logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ВУСЪАТИ АМАЛҲОИ ОБОДКОРӢ ДАР ТАГДАШТҲО

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода   иброз медорад, ки ноҳияи Дарвоз минтақаи гармтарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   мебошад, вале замини кишт кам дорад. Аз ин ҷост, ки   мардуми деҳнишин ба қадри ҳар порча замин ва қитъаҳои хурди боғҳо мерасанд. Ба гуфтаи раиси  ноҳия, дар канораҳои шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма подомони ағбаи Хобу Рубот, то соҳили  дарёи Хингоб ва мавзеи Равнов   қитъаҳои  хурди ҳамвору ноҳамвори бекорхобидаи киштбоб вуҷуд доранд.  Мардум ин ҷойҳоро тагдаштҳо меноманд ва ба қадри тавон солҳои пеш гандуми лалмӣ мекоштанду ҳосили хуб ҳам ба даст меоварданд, вале, асосан, ҳамчун чарогоҳ истифода мебурданд. 

Хушбахтона, дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар дар азхудкунии тагдаштҳо тадбирҳо андешида шуданд. Дар ин давра мавзеъҳои  киштбоби зиёдеро  тахту ҳамвор ва аз сангу хору хас тоза карда, ба  киштзор ва боғҳои мевадор табдил доданд. 
Дар тагдаштҳо ва мавзеъҳои партови Роғак, Ёгед, Паткуноб, Курговад, Ново, Марғзори Ҷорф, Сохинг, Лангаро, Мазор, Ҷавзодара ва дигар ҷойҳо иншооти обрасонӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ, ошхона, чойхона, меҳмонхона ва манзилҳои истиқоматӣ бунёд намудаанд. Деҳқонони деҳаҳои Зиғар ва Хостави Ҷамоати деҳоти Нулванд бо кормандони минтақаи илмӣ-таҷрибавии саҳроии  дашти Роғаки Институти биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоҳ Маҳрамов  парвариши меваҳои субтропикиро ба роҳ монданд.  Дар ин мавзеи  қариб 70 - гектара, ки дар асоси созишнома аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон обёрӣ  гардидааст, зиёда  аз 50 лимӯхона сохта шуд. Дар маҷмӯъ, дар тагдаштҳо ва заминҳои бекорхобида қариб 90 лимӯхона бунёд гашт ва ин амали шоистаи фоиданок  аз ҷониби деҳнишинон бо маром  идома дорад.
Бузургон гуфтаанд, ки ободӣ аз об аст ва то заҳмат накашӣ, санги сияҳ лаъл нагардад. Аз рӯи ин гуфтаҳо  сокини деҳаи Ҷорфи Ҷамоати деҳоти Вишхарв Ҳикмат Неъматов  ба ободкорӣ даст зада, нахуст  дар дашти Ново, ки қариб 60 гектар замини киштбоб дорад, аз буни кӯҳ тариқи лӯлаҳо об овард. Садҳо ниҳолҳои мевадор ва ороишӣ шинонд, ҳоло соҳиби боғи дилкушоест. Картошкаву сабзавот низ кишт намуда, бо заҳмати кашидаи  худ ва фарзандонаш ба дашти сӯхтаи Ново ҷон даровард. Аз ҳама муҳимаш,  маҷмаи хизматрасонии «Шоми Бадахшон»-ро бунёд кард. Аз ин муассисаи сарироҳӣ ронандагону мусофирон ва сайёҳони хориҷиву ватанӣ истифода мебаранд. 
Аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019-2021) ин соҳибкори ватандӯстро водор намудааст, ки аз дарёчаи Висхарв дар масофаи се километр иншооти обрасон сохта, дашти Новоро саросар обёрӣ намояд.  Ӯ бовар дорад, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади худро ба ҷо меорад.
Раиси ноҳияи Дарвоз  Саидбурҳон Абдураҳмонзода аз нақшаҳо ва барномаҳои таҳиягардидаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба рушди деҳот сухан ронда, иброз дошт, ки азхудкунӣ ва обёрии тагдаштҳо ва, пеш аз ҳама,  даштҳои  Ёвону Луч, ки аз 150 то 300 гектар майдони киштбоб доранд,   бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  кишвар идома меёбанд.  Дар кӯтоҳтарин фурсат Дарвози камзамин  ба  минтақаи серзамин табдил хоҳад ёфт.  
                                            
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи  ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2020    №: 38    Мутолиа карданд: 316
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед