logo

иҷтимоиёт

"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...". НЕРУИ МУҲИМТАРИНИ ТАРБИЯ

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардид, бори дигар собит сохт, ки миллати мо аз қадимулайём ба китоб ва китобхонӣ муҳаббат ва рағбати зиёд дошту дорад. Дигар ин пиндор ҳеҷ гуна марбут ба асосе намешавад, ки мо аз китобу китобхонӣ дур шудем. Айбро на дар хонандагон ва ҳаводорони асили адабиёт, балки бояд дар худ ҷӯё бошем. Омӯзгор ва китобдорро зарур аст, ки меҳри асари бадеӣ ва мутолиаи онро дар дили хонандагону толибилмон ҷой бидиҳад. Ин гурӯҳ ба раҳнамоии махсус ниёз дорад. Бояд бештару беҳтар дарк карда шавад, ки хондани китоб ҷаҳонбиниро васеъ мекунад, имкон фароҳам меорад, то андешаҳоро озод баён намоянд, бехато навиштанро биомӯзанд. Ба ин хотир, инчунин, вохӯрии адибонро бо хонандагону донишҷӯён сари ҳар вақт бояд доир бинамоем. Ин гуна вохӯриҳо бисёр муфид мебошанд ва масъулиятро бамаротиб меафзоянд, балки аз чанд соати дарсӣ дида муассиртар мебошанд.
Мутаассифона, равобити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ташкилотҳои эҷодӣ ва адибон хуб ба роҳ монда нашудааст. Бо ин ҳол бархе аз шоирону нависандагон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки асарҳояшонро кам мутолиа мекунанду дастрас наменамоянд.
Пештар адибон ва асарҳои онҳо тарғиб мешуданд, оид ба муҳтаво, қаҳрамонҳои китобҳо баҳсҳо ба миён меомаданд. Адибон тарғибгарон ва муҳофизони забони ноби тоҷикӣ буданд. Ҳоло ин ҳама масъулиятҳо бар дӯши Сарвари давлат афтодааст. Интизор мешаванд, ки кай дар ин хусус амру дастур медиҳанду онҳоро барои иҷрои рисолаташон водор созад.
Бояд ин нуктаро зикр намоем, ки асарҳои хубу хонданӣ ва ҷавобгӯи талабот кам таълиф мегарданд ва ҳам ба онҳо дастрасӣ мушкил гаштааст. Бо истифодаи роҳҳои гуногун мехоҳанд онҳоро ба хонандагон бифурӯшанд. Барои хонанда бошад, пайдо кардани маблағ, балки гирифтани он аз волидон осон нест.
Мо - омӯзгорон бояд тавсия бидиҳем, ки онҳо кадом китобҳоро мутолиа бинамоянд. Барои ин нахуст худамон китобхони фаъол бошем,  нақдро бишносем, муҳокимаашонро ба роҳ бимонем. Инчунин, озмуни «Беҳтарин китобхон» - ро баргузор бикунем. Беҳтаринҳо дар ҳар як чоряки соли хониш бояд бо мукофотҳо ҳавасманд бигарданд. Мудирони китобхонаҳои мактабӣ ҳисобот ё худ номи беҳтарин китобхонҳоро ба  маъмурияти муассисаи таълимӣ пешниҳод бисозанд. Масъулони ин муассисаҳо бо китобхонаҳои оммавии шаҳру ноҳияҳо дар иртибот бошанд ва бидонанд, ки таълимгирандагонашон кадом адабиётро мегиранду мутолиа менамоянд. Фикр мекунам, ки дар ин сурат самараи таълиму тарбия бештару беҳтар мегардад.
Ҷойи таассуф аст, ки ба асарҳои бузургтарин адибони ҷаҳон дастрасӣ надорем. Дар ин сурат ҳатто омӯзгорон ба раванди неки адабиёти оламшумул ошно шуда наметавонанд.
Чанде пеш шоири маҳбуби кишварамон Муҳаммад Ғоиб сазовори Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов гардид. Мо аз ин дастовард бисёр шод шудем. Воқеан, ин ифтихору дастоварди миллат аст. Ӯ зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», аз ҷумла иброз доштааст, ки 150 шеъраш ба мавзӯи Ватан бахшида шудааст. Чаро мумкин нест, ки ин шеърҳо дар шакли маҷмӯаи алоҳида нашр ва дастраси мо ва хонандагон бигардад? Зарур аст, ки бо ин адиб ба ин муносибат, яъне мушарраф шудан ба ҷоиза, вохӯрӣ доир бикунем.
Муҳаммад Ғоиб дар ин суҳбат, инчунин, барҳақ иброз доштааст: «Боварам бар он афзуд, ки адабиёт ҳоло ҳам аз неруҳои муҳимтарин ҷиҳати тарбияи банӣ башар аст. Сухани созанда дер ё зуд роҳи худро меёбад...»
Ҳамин тавр, бояд аз ин неруи муҳимтарини тарбия сари вақт ва ба дурустӣ истифода бикунем.

Азиза ҒАФУРОВА, муовини директор оид ба таълим дар
гимназияи № 9, ба номи Низомии Ганҷавӣ,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 285
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед