иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Маҳмадрасул Алиев соли 1957 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Дилбастагии зиёд ба фанни физика ӯро баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Душанбе овард. Баъди хатми омӯзишгоҳ барои иҷрои қарзи фарзандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафт. Аз мактаби ҷасорату мардонагӣ гузашта, сипас, дар Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе ба кор оғоз кард.
Баъд аз ноҳияи Темурмалик ба ноҳияи Данғара кӯчидан, аз соли 1981 то 1982 корманди матбааи ноҳияи Данғара буд. Дар баробари кор, ғоибона дар техникуми индустриалии шаҳри Душанбе таҳсил кард. Соли 1983 дар маркази алоқаи ноҳияи Данғара корро ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ кардааст. Маҳмадрасул Алиев барои амиқтар омӯхтани нозукӣ ва паҳлуҳои касби интихобкардааш соли 1988 ба Донишгоҳи алоқаи шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дохил шуда, онро соли 1994 бомуваффақият хатм намуд.
Баъд аз хатми донишгоҳ ӯро дар маркази алоқаи ноҳияи Данғара ба вазифаи сармуҳандис таъйин карданд. Солҳои 1995 - 1996 сардори маркази алоқаи ноҳия буд. Аз соли 1997 бо сабаби барҳам хӯрдани марказ ва дар заминаи он ташкил ёфтани филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» - и ноҳияи Данғара ӯро роҳбари ин ниҳоди давлатӣ таъйин карданд. Ӯ соли 2012 иҷрокунанда ва аз соли 2015 то 2017 сардори минтақаи № 3 - и филиали ҶСК «Тоҷиктелеком» буд. Ин филиал ғайр аз ноҳияи Данғара шаҳри Норак ва ноҳияҳои Темурмалик, Балҷувон ва Ховалингро низ фарогир аст.
Тайи солҳои роҳбарии ӯ истгоҳи механикии алоқа ба рақамӣ иваз шуда, дар 12 деҳаи дурдасти ноҳияи Данғара нуқтаҳои гуфтугӯи байнишаҳрӣ кушода шуд. Ин ташаббус имкон дод, ки гуфтугӯи телефонӣ беҳтар гардад ва мардум бо наздикони худ ҳамеша дар тамос бошанд. Чунин шароит замоне буд, ки ҳанӯз мардум ба телефони мобилӣ дастрасӣ надошт.
Айни ҳол Маҳмадрасул Алиев дар вазифаи сардори маркази алоқаи почтаи ноҳияи Данғара фаъолият дорад. Таҷрибаи солҳо андухтаи ӯ имрӯз барои мутахассисони ҷавон мактаби таҷриба аст. Ӯ давоми солҳои фаъолияташ мутахассисони зиёди соҳаро тарбия намудааст.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.11.2019 №: 208 Мутолиа карданд: 684