logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми хазинадорӣ  ва тартиби фаъолияти мақомоти хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти хазинадорӣ – фаъолияти молиявии давлатие, ки дар ҷараёни он ҳамоҳангсозии идоракунии хазинавии иҷрои буҷети давлатӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, таъмини пардохтпазирии буҷети давлатӣ, хизматрасонии қарзи давлатӣ, векселҳои давлатӣ ва пасандозҳои буҷети давлатӣ, идоракунии суратҳисобҳои хазинадорӣ, ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида ва таҳияи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ амалӣ мегардад;
- суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ – суратҳисоби муросилотии хазинадории дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда барои бо пули миллӣ анҷом додани амалиёт аз рӯи даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ;
- суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисоби кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои маҳаллии хазинадорӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии буҷетҳои маҳаллӣ;
- суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисоби кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои махсуси хазинадории маҳаллӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои хизматрасонии маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷети маҳаллӣ;
- суратҳисобҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ барои маблағгузории маблағҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ дар давраи иҷрои вазифаҳои муайян;
- суратҳисобҳои андозҳои танзимшаванда – суратҳисобҳои дар хазинадории марказӣ кушодашуда барои тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- суратҳисобҳои асъории хазинадорӣ – суратҳисобҳое, ки аз ҷониби мақоми марказии хазинадорӣ дар бонкҳои ваколатдор барои анҷом додани амалиёти буҷети давлатӣ бо асъор кушода шудаанд;
- суратҳисобҳои буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ – суратҳисобҳои кушодашуда дар хазинадории марказӣ ё ташкилотҳои қарзӣ барои хизматрасонии амалиёти бонкии фондҳои мақсадноки давлатӣ;
- хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет – анҷомдиҳӣ ва баҳисобгирии амалиётҳо оид ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ;
- нақшаи хазинавӣ – дурнамои воридоти хазинавӣ ба буҷет ва пардохтҳои хазинавӣ аз буҷет;
- уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ – уҳдадории ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ки дар натиҷаи ба имзо расонидани шартномаву қарордодҳо бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоянд; 
- ҳуҷҷати пардохти электронӣ – ҳуҷҷат барои анҷом додани амалиёт бо суратҳисобҳои хазинадорӣ бо истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳуҷҷатҳои пардохтӣ дар ҳомили коғазии аз ҷониби шахсони ваколатдор имзошуда ва бо муҳр тасдиқгардида эътибори баробари ҳуқуқӣ дорад;
- иттиҳоди телекоммуникатсияҳои (алоқаи) умумиҷаҳонии молиявии байнибонкӣ (SWIFT) – низоми байналмилалии пардохтҳои байнибонкӣ ва интиқоли иттилоот;
- маблағҳои махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ – маблағҳои дар натиҷаи иҷрои кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти дигари манъ накардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бадастовардаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба ғайр аз маблағҳои аз буҷет ҷудогардида;
- бақияи озоди маблағҳои буҷетӣ – бақияи маблағҳои буҷетӣ дар аввали соли молиявии дахлдор, ба истиснои маблағи нақди гардони хазинавии то охири соли молиявӣ муқарраргардида;
- маблағи нақди гардони хазинавӣ – маблағи захиравии ҳангоми тасдиқи буҷет муқарраргардида, ки барои пӯшонидани тафовути муваққатии хазинавӣ пешбинӣ шудааст;
- тафовути муваққатии хазинавӣ –  нокифоягии муваққатии маблағҳои зарурӣ барои маблағгузории хароҷоти навбатии буҷет;    
 - маблағҳои муваққатан озоди буҷетӣ – маблағҳои буҷетӣ дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, ки дар давраи муайян истифода бурда намешаванд;
- маъмурони даромади буҷет – мақомоти давлатие, ки назоратро оид ба дуруст ҳисоб намудан, пардохти саривақтӣ, ситонидан ва қабули қарор оид ба баргардонидани маблағи барзиёд ё саҳван воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшонидани қарз дар назди буҷет, инчунин воридоти маблағҳо аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, пеня ва ҳамчунин ҷуброни зарари молиявии дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ ба давлат расондашударо амалӣ менамоянд;
- баҳисобгирии буҷетӣ – низоми ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва ҷамъбасти маълумот бо ифодаи пулӣ оид ба вазъи дороии молиявию ғайримолиявӣ ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин амалиёте, ки дороиву уҳдадориҳои мазкурро тағйир медиҳанд;
- ҳисоботи буҷетӣ – ҳисобот оид ба иҷрои буҷет аз рӯи даромад, хароҷот ва сарчашмаҳои пӯшонидани касри буҷет мутобиқи гурӯҳбандии даромаду хароҷоти буҷетӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хазинадорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
БОБИ 2. МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ, НИЗОМ, ВАКОЛАТ, ВАЗИФА ВА ҲУҚУҚҲОИ ОНҲО 
Моддаи 3. Мақомоти хазинадорӣ
Мақоми ваколатдори давлатии хазинадорӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия (минбаъд –  мақоми марказии хазинадорӣ) ва мақомоти маҳаллии он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд – мақомоти маҳаллии хазинадорӣ) ба ҳисоб рафта, иҷрои хазинавии буҷетҳои сатҳҳои дахлдори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин ва амалиёти суратҳисоби ягонаи хазинадориро идора менамоянд.
Моддаи 4. Низоми хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Низоми хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми марказии хазинадорӣ ва мақомоти маҳаллии хазинадорӣ иборат мебошад.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақомоти хазинадорӣ
Мақомоти хазинадорӣ дорои чунин ваколатҳо мебошанд:
- таъмини идоракунии самараноки маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла бо дарназардошти татбиқи тадбирҳо оид ба хизматрасонӣ ва пӯшонидани қарзҳои дохилӣ ва берунии давлатӣ;
- идоракунии суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои дигар оид ба иҷрои буҷет; 
- кушодан ва бастани суратҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзӣ;
- баргардонидани маблағи саҳван, барзиёд пардохтшуда ва барзиёд ситонидашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба мақоми давлатии дахлдор оид ба бартараф намудани камбудиҳое, ки ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар раванди иҷрои хазинавии буҷет, аз ҷумла ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ ошкор карда шудаанд;
- таъмини робитаҳои электронӣ-коммуникатсионӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади самаранок идора намудани маблағҳои буҷети давлатӣ;
- иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро мунтазам назорат менамоянд;
- таҳияи маводи методологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои хазинадорӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои буҷети давлатӣ.
Моддаи 6. Вазифаҳои мақомоти хазинадорӣ
Мақомоти хазинадорӣ тибқи ваколатҳои муқарраргардида вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
- даромади буҷети давлатиро ба ҳисоб мегиранд;
- маблағҳои махсуси вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб гирифта, хизматрасонии амалиёти даромад ва хароҷоти онҳоро анҷом медиҳад;
- маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро амалӣ менамоянд; 
- интиқоли трансфертҳои байнибуҷетӣ (кумаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), ҳисоббаробаркунӣ, қарзҳои буҷетӣ) дар байни сатҳҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд;
- маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба мақоми ваколатдори марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ вобаста менамоянд;
- уҳдадориҳои шартномавии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро ба ҳисоб гирифта, мониторинги иҷрои онҳоро мегузаронанд;
- нақшаи хазинавии иҷрои буҷетро таҳия менамоянд;
- дар асоси ҳисоботҳои буҷетӣ ва молиявии аз ҷониби тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ, мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ пешниҳодгардида, ҳисоботи даврии буҷетӣ ва молиявиро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ тартиб медиҳанд;
- оид ба иҷрои даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳисоботи даврӣ таҳия намуда, бо маъмурони даромадҳои буҷет оид ба воридоти даромадҳо ба буҷети давлатӣ санадҳои муқоисавӣ тартиб медиҳанд;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона таҳия намуда, дар муҳлати муқарраршуда дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
- низоми автоматонидашудаи иҷрои хазинавии буҷети давлатиро мунтазам такмил медиҳанд;
- интиқоли электронии маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути низоми пардохтҳои электронӣ таъмин менамоянд;
- вазифаҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молияи давлатӣ муқаррар намудааст. 
Моддаи 7. Ҳуқуқҳои мақомоти хазинадорӣ
Мақомоти хазинадорӣ ҳуқуқ доранд:
- аз вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, новобаста ба намуди фаъолияташон, ки маблағҳои буҷетиро истифода мебаранд, оид ба истифодаи мақсадноки ин маблағҳо маълумот талаб намоянд;
- аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» пешниҳоди маълумотро дар ҳомили электронӣ, ки ҷиҳати омӯзиш ва ҳалли маблағгузорӣ заруранд, талаб намоянд;
- аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар низоми иттилоотӣ ҳуҷҷатҳои пардохтии электрониро қабул карда, дар асоси онҳо маблағгузориро таъмин намоянд; 
- дар сурати ба вуҷуд омадани тафовути муваққатии хазинавӣ маблағи нақди гардони хазинавиро истифода намоянд; 
- ҳуҷҷатҳоеро, ки ба меъёрҳо ва талаботи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия мутобиқ нестанд, барои маблағгузорӣ қабул накунанд;
- оид ба қатъ намудани маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя нашудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қарорҳои дахлдор қабул намоянд;
- дар сурати аз тарафи мақомоти маҳаллии молия барнагардондани қарзҳои буҷетӣ, маблағҳои саҳван воридгардидаи сатҳҳои дигари буҷетӣ, иҷро накардани уҳдадориҳо вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои байнибуҷетӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳо аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ, ҳиссаҷудокунӣ ба фондҳо ва захираҳои мақсаднок, бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ аз суратҳисоби онҳо маблағҳои мазкурро гиранд ё онҳоро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои буҷети дахлдор пешбинигардида боздошт намоянд;
- бо мақсади ҷалб намудани даромади иловагӣ бақияи озоди маблағҳои суратҳисоби ягонаи хазинадориро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар суратҳисобҳои депозитии ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ оид ба воридоти саривақтии даромади буҷети давлатӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ маълумот дархост намоянд;
- дар хусуси гузаронидани санҷиши ташкилотҳои қарзӣ оид ба сари вақт ва ба таври дахлдор интиқол намудани даромади буҷети давлатӣ ба суратҳисобҳои хазинадорӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд;
- аз тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии молия ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ барои таҳия намудани ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ оид ба иҷрои буҷет маълумоти зарурӣ гиранд;
- дастурамалҳо, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намоянд;
- амалӣ кардани ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
 
БОБИ 3. АСОСҲОИ ТАШКИЛИ ИҶРОИ БУҶЕТ АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ
Моддаи 8. Ташкили корҳо оид ба иҷрои буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ 
1. Иҷрои буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар асоси нақшаи тасдиқгардида, нақшаи хазинавӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги иҷрои уҳдадориҳои буҷетӣ, таҳияи ҳисоботи муттаҳидгардондашуда ва молиявӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. 
2. Хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ анҷом дода мешавад. 
Моддаи 9. Асосҳои хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет 
Ҳангоми хизматрасонии хазинавии иҷрои буҷет:
- баҳисобгирии амалиёти маблағҳои буҷетӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ анҷом дода мешавад;
- пардохтҳои хазинавии буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар асоси супоришномаҳои пулии электронии пешниҳодшуда дар доираи бақияи мавҷудаи маблағ дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ба воситаи низоми пардохти электронӣ амалӣ мегардад;
- тамоми амалиёт оид ба воридоти хазинавӣ ба буҷет ва пардохтҳои хазинавӣ аз буҷет аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ аз рӯи рамзҳои гурӯҳбандии буҷетӣ дар низоми иттилоотӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 10. Нақшаи хазинавӣ 
1. Нақшаи хазинавӣ бо мақсади самаранок идора намудани амалиёти суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ барои соли молиявии дахлдор бо тақсимот аз рӯи моҳҳо таҳия карда мешавад.
2. Нақшаи хазинавии буҷети давлатӣ дурнамои воридоти хазинавиро ба буҷет ва пардохтҳои хазинавиро аз буҷет дар соли молиявии дахлдор пешбинӣ менамояд.
Моддаи 11. Баҳисобгирии уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда
1. Уҳдадориҳои шартномавии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар доираи маблағҳои сметаи хароҷот барои соли молиявии дахлдор бо роҳи ба имзо расондани шартномаҳо ва қарордодҳо бо шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ қабул карда мешаванд.
2. Маълумот оид ба ҳамаи шартномаҳо ва қарордодҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба низоми иттилоотии иҷрои буҷет ворид карда шуда, ба ҳисоб гирифта мешавад ва танҳо пас аз бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад. 
Моддаи 12. Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван ба буҷет воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшондани қарз дар назди буҷет 
1. Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван ба буҷет воридшудаи даромад ё ҳисоб намудани он барои пӯшондани қарз дар назди буҷет аз рӯи рамзҳои гурӯҳбандии буҷетӣ аз ҷониби мақомоти хазинадорӣ дар асоси хулосаи маъмурони даромади буҷет анҷом дода мешавад. 
2. Маблағи ба буҷет саҳван воридшуда, ки ба даромади буҷет тааллуқ надорад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда баргардонда мешавад.
3. Баргардондани маблағи барзиёд ё саҳван воридшудаи солҳои гузашта аз ҳисоби даромади соли ҷории молиявӣ амалӣ карда мешавад. 
 
БОБИ 4. СУРАТҲИСОБИ ЯГОНАИ ХАЗИНАДОРӢ, 
МЕХАНИЗМИ БОНКИИ ХАЗИНАДОРӢ ВА ҶОЙГИРОНИИ МАБЛАҒҲОИ ОЗОДИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ҲАМЧУН ПАСАНДОЗ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ 
Моддаи 13. Суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ 
1. Суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ суратҳисобҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, суратҳисобҳои маблағҳои махсуси буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, суратҳисобҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин суратҳисобҳои дигарро, ки дар дохили ин суратҳисоби муросилотӣ кушода мешаванд, дар бар мегирад.
2.  Мақомоти хазинадорӣ дорои чунин суратҳисобҳо мебошанд:
- суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои маҳаллии хазинадорӣ;
- суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои махсуси хазинадории маҳаллӣ;
- суратҳисобҳои мақсадноки буҷети ҷумҳуриявӣ;
- суратҳисобҳои андозҳои танзимшаванда;
- суратҳисобҳои асъории хазинадорӣ.
3. Амалиёт бо асъори хориҷӣ, мубодилаи асъор, баҳисобгирии он аз ҷониби мақоми хазинадорӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисобҳои асъории хазинадорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4. Амалиёти суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ба воситаи низоми ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути ҳуҷҷати пардохти электронӣ анҷом дода мешавад.
5. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳуқуқ надоранд бе мувофиқаи мақомоти хазинадорӣ дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисобҳои бонкӣ кушоянд.
Моддаи 14. Механизми бонкии хазинадорӣ
1. Мақомоти хазинадорӣ интиқоли электронии маблағҳои буҷети давлатиро таъмин карда, иқтибоси ҳамарӯзаи суратҳисобҳоро бо нишон додани амалиёти анҷомдодашуда вобаста ба гардиши маблағҳо ва бақияи онҳо тартиб медиҳанд. 
2. Тамоми даромадҳои буҷети давлатӣ ба суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ворид гардида, аз ҳамин суратҳисоб хароҷот карда мешаванд.
3. Мақомоти хазинадорӣ уҳдадоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор тақсими андозҳои танзимшавандаро байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) аз рӯи меъёрҳои тасдиқгардида амалӣ намоянд.  
4. Ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд андозҳои танзимшавандаро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор танҳо ба суратҳисобҳои андозҳои танзимшаванда интиқол намоянд.
5. Маблағгузории вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ба воситаи низоми пардохти электронӣ амалӣ карда мешавад. 
6. Ташкилотҳои қарзӣ бе розигии мақомоти хазинадорӣ ҳуқуқи аз суратҳисобҳои хазинадорӣ баровардани маблағҳои буҷетӣ ва анҷом додани амалиёти дигарро надоранд.
7. Бе воридшавии маблағҳо ба суратҳисобҳои хазинадории маблағҳои махсуси буҷети давлатӣ хароҷот аз ин суратҳисобҳо манъ аст.
8. Бо мақсади таъмини саривақтии пардохтҳои асъории буҷети давлатӣ мақоми марказии хазинадорӣ ҳуқуқ дорад ба иттиҳоди телекоммуникатсияҳои (алоқаи) умумиҷаҳонии молиявии байнибонкӣ (SWIFT) пайваст шавад.
Моддаи 15. Ҷойгиронии маблағҳои озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ
1. Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет мақомоти хазинадорӣ метавонанд маблағҳои озоди буҷети давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намоянд.
2. Ҷойгиронии маблағҳои муваққатан озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ дар доираи бақияи маблағҳои озоди суратҳисобҳои хазинадорӣ амалӣ карда мешавад. 
3. Тартиб ва механизми ҷойгиронии маблағҳои озод ва муваққатан озоди буҷети давлатӣ ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. 
 
БОБИ 5. МУНОСИБАТҲО БАЙНИ МАҚОМОТИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ХАЗИНАДОРӢ, МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ БО ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО, ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ  ВА МАҚОМОТИ ИДОРАКУНИИ ФОНДҲОИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТӢ, УҲДАДОРИҲОИ ГИРАНДАГОНИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ
Моддаи 16. Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ 
1. Муносибатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ ба муносибатҳои байнибуҷетӣ асос ёфта, аз тақсим намудани даромадҳои танзимшаванда мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида байни сатҳҳои буҷет, интиқоли трансфертҳои дорои хусусияти умумӣ дар байни сатҳҳои гуногуни идоракунии давлатӣ (мусоидати молиявӣ (субвенсия), маблағҳои ҳисоббаробаркунӣ байни буҷетҳо ва қарзҳои буҷетӣ), ҷамъоварӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ иборат мебошад.
2. Мақоми марказии хазинадорӣ дар ҳолати пайдо шудани қарздорӣ аз рӯи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет дар мақомоти маҳаллии хазинадорӣ, ба ин мақомот барои боздоштани хароҷот, ба ғайр аз моддаҳои зикршуда, супориш медиҳад.
3. Мақомоти марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ уҳдадоранд андоз ва даромадҳои саҳван воридшударо дар муҳлати даҳ рӯзи корӣ ба суратҳисоби буҷети дахлдор интиқол диҳанд.
4. Мақоми маҳаллии хазинадорӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи даврӣ ва муттаҳидкардашудаи молиявӣ ва буҷетиро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия пешниҳод менамояд. 
Моддаи 17. Муносибатҳои мақомоти хазинадорӣ бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ 
1. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ уҳдадоранд талаботи мақомоти хазинадориро оид ба пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани маблағгузорӣ тавассути низоми идоракунии молияи давлатӣ заруранд, иҷро намоянд. 
2. Дар ҳолати иваз шудани роҳбарон ва сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ роҳбарони нави онҳо уҳдадоранд дар ин хусус мақомоти хазинадориро дар муҳлати на зиёдтар аз панҷ рӯзи тақвимӣ ба таври хаттӣ хабардор намоянд.
3. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ уҳдадоранд воридоти даромадҳоро ба суратҳисоби хазинадории маблағҳои махсуси буҷети давлатӣ таъмин намоянд.
Моддаи 18. Муносибатҳои мақомоти хазинадорӣ ва мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ 
1. Мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ метавонанд аз хизматрасонии бонкии мақомоти хазинадорӣ истифода намоянд.
2. Мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи даврӣ ва муттаҳидкардашудаи молиявӣ ва буҷетиро пешниҳод менамоянд.
Моддаи 19. Уҳдадориҳои гирандагони маблағҳои буҷетӣ
1. Гирандагони маблағҳои буҷетӣ уҳдадоранд:
- ба мақомоти хазинадорӣ сари вақт ҳуҷҷат ва маълумоти заруриро барои тартиб додани нақшаи хазинавӣ дар шакли электронӣ пешниҳод намоянд;
- дархост ва ҳуҷҷатҳоеро, ки асоснокии маблағгузории буҷетиро тасдиқ менамоянд, ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ бо имзои электронии рақамӣ пешниҳод намуда, дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд;
- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин намоянд;
- ҳангоми анҷом додани хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- ба пайдоиши қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ роҳ надиҳанд;
- ҳисоботи буҷетӣ ва молиявиро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ, бо имзои рақамии электронӣ имзошуда пешниҳод намуда, дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳисоботи буҷетӣ ва молиявии даврӣ ва солона бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро пешниҳод намоянд.
2. Барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои боқимондаи нақдӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ роҳбарон, сармуҳосибон ва шахсони дигари аз ҷиҳати моддӣ масъул ҷавобгар мебошанд. Ҳангоми ошкор гардидани чунин далелҳо сметаҳои хароҷоти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар соли молиявии дахлдор ба маблағи ғайримақсаднок истифодабурдашудаи маблағҳои буҷетӣ кам карда мешавад.
3. Роҳбарону сармуҳосибони гирандагони маблағҳои буҷетӣ барои ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, инчунин нодуруст ба мақомоти хазинадорӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо, маълумот ва ҳисоботҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ҷавобгар мебошанд.
4. Роҳбарону сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ки бо супоришномаҳои пулии дорои рамзи «махфӣ» маблағгузорӣ мешаванд, барои истифодаи ғайрисамаранок ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ шахсан ҷавобгар мебошанд.
5. Дар ҳолати нодуруст пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», пардохти қарзҳои кредитории беасос, ки боиси истифодабарии ғайрисамаранок ва ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ мегарданд, роҳбарон ва сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ шахсан ҷавобгар мебошанд.
6. Роҳбарону сармуҳосибони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ барои ба низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ пурра ва саҳеҳ ворид намудани рақамҳо, маълумот ва тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағгузорӣ бо истифодаи имзоҳои рақамии электронӣ шахсан ҷавобгар мебошанд. 
7. Ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ҳамчун асоснокӣ барои амалӣ намудани маблағгузорӣ муайян гардидаанд, аз ҷумла протокол ва қарордодҳои тендерӣ, шартномаҳои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳисоб-фактураҳои андоз, борхатҳо, санадҳои корҳои иҷрошуда ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи маблағгузорӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ тибқи муҳлати барои онҳо муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шакли электронӣ ва коғазӣ нигоҳ дошта мешаванд.
 
БОБИ 6. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ 
ОИД БА ИҶРОИ БУҶЕТ
Моддаи 20. Асосҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба иҷрои буҷет 
1. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ҳисоботи буҷетӣ, молиявӣ, замимаҳо ба ҳисоботи молиявӣ ва тавзеҳномаро дар бар мегирад.
2. Тавзеҳнома аз таҳлили иҷрои буҷет, маълумот оид ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, натиҷаҳои бадастомада аз истифодаи маблағҳои буҷетӣ дар соли ҳисоботии молиявӣ иборат мебошад.
3. Дар тавзеҳнома маълумот тибқи принсипҳои асосӣ ва сиёсати таҳияи ҳисобот дар асоси стандартҳои ҳисоботи молиявӣ дарҷ карда мешаванд.
4. Ҳисоботи буҷетӣ маълумотро оид ба иҷрои буҷет аз рӯи даромад ва хароҷоти гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи воқеии касри буҷет ва сарчашмаҳои маблағгузории он дар асоси Роҳнамои омори молияи давлатии аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор омодашуда, инчунин иттилооти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.
5. Ҳисоботи молиявӣ аз ҳисоботи зерин иборат аст:
- ҳисобот оид ба ҳолати молиявӣ;
- ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ; 
- ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ;
- ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя. 
6. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботи буҷетӣ дар асоси методологияи ягонаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия мутобиқи стандартҳои ҳисоботдиҳии молиявии миллӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳии молиявӣ амалӣ карда мешаванд.
7. Баҳисобгирии буҷетӣ мутобиқи нақшаи ягонаи ҳисобҳо, ки гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад.
8. Шаклҳои ҳисоботдиҳии молиявию буҷетӣ ва тартиби таҳияи ҳисоботҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муқаррар карда мешаванд. 
Моддаи 21. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибавии хазинадорӣ ва ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ
1. Маълумоти хазинадорӣ дар шакли иқтибосҳои бонкӣ ҳамчун маълумоти ягона ва аслӣ эътироф гардида, дар асоси он вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҳисоботи зарурӣ ва тавозунӣ таҳия менамоянд. 
2. Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ уҳдадоранд, ки мувофиқи шаклҳои ҳисоботии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дар бораи иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ дар шакли электронӣ ва коғазӣ ҳисоботи даврӣ (моҳона, семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона) пешниҳод намоянд. 
3. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ба мақомоти хазинадорӣ дар шакли электронӣ ва ё коғазӣ ҳисоботи даврӣ месупоранд. Дар ҳолати сари вақт насупоридани ҳисобот мақомоти  хазинадорӣ ҳуқуқ доранд роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетиро хабардор намуда, то супоридани ҳисобот маблағгузориро, ба истиснои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет боз доранд.  
4. Мақоми хазинадорӣ даромад ва хароҷоти буҷети давлатиро ба ҳисоб гирифта, баъди анҷом ёфтани соли молиявии дахлдор дар бораи иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаро тартиб медиҳад.
5. Қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ оид ба иҷрои буҷети давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Таҳияи ҳисоботи молиявӣ ва буҷетӣ
1. Тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ ва маъмурони даромадҳои буҷет ҳисоботи муттаҳидкардашудаи буҷетӣ ва молиявиро дар асоси ҳисоботҳои ташкилотҳои зертобеъ таҳия намуда, ба мақомоти хазинадорӣ дар муҳлатҳои муқарраргардидаи қонунгузорӣ дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод менамоянд.
2. Мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи муттаҳидкардашудаи буҷетӣ ва молиявиро дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод менамоянд.
3. Мақомоти идоракунии фондҳои мақсадноки давлатӣ ба мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи буҷетиро оид ба иҷрои буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ дар шакли электронӣ ё коғазӣ пешниҳод менамоянд.
4. Мақоми марказии хазинадорӣ ҳисоботи ҷамъбастии буҷетӣ ва молиявиро оид ба иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси ҳисоботи муттаҳидкардашудаи буҷетӣ ва молиявии тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, мақомоти маҳаллии хазинадорӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ дар шакли электронӣ ва коғазӣ тартиб медиҳанд.
 
БОБИ 7. НАЗОРАТ ВА АУДИТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ХАЗИНАДОРӢ
Моддаи 23. Назорат ва аудити фаъолияти мақомоти хазинадорӣ
Назорат ва аудити фаъолияти мақомоти хазинадорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 8. ТАЛАБОТ ОИД БА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
Моддаи 24. Талабот оид ба ҳифзи иттилоот 
Иттилоот оид ба амалиёти бонкии хазинадорӣ дар низоми иттилоотии хазинадорӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
 
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 26. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» аз 18 июни соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №6, мод. 454) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1674
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2008, № 929 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 4, мод. 318) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2019, № 1452  
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе,  25 декабри соли 2019, № 734

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 90

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед