иҷтимоиёт
"БУНЁДИ САБЗ". ИҚДОМЕ, КИ САМАРОВАР ХОҲАД БУД
Алберто Коррея Мендес, директори Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазъ ва тарзи таъмини хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ғизои солим мароқ зоҳир кард.
Директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин созмон бо ду ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаи соли 2024 давом хоҳад кард. Дар соли 2019 Барномаи ғизои мактабӣ 52 ноҳияи Тоҷикистонро фаро гирифта, шумораи умумии баҳрабарони он 410 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳоло созмони мазкур мақсад дорад дар Тоҷикистон барномаи наверо бо номи «Бунёди сабз» роҳандозӣ намояд. Бо шурӯъ шудани Барномаи «Бунёди сабз», ки аслан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии батадриҷи ҷомеа бо оқибатҳои он сару кор дорад, боз чанд нақшаи нав роҳандозӣ мешавад. Амалисозии ин лоиҳаҳо аз соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар доираи он сохтмони гармхонаҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши усулҳои беҳтари хушк кардани мева, сохтани анборҳо барои маҳсулоти кишоварзӣ, озуқа ва ғайра дар назар дошта шудааст.
Зикр гардид, ки масъалаи дигаре, ки тайи чанд соли охир ҷомеаро нигарон кардааст, ин қадпастӣ ва камвазнии кӯдакон мебошад. Мутахассисони соҳаи тиб баъди омӯзиш ба ин хулоса омаданд, ки яке аз иллатҳои асосии ин омил норасоии ғизои солим ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Сол ба сол ба бозори ҷаҳонӣ ғизоҳои сунъӣ бештар ворид мешаванд, ки ба рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон халал ворид мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои истеҳсоли озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ шароити мусоид дорад.
Ёдгор Файзов раиси вилоят, таъкид кард, ки дар мамлакати мо дар назди ҳар як муассисаи таълимӣ имкони ташкили полиз барои парвариши сабзавоту зироат, бунёди боғу гармхона мавҷуд аст, фақат дар марҳилаи аввал муассисаҳои таҳсилоти умумиро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардан зарур меояд. Намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мулоқот бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз чанд гармхонаи ҳудуди шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи шаҳр дидан намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2020 №: 36 Мутолиа карданд: 263