logo

Хабарҳо

ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Дар Корхонаи воҳиди давлатии  «Маркази таълимии шаҳри Душанбе» - и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки  вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода   маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Маркази пилотии «Модели шуғли фосилавӣ» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то соли 2030, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба рушди неруи инсонӣ, роҳҳои тавонмандсозии ҷавонон тавассути таъмини ҷойҳои нави корӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи намунавии глобалӣ «Модели шуғли фосилавӣ барои ҷавонони осебпазир», роҳандозӣ гардид.
Модели шуғли фосилавӣ — «Impact Sourcing» як шакли нави шуғл буда, ба корманд имкон медиҳад, ки вазифаҳои меҳнатии худро берун аз бинои истеҳсолии корфармо тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар реҷаи воқеӣ, новобаста аз вақти корӣ  роҳандозӣ намояд.
Ҳадафи ба роҳ мондани фаъолияти ин марказ қадами нахустин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ  аз ҷониби мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба қишри осебпазири ҷомеа буда, дар таҳким ва рушди фаъолияти минбаъда мусоидат менамояд. Зеро ин раванд ба манфиати корфармо ва шаҳрвандони корҷӯ созгор аст.
Тадқиқоти кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Беларусу  Қазоқистон, нишон медиҳад, ки зимни омӯзиш дар марказҳои пилотии «Модели шуғли фосилавӣ»  дар се сол то 8120 шаҳрванд соҳиби малакаи касбӣ мегардад. Ин омор метавонад бо тавсеаи минбаъдаи корхона дар соли дуюм ду баробар афзоиш ёбад.
Б. САЛИМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 248
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед