logo

Хабарҳо

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд ва бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар байни занону бонувони ноҳияи Нуробод озмуну чорабиниҳо таҳти унвони «Чакомаи гесу», «Кадбонуи беҳтарин», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Сад ранги чакан», «Ҷилваи рангҳо», «Нон шудам - шоистаи ҳар хон шудам», «Дастархонороӣ», «Беҳтарин   оилаи ҳунарманди ҷавон», “Зан ва тозагӣ” баргузор мешаванд.
Иштирокдорони озмунҳо аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 - ро чун Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва муаррифии тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ менамоянд.
Шаҳнозаи Шукрихудо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, иброз намуд, ки омӯзиши санъати чакандӯзӣ, қарамадӯзӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  васеъ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, бо иштироки занону духтарони касбу кори гуногун ҷиҳати амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ҳаёти осоиштаи занон” баргузор гардид. Дар он вобаста ба таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар нисбат ба занон ибрози назар шуд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии занон ва солимии репродуктивии онҳо бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо маркази танзими оилаи назди беморхонаи марказии ноҳия  баҳри баланд бардоштани маърифати тиббӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, камхунӣ, зарари зоиши хонагӣ байни занони деҳот вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуд.
Ба гуфтаи Шаҳнозаи Шукрихудо баҳри ҷалби бештари занону духтарони деҳоти дурдаст ба корҳои ҷамъиятӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш менамояд, ки ҳармоҳа озмуну вохӯриҳои фарҳангиро ба роҳ монда, ба ин васила саҳми бонувонро дар ободии ноҳия  афзун намоянд.
Ҳамзамон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст.

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 854
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед