logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТОҶИКИСТОН РӮ БА РУШД ДОРАД

Ҷалби сармоя ба саноати сайёҳӣ ривоҷу такмили инфрасохтор ва беҳбуди хизматрасониҳои сайёҳиро таъмин мекунад ва ин дар навбати худ ба рушди иқтисодиёти мамлакат мусоидат менамояд. Раванди ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Коршиносон иброз медоранд, ки мушкили асосӣ дар самти ҷалби сармоя ба рушди сайёҳии Тоҷикистон ин дастрас набудани маълумоти зарурӣ оид ба имконияту иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон, кам будани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба баъзе кишварҳои Аврупо, кам муаррифӣ шудан дар кишварҳои ҷаҳон ва маълумоти кам доштани сокинони дигар давлатҳо дар бораи Тоҷикистон аст. Ба андешаи онҳо, ҳамкории мутақобилан судманд байни ниҳодҳои дахлдори давлативу байналмилалӣ ва баррасии тамоми паҳлуҳои бурду бохти соҳа аз роҳҳои муҳими бартарафсозии монеаву мушкилиҳо мебошанд.
Дар ҳамин радиф, рушди бахши хусусӣ тавассути беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад. Давоми чанд соли охир ҷиҳати таъмини фаъолияти озоди тиҷоратӣ, содасозии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, кам намудани шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ ва ба танзим даровардани низоми санҷишҳо ислоҳоти зиёди самарабахш ба анҷом расиданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст. Дар бахши ҳимояи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеии дохиливу хориҷӣ ягон фарқият вуҷуд надорад. Бо назардошти имкониятҳо соҳибкорони ҷумҳурӣ беш аз 80 намуди амалиёти содиротиву воридотиро амалӣ менамоянд ва тайи чанд соли охир ҳамчун шарикони боэътимод эътироф шудаанд. Бо як қатор кишварҳои хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ созишномаҳо ба имзо расиданд ва ин амал ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҷалби сармоя замина гузошта истодааст. Айни ҳол дар Тоҷикистон яку ним ҳазор сармоягузор фаъолият мекунад ва ин шумора тамоюли зиёдшавӣ дорад. Қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ барои сармоягузорон ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ, консепсия ва созишномаҳои сармоягузорӣ реҷаи имтиёзноки пешбурди фаъолият муҳайё намудааст.
Яке аз самтҳои барои рушди сайёҳӣ заминагузор муҳайё намудани ифрасохтор маҳсуб меёбад, яъне таъмини пешрафт дар дигар соҳаҳои алоқаманд, бахусус шоҳроҳу роҳҳои мошингард, объектҳои сайёҳӣ ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани иншооти соҳа арзёбӣ мешаванд. Тайи солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар ба маблағи умумии 315 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ гардида, роҳҳои мошингард дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ таҷдиду  навсозӣ карда шуданд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Коршиносони ватанӣ иброз медоранд, ки афзоиши шумораи сайёҳон гувоҳи он аст, ки ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самари хуб овардааст. Кишвари мо барои ба кишвари сайёҳӣ табдил ёфтан тамоми шароиту имкониятҳоро дорад. Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ заминаи асосианд. Бо мақсади самаранок истифода намудани имконоти дохилӣ ва ҷалби бештари сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Стратегияи рушди сайёҳӣ қабул гардид. Иҷрои тадбирҳои дар он пешбинишуда ба рушди бемайлони соҳа мусоидат намуда, бовар аст, ки солҳои наздик сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор додан ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқгардондани сатҳу сифати хизматрасониҳо, ташаккули инфрасохтори муосир, рушди ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ, муаррифии ҷашну маросимҳо дар зери чатри бренди миллии сайёҳӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки барои рушди соҳа ва боло бурдани саҳми он дар пешрафти иқтисодиёти кишвар муҳимтарин шумурда мешаванд. Дар ин ҷода ҳамкорӣ бо давлатҳои дар бахши сайёҳӣ пешрафтаи ҷаҳон ва истифода аз таҷрибаи фаровони онҳо ба суди кор аст.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, такмили инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои андозу гумрук тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд. Дар натиҷа фаъолияти сайёҳӣ аз санаи бақайдгирӣ ба муддати панҷ сол аз пардохти андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. Дар ин замина 12 номгӯйи иншооти сайёҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2018 таҳти рақами 189 «Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳии барои воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озодшуда» тасдиқ гардид. Мувофиқи маълумоти оморӣ, 59 дарсади ширкатҳои сайёҳӣ аз имтиёзҳои андоз аз фаъолият бархӯрдор мебошанд. Маблағи имтиёзҳои тасдиқшуда зиёда аз 11 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Феълан мо дар ҳоли ҳуҷҷатсозии гранти 10 - миллиона барои дастгирии бахши рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳастем. Ба андешаи коршиносон, рушди сайёҳӣ дар бисёр ҳолат аз таъмини маълумот оғоз мегардад. Ва дар ин самт бояд тамоми захираҳо истифода  шаванд. Барои ҷамъоварии маълумот ва пешравӣ дар ин самт, бо назардошти ҷойгирии ҷуғрофии Тоҷикистон, баъзе мушкилиҳо мавҷуданд. Бинобар ин, лоиҳаи мо ба самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ равона нашудааст, балки сармоягузорӣ ба омӯзиш, тадқиқ, ташхис ва рушди шабакаи маҷмӯии сайёҳиро фаро мегирад, - иброз дошт Раза Фарух, роҳбари маркази лоиҳаҳои намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон дар ҳамоиши вижаи ба ин мавзӯъ бахшидашуда. 
Тибқи таҳлилҳо, аксари сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз Аврупо ва Амрикои Шимолианд. Ин ҷиҳатест, ки бояд ба инобат гирифта шавад. Агар фаъолияти туроператорҳои ватанӣ ва байналмилалиро ба ҳам муқоиса кунем, маълум мешавад, ки ширкатҳои байналмилалӣ дар бораи Тоҷикистон назар ба ширкатҳои сайёҳии ватанӣ маълумоти бештар доранд. Ширкатҳои хориҷӣ мутмаинанд, ки ҳоло Тоҷикистон барои сайёҳони ҷаҳонӣ ба таври пурра кушода нашудааст, бинобар ин, онҳо дурнамои хуби сайёҳии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳукумати мамлакат бо дарки нақши муҳим дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян кардааст. Ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои рушдёфтаи сайёҳӣ мубаддал гардад.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 1905
05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

29.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 6065 КАС ШИФО ЁФТ

ДДСТДТ. БА ДОВТАЛАБОН ИМТИЁЗҲО ПЕШБИНӢ ШУДААСТ

ДДФСТ. СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ БА ШЎРОИ ДИФОЪ НИЁЗ ДОРАД

27 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ШАШ МОҲ

100 ДАРСАДИ САҲМИЯҲОИ ҶСК «АЗОТ» БА ФУРЎШ ГУЗОШТА МЕШАВАД

44 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ НИЗ ЗИЁД ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед