logo

Хабарҳо

ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» баргузор гардид.
Зимни ҷаласа ҷараёни омодагиҳои Тоҷикистон ба баргузории Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ва масъалаҳои вобаста ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои солҳои 2020 – 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу экология тавонист давоми ду даҳсолаи ахир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли масъалаҳои марбут ба обу экология ҷалб созад ва, дар баробари ин, дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию ҷаҳониро шоиставу сазовор ташкил ва баргузор намояд.
Ҳангоми ҷаласа аъзои кумитаи тадорукот,  роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар масъулони дахлдор вазифадор гардиданд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани Конефренсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар шаҳри Душанбе ва иҷрои уҳдадориҳои мамлакат дар давраи раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1953
12.05.2021


МУЛОҚОТИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВАН И

БОЗДИДИ ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДА

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ҲАМКОРИҲО ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

АШТ. ЗАРАРИ СЕЛ БАРТАРАФ МЕШАВАД

ИФТИТОҲИ НИМПАЙКАРАИ КАРОМАТУЛЛО ҚУРБОНОВ ДАР КӮЛОБ

АРЗИ СИПОС БАРОИ ҒАЛАБА

11.05.2021


ХАТЛОН. 29 ИШТИРОКДОРИ ҶБВ ЁРИПУЛӢ ГИРИФТ

СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ. ҒАМХОРӢ БА ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ЛАХШ. ДАСТУРИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ ДАР АМАЛ

“САДОҚАТ” ДАР ДЕВАШТИЧ ДУ СИНФХОНА СОХТ

07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед