logo

иҷтимоиёт

ҲИСОР. МУҶОЗОТИ ДУ СОКИНИ ШАҲР БАРОИ НАҚЗИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Суди шаҳри Ҳисор сокини маҳаллӣ Лутфиддин Сайфуддиновро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳкор эълон кард.
Лутфиддин Сайфуддинов бар хилофи талаботи қисми 6 моддаи 10 - и қонуни мазкур амал карда, 6 октябри соли равон  тӯйи домодию арӯсии фарзандаш Сайидо Сайфуддиновро гузаронда, аз соати 8 то 11 барои хешу табор ва аҳли деҳа оши наҳор ташкил намуда, инчунин, маросими сабти давлатии ақди никоҳро дар шоҳроҳи деҳаҳои Тӯда - Ноҷии деҳоти Мирзо Ризои шаҳр бо зиёда аз 15 воситаи нақлиёт гузарондааст.
Номбурда дар маҷлиси судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, изҳор дошт, ки беназоратии ӯ боис гардидааст, ки дар маросими сабти давлатии ақди никоҳи фарзандаш зиёда аз 15 воситаи нақлиёт иштирок намояд.
Судя барои бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ, софдилона иқрор шудан ба гуноҳ ва афсус хӯрдани ҳуқуқвайронкунанда Л. Сайфуддиновро ба назар гирифта, лозим донист, ки нисбат ба ӯ ҷазои сабуктар, яъне ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 сомонӣ таъйин кард.
Илова бар ин, суди шаҳри Ҳисор сарояндаи маҳаллӣ Наврӯз Раҷабовро, барои риоя накардани муқаррароти қисми 1 моддаи 14 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” айбдор кард.
Мавсуф ҳамчун сароянда бе бастани шартномаи тарафайн 22 сентябри соли ҷорӣ дар тӯйи домодию арӯсии фарзанди шаҳрванд Холмаҳмад Нарзуллоев дар манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ, деҳаи Кафшдӯзон хизматрасонӣ намудааст. Ва бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 1 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Суд баъди баррасии парванда нисбат ба Наврӯз Раҷабов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5500 сомонӣ таъйин кард.

Ҷ. АБДУЛЛОЗОДА,  муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор,
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2019    №: 207    Мутолиа карданд: 647

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед