Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД
Regnum.ru. Корхонаҳои нассоҷии кишвар ғайр аз намудҳои гуногуни либос истеҳсоли либоси махсуси муҳофизӣ ва ниқоби тиббиро ба роҳ монданд.
Айни замон ҶДММ «Нассоҷии тоҷик» ва «Нассоҷи Хуҷанд» аз матои пахтагӣ либоси беморӣ, ҶСК «Гулис-тон Душанбе» либоси махсуси тиббӣ ва ҶДММ «Сифат саноат» хилъати тиббӣ мебароранд. Барои таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии шаҳрвандон ҶДММ «Фармтекс» ба истеҳсоли докаи тиббӣ ва воситаи шахсии беҳдошт оғоз намуд.
Ҳоло дар мамлакат рӯзе 45-50 ҳазор адад ниқоби тиббӣ бароварда мешавад. Ин ҳама тадбирҳо ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус нигаронда шудаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1884