logo

маориф

МАТЕМАТИКОНИ КЛАССИКИ МО. КАЙ БА ПОЯИ ОНҲО МЕРАСЕМ?

Ниёгони мо ба илмҳои дақиқ, ба монанди математика, физика, ситорашиносӣ, геометрия, хуб ошноӣ доштанд. Умуман, шаҳрдории беназири тоҷикон бе рушди ин илмҳо ғайримумкин буд. Имрӯз он пояҳои илмӣ суст шудааст, аз ин хотир Пешвои миллат ҳамеша тавсеа бахшидани омӯзиши фанҳои дақиқро таъкид мекунанд. 
 
Бахусус, ба мафҳуми касрҳо дар илми математика ниёгони мо мароқи бештар зоҳир мекарданд. Одамон бо касрҳо аз замонҳои қадим шинос буданд. Ситсерон, ки дар солҳои 150 - 44 то милод зиндагӣ кардааст, бе донистани касрҳо донандаи математика шудани касро ғайриимкон медонист. Бори аввал дар китоби Ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ «Ҳисоб-ул-Ҳинд» дар баробари масъалаҳои зиёди математикӣ, ҳамчунин,  доир ба касрҳо низ маълумот дода шудааст. Ин китоб соли 825 ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, асрҳои зиёд ҳамчун маъхази нодири илмӣ хизмат кард. Дар ин китоб масъалаҳои касрӣ ва амалҳо бо онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Таъсири ин китоб ба риёзидонҳои минбаъда, аз қабили Қӯшёри Гелонӣ, Абулҳасани Насивӣ, Умари Хайём, Ҷамшеди Кошӣ (Кошонӣ), хеле калон будааст.   
«Ҳисоб-ул-Ҳинд» дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, ба инкишофи математика дар Аврупо такони ҷиддӣ бахшид. Аҳмад ал-Балхӣ (асрҳои XI-XII) қисми дуюми «Китоби муфид» - ашро ба омӯзиши касрҳои одӣ пешкаш кардааст. Рисолаи дигарро Маҳмуд ибни ал-Вусудӣ (асрҳои XII - XIII) бо номи «Лубоб-ал-ҳисоб» таҳия намудааст. Он аз ду китоб иборат буда, китоби якум аз ду қисм таркиб ёфтааст. Дар қисми дуюми китоби якум касрҳои одӣ иншо шудаанд. Аввал сухан дар бораи зарурати донистани касрҳо меравад, махсусан касрҳое, ки дар муайян кардани ҳиссаҳои хурдтарин истифода бурда мешаванд. Касрҳои махраҷашон якхела, махраҷашон гуногун ва амалҳо бо онҳо омӯхта мешаванд. Дар ин китоб зарбу тақсим 1) каср ба каср; 2) каср бо адади бутун; 3) каср бо адади омехта; 4) адади бутун бо касри омехта; 5) адади омехта бо адади омехта мукаммал тасвир шудааст. Гузаштагони мо, ба мисли Насавӣ, Мӯсоал Хоразмӣ (асрҳои IX-X), Ғиёсиддин Абулфатҳ, Хайём, оид ба касрҳои одӣ маълумоти пурра доштаанд. 
Абутоҳир Муҳаммад ибни Маҳмуд Саҷовандӣ яке аз олимони машҳури асрҳои XII- XIII дар Осиёи Миёна буд, ки китоби «Фароизи Саҷованд» (қоидаи васика) навиштааст. Ин китоб борҳо дар Калкута, Лондон, Қоҳира ва дигар ҷойҳо ба чоп расидааст. Баъдтар назарияи касрҳои адидаҳо асарҳои Ғиёсиддин Ҷамшед ал-Кошӣ (асрҳои XIV-XV), Аловаддин ибни Муҳаммад Алӣ Қӯшчӣ соли 1435 китоби «Рисолаи каср»-ро дар Самарқанд ба забони тоҷикӣ менависанд. 
Баъди кушта шудани шоҳи Темуриён Улуғбек, шогирди вай Алӣ Қӯшчӣ аввал ба Эрон, баъд ба Туркия меравад. Дар Туркия ба забони арабӣ китоби «Математика» - ро менависад, ки он дар асри XV барои мадрасаҳои Шарқи Миёнаву Наздик китоби дарсӣ буд. Аз он ки китобҳои беҳтарини математикӣ на танҳо барои мадрасаҳои асрҳои IX - XIX, балки барои ҷаҳониён аз тарафи гузаштагони мо иншо шудааст, ифтихор мекунем ва дар баробари ин, аз насли наврас мехоҳем, ки дар партави корҳои ниёгон ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Ҳидоятҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар робита ба тақвит бахшидани омӯзиши фанҳои табиӣ ва дақиқ амалӣ гардонанд.
Эмом БОБОЕВ,
омӯзгори фанни математикаи МТМУ № 57, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2020    №: 14    Мутолиа карданд: 282

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед