иҷтимоиёт
СЕЖД. ДУРДАСТТАРИН ДЕҲАИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА ШУКУФО МЕШАВАД
Деҳаи Ҷавшангози деҳоти Сежд чун дигар гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат, мардумаш меҳнатдӯст, соҳиби иродаи қавӣ ва меҳмоннавоз мебошад. Сокинони ин макони зебо бо шукргузорӣ аз ободиву озодӣ ва осудагии Ватани маҳбуб, ки бо азму ирода ва кӯшишу талошҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз боз ҳам ободу зебо шуда истодааст, дастаҷамъона меҳнат менамоянд.
Ҷои таъкид аст, ки бо ба даст омадани соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати кишвар баҳри ободу бунёд намудани ноҳияи Роштқалъа иқдомҳои созанда андешида, онҳоро пайгирона амалӣ намуда истодаанд. Дурдастарин деҳоти ноҳия Сежд ба шумор меравад, ки ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ шароити зисту зиндагонии сокинони он дар сатҳи вазнин қарор дошт ва мардум аз набудани ҷойи кор, дар наздикӣ мавҷуд набудани муассисаҳои дурусти таълимию табобатии замонавӣ, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани баъзе табобатгоҳу таълимгоҳҳо, мавҷуд набудани мағозаҳои хӯрокворӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти муҳими ҳаётӣ ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ буданд.
Бо дастури Сарвари давлат ва маблағгузории Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои сокинон дар ноҳия, аз ҷумла деҳоти Сежд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ иншооти гуногуни ҳаётан муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Маҳз дар ҷараёни сафарҳои чандинкарата ва дастгириҳои Сарвари давлат дар деҳаи Ҷавшангоз, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 3500 метр ва аз маркази ноҳия дар дурии 46 км ҷойгир мебошад, бинои ошхонаи нав сохта ба истифода дода шуд. Бинои муассисаи таҳсилоти умумии № 41 таъмир ва ба таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Муассисаи таҳсилоти умумии № 41-и деҳаи Ҷавшангоз ва МТМУ № 38-и деҳаи Нимос бо мизу курсӣ ва дигар маводу масолеҳи сохтмонӣ таъмин ва МТМУ № 40-и деҳаи Рубот таъмир карда шуд. Айни замон, дар Сежд сохтмони ду Наврӯзгоҳ идома дорад. Илова бар ин, дар назди МТМУ № 35-и деҳаи Сежд майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода, клуби деҳоти Сежд, ки барои 140 хоҷагӣ (беш аз ҳазор нафар) хизмат менамояд, бо курсиҳои барои нишаст қулай таъмин карда шуд.
Ҳамчунин, бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин деҳоти дурдаст 82 километри роҳи мошингарди Хоруғ - Роштқалъа – Ҷавшангоз, ки 4 километри ин роҳ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сежд мегузарад, таъмиру навсозӣ карда шуд.
Ин дастовардҳо, ки барои ин деҳоти дурдаст ҳамчун мужда ва башорат аз бунёдкориҳои боз ҳам бузург ба шумор мераванд, боиси таҳсин ва миннатдории кулли сокинони Сежд гардидаанд. Дар маҷмӯъ, зисту зиндагонии сокинони ин гӯшаи Ватани маҳбубамон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ оварда, кӯшишу ғайрати онҳо баҳри ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зиёда мегардад.
Сокинони Ҷамоати деҳоти Сежди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва кулли мардуми ин диёри биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон мебошад, иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро бо камоли иззату эҳтиром пазируфта, миннатдории худро ба ин фарзанди фарзонаи миллат баён менамоянд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин иқдомҳо, ки ҳадаф аз онҳо ободиву созандагӣ мебошад, таҳти роҳбарӣ ва дар пайи амалисозии сиёсати бунёдкоронаи Президенти маҳбуби мо идома хоҳанд ёфт.
Шарифаи БУНЁД, сармуҳаррири рӯзномаи "Шоҳдара" - и
ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.02.2020 №: 38 Мутолиа карданд: 302