иҷтимоиёт
ШИНОСОИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҶАРАЁНИ БУНЁДИ БОҒИ "ИСТИҚЛОЛИЯТ" ВА ВАРЗИШГОҲ
Дирӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар боғи «Истиқлолият», ки дар ҳудуди он маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» қомат хоҳад афрохт, шинос шуд. Лоиқи зикр аст, ки боғи мазкур муҳташамтарин иншооти ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.
Маҷмааи «Истиқлолият ва Озодӣ», ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, аз минбар, дарвозаҳои марказӣ ва шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат мебошад. Баландии муҷассамаи «Истиқлолият ва Озодӣ» 121 метр буда, баландии қисмҳои поёнӣ ва болоии он мутаносибан 30 ва 91 метрро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулонро муваззаф намуд, ки корҳои сохтмониро дар вақти муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Синои пойтахт бо рафти сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст шинос шуд. Масоҳати он 9, 05 гектарро дар бар гирифта, андозаи майдони футбол 105х68 метрро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, варзишгоҳ нимпӯшида буда, аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷойгиранд, иборат мебошад. Дар ҳудуди он мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ иншооти ёрирасон, аз қабили зеристгоҳи барқӣ, ҳавзи оташхомӯшкунӣ ва таваққуфгоҳ барои 2000 мошин, бунёд мешаванд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ — ҶСК «СТС Иншоот», ҶСП «ЗАБ» ва ҶДММ «Замин транс» ҷалб гардидаанд.
Ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳ низоми даромаду баромади тамошобинон, бехатарии варзишгоҳу варзишгарон ҳангоми баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо истифода аз шабакаҳои муҳандисии камшиддат ба роҳ монда мешавад.
Бо ин мақсад, масъулон ширкати маъруфи Қазоқистон «SKYMAX technoloqies»-ро, ки асосан таҷҳизоти муосири ширкати машҳури ҷаҳонии «Philips» (Нидерланд)-ро истифода мебарад, ҷалб намудаанд.
Рустами Эмомалӣ бинокоронро муваззаф сохт, ки корро дар мавсими гармо дар ду баст ба роҳ монда, тибқи нақшаи тарҳрезишуда, иншоотро соли 2021 бо сифати баланд ба истифода диҳанд.
АМИТ "Ховар"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2020 №: 23 Мутолиа карданд: 286