logo

иҷтимоиёт

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД ШУД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарӣ гирифта, дар соли 2019 баҳри рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои муайянеро ба сомон расонд.

Нақшаи даромади буҷети ноҳия ба андозаи 104 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 12 миллиону 721,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз ё 1 миллиону 942,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 6364,3 тонна орд, 557,8 тонна маҳсулоти нонӣ, 34,2 тонна равғани рустанӣ, 156,9 тонна гӯшт, 179,6 ҳазор дона хишти сементӣ, 687 метри мураббаъ симтӯр ва ба маблағи 486,2 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол карда шуд.  Аз ҳисоби  ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар - ба маблағи 41 миллиону 752 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонда шуданд.
Ба маблағи 35 миллиону 843 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, 6228 метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт. Айни замон сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи Шибанайи деҳоти ба номи Бобоюнус, деҳаи Қазоқи деҳоти ба номи Сайф Раҳимов ва шаҳраки Совет,  инчунин, сохтмони бинои коллеҷи тиббӣ дар деҳоти Кангурт, аз ҳисоби маблағгузории бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони меҳмонхона, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, мебелбарорӣ, бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ ва ду иншооти баландошёнаи хизматрасонӣ идома дорад. Дар ноҳия 6 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ - навсозии 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот ба маблағи 1 миллион, таъмири бинои таваллудхонаи марказӣ ба маблағи 740 ҳазор, барқарор намудани насосҳои обкашӣ дар деҳаи Ҷайралӣ ба маблағи 600 ҳазор ва деҳоти ба номи Сайф Раҳимов ба маблағи 558 ҳазор сомонӣ  амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии то ин вақт азхудшудаи  лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 2 миллиону 484 ҳазору 670 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи лоиҳаи барқарорсозии оби нӯшокӣ барои сокинони деҳот ва беҳдошт бо КВДҶ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷониби соҳибкорзанони ноҳия 5 лоиҳа барои дарёфти гранти президентӣ ва маблағҳои грантии раиси вилояти Хатлон пешниҳод карда шуд. Аз ҳисоби соҳибкорон бошад, 4 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 920 сомонӣ ба муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» - и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба вусъати корҳои ободонӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми соҳибкорону ширкатҳои хусусӣ барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолию иҷтимоӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо гардондани симои шаҳраку деҳот ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамин аст, ки корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд. Давоми 3 соли оянда сохтмон, навсозӣ ва таъмири 270 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст. То 1 январи 2020 дар 110 иншоот корҳои таъмирию навсозӣ ва сохтмонӣ ба анҷом расида, дар 130 иншоот корҳо идома доранд. Дар ин муддат 59,75 километр роҳ таъмир гардид. Аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ роҳи байни деҳоти ба номи Сайф Раҳимов то деҳаи Хуррамшаҳри деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара дар масофаи 23 километр пурра мумфарш карда, ба истифода дода шуд. Дар назар аст, ки ба воситаи канал имсол аз нақби Данғара оби нӯшокӣ оварда мешавад. Соли сипаришуда аз ҷониби соҳибкорон дар маркази шаҳрак меҳмонхонаи ҳозиразамони дуошёна (ба маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ) сохта ба истифода дода шуд. Чароғон намудани 7 кӯча аз ҷониби кормандони хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, 59 симчӯб иваз карда шуд. Дар соҳили дарёи Сурхоб ба маблағи 1 миллиону 339 ҳазор сомонӣ корҳои мустаҳкамкунӣ ҷараён гирифтанд, аз ҷумла дар масофаи 1710 метр саддҳои муҳофизатӣ гузошта, 250 тахтасанги бетонӣ сохта шуд. Корҳо дар ин самт идома доранд. Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар ноҳия ба маблағи 67 миллиону 76 ҳазору 853 сомонӣ корҳои сохтмонию ободонӣ ба анҷом расонда шуданд.
Бовар дорем, ки заҳматкашони ноҳия дар пайи ғамхориҳои Сарвари давлат, дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша ба дастовардҳои аз ин ҳам беҳтар ноил гардида, Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.

Фотеҳ АМИНЗОДА,
раиси ноҳияи Темурмалик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2020    №: 21-22    Мутолиа карданд: 352
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед