logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯ. БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар соҳаи педагогика тарбия ҷои махсусро ишғол намуда, ҳамчун раванди вижаи ташаккулёбии шахсият, самаранокии онро ҳамкории тарафайн дар ҷараёни тарбияи амалӣ таъмин мекунад.
Раванди тарбия ҷараёни бисёромил буда, онҳо дар шакли объективӣ ва далелҳои субъективӣ намудор мегарданд. Муқаррар шудааст, ки омилҳои субъективӣ талаботи ботинии шахсиятро ба таври мувофиқ ифода мекунанд. Ва дар шароити объективӣ, ки шахсият дар он зиндагӣ дорад ва ташаккул меёбад, ба ҳалли вазифаҳои тарбияаш бомуваффақият ёрӣ мерасонад. Ҳар қадаре, ки ба майлу мазмуни худ фаъолияти ташкилкунии тарбия ва шароити объективӣ мувофиқ ояд, ҳамон қадар ташаккулёбии шахсият боло меравад. Хусусияти раванди тарбия ҳамон вақт зоҳир мегардад, ки фаъолияти тарбиятгар ҷараёнро хуб идора карда тавонад ва ба қонунияти объективӣ мувофиқ гардонад. Ин ба дараҷаи муайян санъатест, ки ба хусусияти тарбиядиҳанда нисбати тарбиягиранда хос бошад.
Мураккабии раванди тарбия аз он иборат аст, ки натиҷаи он ноаён ва ҳиснашаванда буда, чун раванди омӯзиш зуд маълум намегардад. Шахсият дар зиндагӣ ба падидаҳои мусбат ва манфӣ дучор мегардад, зеро умури тарбия хеле динамикӣ, муҳаррик ва тағйирёбанда аст. Аз ин лиҳоз, муайянкунии раванди тарбия душвор мегардад.
Ҷараёни тарбия давомдор буда, аз гаҳвора то нафаси вопасин идома меёбад. Аз ин миён тарбияи мактабӣ дар ташаккули шахс нисбатан нақши муҳим мебозад, зеро дар хурдӣ системаи асаб қобилияти гироии баланд дорад.
Раванди тарбия хусусияти тағйирёбӣ дорад. Ҳар фард ба андозаи қобилият, фаҳмишу зарурати худ тарбия мегирад. Вазифаи тарбиягари мактаб ҳам ҷараёни тарбияро ба маҷрои дуруст даровардан аст.
Ба ибораи дигар, вазифаи тарбия ин дуруст ба роҳ мондани ташаккули шахсият мебошад. Вале ин дар асоси донишҳои амиқ, асосҳо, талабот, нақшаҳо ва арзандагии тарбия амалӣ мегардад.
Дар раванди тарбия шахсияти тарбиягар яке аз омилҳои муҳими объекти тарбия аст. Ягон китоби илмӣ мисли ҳамкории таъсирбахши тарбиягар нозукии тобишҳои муносибати байнишахсиро гирифта наметавонад. Нақши тарбиягар дар раванди тарбияи муосир нафақат тамоми таъсири тарбия ва роҳбариро ба дасти худ гирифтан, балки ташкил кардан ва роҳбариро ба тариқи демократӣ ҷорӣ намудан аст. Зеро ҳар қадаре, ки раванди тарбия аз ҷониби дастпарварон бо майли демократӣ сурат гирад, ҳамон қадар озодӣ ва фаъолияти эҷодӣ ангезиш меёбад. Тарбиятгар ҳамон вақт ба комёбиҳо ноил мегардад, ки агар шароит ва вазиъиятро ба ҳисоб гирад. Вай бояд рафтору фаъолияти амалии дастпарваронро бо диққат таҳлил кунад ва аз онҳо хулосаҳои даркорӣ барорад. Камбудиҳои ҷиддии тарбияи мактаби ҳозира нафақат аз шароити номусоид, танбалии талабаҳо ва беэътибории волидон сар задааст, балки тарбиягарон ҳам бояд дар ин буҳрон қисман айбро ба гардан гиранд. Педагогикаи авторитарӣ сабаби дуршавӣ ва бегонагардии талабаҳо аз мураббии худ гаштааст. Бинобар ин, аз нав ташкил кардани ҳамкории педагогии ҳақиқӣ дар пояи демократикунонӣ ва гуманистии мактаб, аз нав бавуҷудории ҳиссиёти инсонӣ - ғамхорӣ ба кӯдакон, раҳму шафқат ба онҳо басо лозим аст. 

Ф. ҚУРБОНОВ,  А. ЭШОНОВ, 
Б. ИЛЧИБЕКОВА,  омӯзгорони коллеҷи технологии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2019    №: 235    Мутолиа карданд: 400
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед