logo

порлумон

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ МАРДУМРО ДАР ДУ ҲАВЗА БА ИНТИХОБОТ ФАРО МЕГИРАД

Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ корҳои омодагӣ муташаккилона идома доранд.

Шиору овезаҳои тарғиботиву даъваткунанда ва бозгӯи моҳияти интихобот дар рушди ҷомеа далолат аз кори босамари масъулони ҳавзаҳову участкаҳои интихоботӣ мебошад. Бо назардошти  шумораи зиёди аҳолӣ дар ҳудуди ноҳия ду ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ  - Бобоҷон Ғафуров № 14 ва Ӯрунхоҷаев № 15 ташкил шуда, ҳавзаи якум интихобкунандагонро аз шаҳри Бӯстон низ фаро мегирад.
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ӯрунхоҷаев № 15 - ум  204  ҳазору 692 нафар ҳуқуқи раъйдиҳӣ дорад, ки ба  рӯйхат ворид шудаанд. Аз ин шумора 3 ҳазору 971 нафар ба синни 18 расида, бори нахуст дар интихобот ширкат меварзанд.
- Ман аз он ифтихор дорам, ки дар чунин як маъракаи муҳими сиёсӣ маротибаи аввал иштирок хоҳам кард ва дар интихоби вакили арзанда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ раъйи ман нақш мебозад, -  мегӯяд Парвина Эргашева, сокини деҳоти Унҷии ноҳия, - ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар мамлакати мо  ҷиҳати ба таври демократӣ баргузор шудани интихобот заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.
- Пеш аз иштирок дар интихобот ҳоло ман бо барномаҳои қаблазинтихоботии номзадҳо аз наздик ошно мешаваму дар мулоқотҳо ширкат меварзам ва танҳо баъд аз он ба номзади арзанда раъй хоҳам дод, - мегӯяд донишҷӯ аз ҳамин ҷамоат Маҳфуза Сатторова. 
Дар суҳбат Абдурауф Муллобоев, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатии Ӯрунхоҷаев № 15 ва Хуршед Қосимӣ, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатии Бобоҷон Ғафуров  № 14, иброз доштанд, ки дар участкаҳои интихоботӣ ҳамаи шароитҳо муҳайё шуда, баҳри дастрасии саривақтии иттилоъ оид ба интихобот навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст.

Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2020    №: 37    Мутолиа карданд: 594
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед