logo

номаҳо

Ақидаи муаллиф ба ҳақиқат чандон рост намеояд

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мақолаи «Оё ин зарар ба буҷети давлат нест?»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 3 декабри 2009 чоп шудааст, дар ҷаласаи васеи кормандон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дод.
Дар мақола иқтисодшинос оид ба такроршавии фаъолият ва мақсади мақомотҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт андеша меронад. Бояд гуфт, ки  муаллиф ба масъала якҷониба баҳо додааст. Зеро бо «Низомнома»-и мақомотҳои номбурда шинос набуда, фаъолияти онҳоро нодуруст дарҷ намудааст.
Вазифаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ин таъмини назорати бехатарии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ буда, хадамот бошад, ҳамчун мақомоти назорати давлатӣ назорати риояи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалиро дар комплекси нақлиёт амалӣ намуда, танзими давлатии фаъолияти нақлиётиро ба ӯҳда дорад.
Иқтисодшинос вазифаҳои мақомоти андозро ҳимоя намуда, қарзи бақияпулиҳои андозро ба болои андозсупорандаҳо то 1 январи соли 2000 ва то 1 январи соли 2009 муқоиса намуда, аз ҳад зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот, пешрафти иқтисодиёт, бӯҳрони молиявӣ ва аз  дигар далелҳои мусоидаткунанда бехабар мондааст. Барои мисол, иқтисодшинос бояд дар аввал маблағи андози ба буҷети ҷумҳурӣ дар соли 2000 воридгардидаро нисбат ба соли 2009 муқоиса менамуд ва баъд аз он нисбати маблағи қарзи андозсупорандагон сухан меронд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки танҳо дар соли 2009 бо мақсади назорат ва танзими ҳамлу нақли автомобилӣ ба 12185 нафар шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ иҷозатнома дода шуда, нисбати 10654 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷариманбандӣ карда шудааст. Ҷамъи умумии маблағҳои аз ҷониби хадамот ба буҷети давлат воридгардида 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

А. НУРОВ,
сардори Хадамоти давлатии назорат ва
танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати
нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 793

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед