иҷтимоиёт
СИНДРОМИ ДАУН. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК МУШКИЛ
Фарзанддор шудан танҳо маънии давом додани наслро надорад. Он масъулияту ҷавобгарии виҷдонӣ ҳам дорад, ки гоҳо фаротар аз дарку фаҳмиши мост. Агар мабодо тифли бегуноҳ бо ҷурми ҷисмониву рӯҳӣ ба олам ояд, масъулият даҳчанд меафзояд.
Мутаассифона, баъзе падару модарон тарбияи кӯдакони ақлан заиф ва ё имконияташон маҳдудро кори мактабҳои махсус медонанд. Аз сарнавишту қисмати хеш норозӣ мешаванд, ки чаро соҳиби чунин фарзанди нуқсондор гаштанд?
Дуруст, агарчи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо ба ин қишри осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд, мактабу муассисаҳои алоҳида кушодаанд, вале ин на ба он мазмун аст, ки меваи норасиди боғи худро нодида гирему аз масъулияти боғбонӣ озод бошем.
Ростӣ, ман ҳамчун омӯзгори мактаб - интернати махсуси рақами 2, ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба нафарони дорои синдроми Даун касбу ҳунар ёд медиҳам. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ бо дурандешӣ касбомӯзии ин қишри ҷомеаро ҳатмӣ донистааст.
Шахсе, ки ду - се ҳунарро соҳиб аст метавонад бо дастони худ муъҷиза офарад. Зеро, ки шахси соҳибҳунар ба шуғли дӯстдоштаи худ дилбастагӣ пайдо карда, то охири умр саргарми он мешавад. Ишқу алоқааш ба ҳунар ӯро аз шикастҳои шадиди рӯҳӣ эмин медорад. Шоир ҳам навишта: «Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ!».
Гирифторони бемории рӯҳӣ, агар мазмуни ҳаёташонро дар кор ёбанд ва ба қавли мардум, бо кор овора шаванд, ҳам ба дигарон суд меоранд ва ҳам ба худ зиён намерасонанд. Аммо кор бо онҳо осон нест. Баъзан дашном медиҳанд, ин ё он ашёро ба тарафатон ҳаво медиҳанд, гиря мекунанд, баланд механданд, меранҷанд…ва хулоса рӯҳан ба омӯзгор низ зарба мезананд. Аз ҷумла, хоҳиш мекардам, ки дар назди чунин муассисаҳо омӯзгор - психолог низ фаъолият барад. Зеро дар баробари педагогҳои ботаҷрибаву ҳаётдида, ниёз ба равоншинос низ дорем.
Барои ҳамин, ба сабру таҳаммули омӯзгорони чунин муассисаҳо аҳсантҳо мегӯям. Ҳамчунин, ба падару модароне, ки фарзандонашон гирифтори бемории Даун ҳастанду онҳоро ба муассисаҳои махсус насупурда, худашон ба нигоҳубин машғуланд, офарин мегӯем.
Дар баробари ин, аз онҳо хоҳиш мекардем, ки фарзандони худро, ки синдроми Даун доранд, аммо рӯҳан солиманд, ба ин ё он кори муфид фаро гиранд. Зеро кор на танҳо беморонро, балки шахсони тансиҳатро низ аз бемориҳо дур месозад.
Сабзаҷон ДАВЛАТБЕКОВА,
омӯзгори мактаб - интернати махсуси таҳсилоти № 2, ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2019 №: 248 Мутолиа карданд: 515