logo

иқтисод

КОДЕКСИ АНДОЗ. ТАҒЙИРОТ БА РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ТАКОН МЕБАХШАД

- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, инчунин баҳри беҳтар намудани фазои  сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
Ин нуктаро Карим Гулмуродзода, муовини вазири молия, зимни баррасӣ ва тасвиби  санади мазкур дар Маҷлиси намояндагон зикр намуд.
Дар лоиҳа бо назардошти омӯзиши сатҳи андозбандии шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя ҷиҳати дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд ва ҳавасмандгардонии онҳо барои пешбурди дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ, иштирок дар муомилоти  ғайринақдӣ ба Кодекси андоз ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳо пешбинӣ шуд.
Лоиҳаи қонун фарогири масъалаҳо оид ба танзими андозбандии амалиётҳои азнавбаҳодиҳии асъори хориҷӣ ва филизоти қиматбаҳо, муқаррар намудани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби пешниҳод ва хориҷ намудани имтиёзҳои андозӣ мебошад. Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи пешбурди соҳибкории Бонки ҷаҳонӣ аз Кодекси андоз муқаррарот вобаста ба андозбандӣ гардидани як фоизи даромади умумӣ хориҷ шуда, минбаъд андоз аз фоида, аз фоидаи воқеан бадастомада андозбандӣ  мешавад. Ҳамзамон, ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018  «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», мусоидат намудан ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар лоиҳа чораҳои ҳавасмандкунанда дар шакли нисбатан паст пешбинӣ намудани меъёри андози низоми содакардашуда муқаррар гардидааст. Дар баробари ин, дар лоиҳаи қонун ба андозсупорандагон интихоби тартиби нави ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ,  лоиҳаи қонун ба рушди иқтисоди миллӣ ва дастгирии соҳибкорон равона гардида, бо қабули он эҳтимолияти шаффоф нишон додани манбаъҳои андозбандӣ ва дар ин замина ба Буҷети давлатӣ бештар ворид шудани маблағҳо дар назар аст.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2019    №: 244 - 245    Мутолиа карданд: 543
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед