logo

сиёсат

ПАЁМ. БАЁНГАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ВА ИДЕЯҲОИ СОЗАНДА

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таҳаввулоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд. Паёмҳо ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ, мақсадҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии кишвар равона шуда, дар ҳалли мушкилоти гуногуни дохиливу берунии кишвар нақши муҳим доранд.

Имсол низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароите  ироа гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамоно печида боқӣ монда, густариши терроризми байналмилалӣ ба амнияти ҷомеаи кишварҳои олам таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, дар Паём на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки асоси онҳоро манфиатҳои геополитикӣ ташкил мекунанд, дарҷ гардиданд.
Президенти кишвар вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намоем. Албатта, ин таъкиди Пешвои муаззами миллат ба маврид мебошад, зеро ҷаҳони муосир бархӯрду мушкилоти пурпечутобе дорад, ки ҳар лаҳза ин бархӯрду муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорӯйи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Махсусан, рақобатҳои бузурги саҳнаи сиёсати байналмилалӣ амнияту оромӣ дар ҷаҳонро халалдор намуда,  як қатор хатару таҳдидҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ монеа эҷод менамоянд. Дар ин замина, танҳо кишварҳое ваҳдати худро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонанд, ки дар масири сиёсати дохиливу хориҷии худ самти дурустро интихоб намудаанд.
Паём ифодакунандаи чор ҳадафи стратегии мамлакат - баромадан аз  бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ буда, инчунин, самтҳои асосии сиёсати давлатдории миллӣ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва ҳимояи манфиатҳои миллиро муайян менамояд.
Меҳвари Паёми имсоларо идеяҳои ваҳдату худшиносӣ, худогоҳию  ҳушёрии сиёсӣ  чун рамзи созандагӣ ташкил медиҳанд. Пешвои миллат таърихи пурифтихори халқи тоҷикро  мактаби бузурги худшиносӣ номида, онро ҳамчун асос барои тарғибу ташвиқи ғояи ватандӯстӣ дар равандҳои глобализатсионӣ донистанд. Аз ҷумла, ба андешаи Сарвари давлат: “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардондааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.”
Ин таъкиду тавсияҳои Президенти мамлакат дар ҳолест, ки соли ҷорӣ раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистон оғоз мегардад. Албатта, мавқеи фаъол доштани шаҳравандони мамлакат дар чунин ҳамоишҳои сатҳи бузург барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми сиёсию байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Тавре, ки дар Паём омадааст: ”Минбаъд низ ба мақсади тавсеаи бештари робитаву ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳои шарик доир ба ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам ва расидан ба ҳадафҳои мутақобилан судманд, инчунин, таъмини манфиатҳои Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи байналмилалӣ талош хоҳем кард”.
Воқеан ҳам, Паём равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, дар амал татбиқ намудани муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати дохилию хориҷӣ хоҳад буд. Албатта, ба воқеият табдил ёфтани нақшаҳои бузурги дар Паём гузошташуда сатҳ ва сифати зиндагии мардуми Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Месазад, ин ҳуҷҷати баёнгари манфиатҳои миллиро на танҳо мавриди омӯзиш қарор диҳем, балки идеяҳои созандаи онро дар консепсияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва рисолаҳои илмӣ таҳлилу таҳқиқ намоем.

Фазилат САИДОВА,
ходими калони илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 736
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед