар бар мегирад. Боғҳои интенсивӣ дар деҳаҳои Дашт, Оббурдон, Рогиф, Ҳадишаҳр, Ғузн бунёд шудаанд. Хоҷагидорон аллакай аз боғҳои интенсивӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.
Бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони канали Тагоб ба масофаи 5,8 километр дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, интизор меравад, ки ба воситаи он 80 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда, зиёда аз 60 ҷойи кории нав таъсис ёбад.
Соҳибкорони ноҳия дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри ободонии сарзамини хеш даст ба кор шудаанд. Чунончи, аз ҷониби соҳибкор Ғуфронҷон Усмонов дар шаҳраки Меҳрон сехи хурди коркарди маҳсулоти ширӣ сохта ба истифода дода шуд, ки чандин нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд. Дар деҳаи Лангар низ бунёди ҳамин гуна корхона дар арафаи анҷомёбист.
Корҳои сохтмони мактаб барои 450 хонанда ва варзишгоҳ барои 3000 ҷои нишаст дар маркази ноҳия,  муассисаи таълимӣ дар деҳаи Эсизи поён барои 320 хонанда, майдончаи варзиш дар деҳаи Оббурдон ва сохтмони бинои муассисаи томактабӣ барои 72 нафар таълимгиранда дар деҳаи Дашт идома доранд.
Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми соли 2018 ва нуҳ моҳи соли 2019 50 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 47 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Яке аз мушкилоти асосии ноҳия ин пайваст набудани 14 деҳаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангар ба хати баландшиддати барқ аст, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар деҳаҳои Деҳманора, Дашти Миёна ва Пакшиф идома доранд ва тибқи нақша то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба итмом расонда мешаванд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 205    Мутолиа карданд: 800
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед