logo

сиёсат

ЭҲТИРОМИ ЗАН ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

Зан – модар тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат, бахусус тоҷикон хеле баланд аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд: «Нақш ва мақоми зан – модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан – модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад».
Дар асоси фармони Президенти мамлакат санаи 8 март дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи Модар» таҷлил карда мешавад. Ин тадбир имконият фароҳам овард, ки мо иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё намуда, бо ифтихор собит созем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддуну фарҳангсолор зан – модарро пос медорем.
3 декабри соли 1999, таҳти № 5 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз тавонист, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии занону духтарон такони ҷиддӣ бахшида, баҳри баланд гардидани мавқеи онҳо дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам орад.
Инчунин, аз 1 марти соли 2005 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» қабул шуд. Он кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми амалӣ гардондани ҳуқуқи интихобот, кафолатҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи хизмати давлатӣ, таъмини имкониятҳои баробар барои мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ, механизми таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занонро ба танзим медарорад.
Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 ба тасвиб расидааст, барои фаъолияти бонувон дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ҳидоят намуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат мақоми зан дар ҷомеаро арҷгузорӣ карда, чунин изҳор доштанд: «Ҷомеае, ки ба зан – модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад». Вохӯриҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкори кишвар, намояндагони занону ҷавонон, фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳо зимни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳаёти занону ҷавондухтарони боистеъдоду лаёқатманди кишвар натиҷаи самарабахш дода истодаанд. Имрӯз садҳо нафар аз ҳисоби занону ҷавондухтарони соҳибистеъдоду болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва пурмасъули хизмати давлатӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ таъсис додани грантҳои ҳукуматӣ барои фаъолияти пурмаҳсули занон дар соҳаҳои гуногун, квотаи президентӣ барои духтарони деҳоти дурдаст ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, стипендияҳои президентӣ ва «Дурахшандагон» барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, сохтмону бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, дӯзандагию бофандагӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои оилаҳои ҷавон, хобгоҳҳои замонавӣ барои донишҷӯдухтарон, ташкили маҳфилҳои гуногуни илмию фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои судманд далели возеҳи дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоии занону ҷавондухтарон мебошад.

Озар Орифи БАҲРОМЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 1533
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед