Хабарҳо
Озмуни таомҳои чинӣ. Аз таомпазӣ то омӯзиши забон
Дар давоми ду ҳафтаи охир фасли дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Таомҳои лазизи тоҷикиву чинӣ” дар Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар баробари озмун, инчунин, ба шавқмандон ва хонандагони маркази Конфутсий доир ба таърихи пайдоиши таомҳои чинӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Барои ҷолибтар гузаштани озмун, пухтупази таомҳои чинӣ бо иштироки хоҳишмандон гузашт. Онҳо дар баробари пайдо намудани маълумот дар бораи таомҳои чинӣ, ҳамзамон, бо таҳияи онҳо низ ошно шуданд. Каримов Азизбек, ки дар озмун сазовори ҷои сеюм гардида буд, таоми маъмули минтақаи Сичан гӯшти мурғ бо арахисро пухт.
Вақте сухан дар бораи ин таом меравад, фикр накунед, ки онро ба осонӣ метавон омода намуд. Вижагии таоми мазкур дар он аст, ки ҳангоми тановул шахс ҳам туршӣ, ҳам ширинӣ ва ҳам тундиро эҳсос хоҳад кард.
Аҳамияти гузарондани чунин чорабиниҳо дар он аст, ки донишҷӯёни Институти Конфутсийи назди ДМТ зимни омода кардани таомҳо чандин мафҳумҳои чинӣ ва вожаҳои навро омӯхта, сатҳи забондонии худро ғанӣ мегардонанд.
Институти Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1691