logo

Хабарҳо

Шотокан. Варзишгарони тоҷик сазовори 10 медали тилло

Дар пойтахти Россия – шаҳри Москва бо иштироки варзишгарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Украина, Беларус, Озарбойҷон, Белгия, Латвия, Литва, Исроил, Молдавия ва кишвари мизбон мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба каратэ шотокан баргузор шуд.
Бино ба иттилои ТВ «Варзиш», тими мунтахаби кишвар дар ин мусобиқа таҳти роҳбарии Маҳмадулло Мирзоев сазовори 27 медал (10 тилло, 10 нуқра ва 7 биринҷӣ) гардид.
Мавриди зикр аст, ки варзишгарон аз рӯи намудҳои WKF, WSF, SKIF, JKA миёни ҳам рақобат намуда буданд.

Беҳтарин варзишгари сол аз нигоҳи Дилшод Назаров
Варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров дар мусоҳиба бо G5 Forum доир ба беҳтарин варзишгари соли 2019 андешаҳои худро чунин иброз намудааст:
- Ба андешаи ман дар соли 2019 Баҳодур Усманов (боксёр) беҳтарин  варзишгар аст. Ӯ соли равон дар баробари чемпиони Осиё шудан, боз дар се мусобиқаи дигари байналмилалӣ мақоми аввалро касб намуд. Инчунин, Сомон Маҳмадбеков, ки аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон шуд, имкони беҳтарин шуданро дорад. Дастоварди Сабрина Абророва, ки дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот ҷои дувумро гирифт, шоёни таваҷҷуҳи хос аст.

Игор Черевченко – беҳтарин мураббии моҳи декабр
Игор Черевченко, сармураббии дастаи «Арсенал» - и Тула, фарзанди бозигари дастаи машҳури «Помир» Геннадий Черевченко, дар Россия беҳтарин мураббии моҳи декабр дониста шуд.
Тибқи иттилои сомонаи «Евро-футбол.ру», «Арсенал» моҳи декабр тимҳои пешсафи ҷадвал ЦСКА ва «Локомотив» - ро мағлуб намудааст.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1006
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед