logo

порлумон

ДАНҒАРА. ИНТИХОБКУНАНДАГОН БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА РАЪЙ МЕДИҲАНД

То маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои башумор боқӣ монда, дар саросари кишвар корҳои омодагӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара № 36 омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ хеле назаррас аст.

Тавре Қурбоншо Абдуллоев, раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии  якмандатии интихоботии № 36, гуфт то имрӯз 59 участкаи интихоботӣ дар ноҳияи Данғара ва 16 участка дар шаҳри Норак барои овоздиҳӣ пурра омода мебошанд. Тибқи ҳисоботҳои пешакӣ шумораи раъйдиҳандагон 123 ҳазору 74 нафарро ташкил медиҳад.
Дар асоси талаботи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон таъсис дода шуда, шумораи интихобкунандагон, макони ҷойгиршавӣ ва ҳудуди онҳо муайян ва дар матбуоти маҳаллӣ ба нашр расиданд.
Аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳамаи участкаҳои интихоботӣ, бо қонунҳои конститутсионӣ, санадҳои дахлдор, маводи конселярӣ, буклету тақвиму варақаҳо, мусаввараю шиору овезаҳо ва дигар воситаҳои зарурӣ таъмин гардиданд.
Бино ба гуфтаи раис, бо дастури КМИР, мутобиқи талаботи қонунгузорӣ аз ҳисоби шахсони масъул ва обруманди вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, доир ба интихоботи дарпешистода, бо овоздиҳандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаанд. Ҳамчунин, аз тарафи намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва дониши ҳуқуқии аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ ду семинари омӯзишӣ доир гардид.
Аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии № 36 аз ҳизбҳои сиёсии кишвар 6 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олӣ номнавис гардидаанд.
- Бо боварӣ метавон гуфт, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар тамоми участкаҳои интихоботии ҳавзаи ҳудуди якмандатии интихоботии № 36 бо омодагии пурра ва дар доираи қонунҳои амалкунандаи конститутсионӣ ба таври шаффоф баргузор гардида, интихобкунандагон ба шахсони арзанда раъй хоҳанд дод. Зеро иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ баёнгари бетараф набудан дар тақдири минбаъдаи давлату миллат аст, - гуфт Қурбоншо Абдуллоев.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2020    №: 32    Мутолиа карданд: 242

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед