logo

Хабарҳо

Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти  шаҳри Кӯлоб шинос шуд.
Дар навбати аввал Қоҳир Расулзода аз рафти бунёди муассисаи таълимии воқеъ дар маҳаллаи Боқӣ Раҳимзода дидан намуд. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки бинои таълимии дуқабата дорои 14 синфхона буда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, дар он 240 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Сарвазири мамлакат, инчунин, бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»  шинос шуд. Зикр гашт, ки он  панҷошёна буда, дорои 28 синфхона, 2 китобхона, 2 озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ, 2 анбор ва дигар ҳуҷраҳои марказонидашуда мебошад ва барои эъмори он 8,7 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бо сохтмони шаҳраки навбунёд барои 5 ҳазор нафар шинос гашт. Тибқи лоиҳа, дар шаҳрак бунёди 292 хонаи истиқоматии якошёна, 42 хонаи дуошёна, биноҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои хизматрасонии маишӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, қасри фарҳанг, муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ, майдончаҳои варзиш, марказҳои савдо, гулгашт барои фароғати мардуми маҳалла дар масоҳати 3,9 гектар дар назар аст.
Сарвазири мамлакат ба идораҳо ва шахсони масъул супориш дод, ки манзилҳои истиқоматӣ бояд тибқи талаботи шаҳрсозии муосир бунёд ёфта, ба эҳтиёҷмандон  дар асоси хулосаи комиссияи дахлдор бо нархҳои дастрас пешкаш  шаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 457

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед