logo

иқтисод

ТУХМӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Имсол низ дар ҳоле ки кишоварзони мамлакат майдони кишти аксари рустаниҳои кишоварзиро васеътар карданианд, интихоби тухмӣ  аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад. Зеро бештари навъҳои тухмӣ, ки аз  омили асосии ҳосилнокӣ маҳсуб меёбанд, воридотӣ буда, на ҳар хоҷагӣ имкони дастрас намудани онҳоро дорад.  Аз тухмиҳои маҳаллӣ, махсусан гандуму картошка,  деҳқонон камтар истифода мебаранд. Пас, чӣ бояд кард? Хабарнигори рӯзнома кӯшиш намуд, то ба ин ва саволҳои дигари вобаста посух ёбад.
- Дар таҷриба борҳо исбот гардидааст, ки тухмиҳои ватанӣ вобаста ба иқлиму замини кишвар нисбат ба навъҳои хориҷӣ  бартарият доранд, - мегӯяд Нуралӣ Бойматов, мудири шуъбаи тухмипарварии зироатҳои ғалла, лӯбиёӣ ва хӯроки чорвои Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ. Ба андешаи ӯ, агар  ҳамаи тухмиҳои ватании зироатҳо вобаста ба минтақаҳо дуруст интихоб гарданд,  ҳосили баланд дода, умри тӯлонӣ мебинанд.  Масалан, тухмиҳои навъи маҳаллии гандум - «Президент»,   «Ватан», «Наврӯз», «Сомонӣ», «Олмон», «Зироат – 70», «Зафар», «Ориён»,  «Фарҳодӣ -60», «ИЗ – 80» ва «Шамъ» даҳсолаҳост, ки ба мардум фоида меоранд. Имрӯз ҳам барои мисол,  дар хоҷагии «Муҳсинҷон»-и  ноҳияи Данғара кормандони институт бо истифода аз тухмии ватании гандум навъҳои «Садоқат», «Фарҳодӣ – 60»  дар 70 гектар замини лалмӣ гандум кишт карданд, ки дараҷаи ҳосили онҳо мутаносибан  41- 45 - сентнерӣ аз як гектарро ташкил медиҳад.  Дар шароити тағйирёбии иқлим ва хушксолиҳо  ин дастоварди кам нест.

ВАҚТЕ ХУДИ МАСЪУЛОН ТУХМИИ ВАТАНИРО ПУШТИ ПО МЕЗАНАНД…
Воқеан, навъҳои серҳосили тухмии ватании  зироатҳо   кам нестанд. Вале на ҳамаи онҳо дастраси кишоварзонанд. Ҳаҷми истеҳсоли тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ (1000 – 1400 тонна дар як сол) аз ҷониби Институти зироаткорӣ дар муқоиса ба талаботи кишоварзони ҷумҳурӣ хеле ночиз аст. Олимони мо  ҳадди ақал аз чор як ҳиссаи  эҳтиёҷоти деҳқонони мамлакатро ба тухмии баландсифат  қонеъ сохта наметавонанд. Чӣ бояд кард ё кадом омилҳо садди афзудани тухмии худӣ мегарданд?
Ба гуфтаи Нуралӣ Бойматов, азбаски солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар  тухмиҳои хориҷӣ аз тарафи худи  масъулони Вазорати кишоварзӣ ва бархе соҳибкорон зиёд таблиғ шуда, дар саросари ҷумҳурӣ  паҳн гардиданд, навъҳои ватанӣ аз мадди назар канор монданд.
- Ба қавле, худи масъулон ва соҳибкорони ватанӣ тухмиҳои хушсифату ба иқлими диёр мутобиқро пушти по заданд. Ҳатто  солҳо бардурӯғ дараҷаи ҳосилнокии тухмиҳои хориҷӣ нисбат ба   навъҳои ватанӣ ду – се баробар зиёд гуфта мешуд. Ба ин хотир, деҳқонони ҷумҳурӣ ба  тухмиҳои хориҷӣ  зиёд рӯ оварда, онҳоро  мехаранд. Ин фаҳмиши нодуруст то ҳол дар зеҳни онҳо  ҷой гирифтааст. Хоҷагиҳои тухмипарвар ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳо бо институти мо  қариб тамоман ҳамкорӣ надоранд ва бештар ба тухмиҳои хориҷӣ такя мекунанд. Онҳо навъҳои нави тухмии ватаниро кам парвариш мекунанд. Майдонҳои таҷрибавии институт хеле маҳдуданд.  Бо ин сабаб, мо - мутахассисони соҳа,  барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли навъҳои нави  тухмии ватанӣ,  аз ҷумла гандуму алафҳои хӯроки чорво, дар шаҳру ноҳияҳо имконият пайдо карда наметавонем. Вақте тухмии нав ихтироъ мегардад, парвариши он бояд муддати чанд сол  дар заминҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, то ин навъ бо дигар тухмиҳо омехта нагардаду солҳои минбаъда ба сифати тухмии аълосифати маҳаллӣ хизмат кунад, - гуфт номбурда. 

АЗ ОҚИБАТИ ТУХМИҲОИ ХОРИҶӢ БОЯД БИАНДЕШЕМ
Таҷрибаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат кофист, ки аз оқибати бади истифодаи тухмиҳои хориҷӣ биандешем. Дар ин хусус Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба ин назар аст:
- Аз эҳтимол дур нест, ки мо бо овардани тухмиҳои хориҷӣ ба кишвар беморӣ низ ворид кунем. Мутаассифона, олимони соҳаи селексияи рустаниҳо бо деҳқонон ё заминистифодабарандагон ҳамкории зич надоранд,  аз ҷумла дар ноҳияҳои пахтакор, то охир кор намекунанд ва тадқиқоти худро пурра анҷом намедиҳанд.
Солҳои охир навъҳои тухмии гандуми кишварҳои Туркия, Россия, Қазоқистон, Мексика истифода мегардиданд, ки зуд самаранокии худро аз даст доданд.  Танҳо як қисми ками тухмиҳои хориҷии зироатҳо ҳосили баланд медиҳанд, ки онҳо ҳам хеле умри кӯтоҳ дошта, баъди 3 – 4 соли кишт нодаркор  мешаванд.

ШАРОИТИ ТУХМИПАРВАРӢ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД
Олимону мутахассисони  институт вобаста ба вазъи имрӯзаи тағйирёбии иқлим ихтироъ намудани навъҳои беҳтарини тухмии ватании гандуму зироатҳои хӯроки чорво талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Вале шароитҳои кори онҳо дар он сатҳе таъмин нест, ки корҳои тадқиқотӣ, селексионӣ ва таҷрибавиашонро пеш баранд.
- Бисёри асбобу техникаҳои тухмипарварии институт аз солҳои 80 – уми қарни гузашта монда,  хеле куҳнаю фарсудаанд. Ҳам теъдодашон кам аст.  Ҳадди ақал қисмҳои эҳтиётии онҳоро дастрас карда наметавонем, то корамонро сари вақт анҷом дода, каме ҳам бошад, ҳаҷми тухмиҳои худиро зиёдтар намоем. Селексионерон ҳам аз лиҳози шароити корӣ танқисӣ мекашанд. Корҳои тадқиқотию  селексионӣ дар ин самт  ба таври зарурӣ сурат намегиранд.  Ҳамин аст, ки шавқу ҳаваси насли нав ба ин соҳа хеле коҳиш ёфтааст, - изҳор дошт Нуралӣ Бойматов.

БА УМЕДИ ДИГАРОН АЗ ҲАР ДУ ПОЙ  НААФТЕМ?
Таҷрибаи кишоварзон нишон медиҳад, ки онҳо танҳо дар такя ба сифати тухмиашон дурнамои ҳосилро муайян месозанд. Бидуни тухмии хуб кишти зироат таваккалист. Ғайр аз ин, бо нархи гарон харидани тухмии хориҷӣ  боиси болоравии арзиши аслии маҳсулот мегардад. Бинобар ин, дастгирии мутахассисону олимони Институти зироаткорӣ барои рушду равнақи соҳаи тухмипарварии кишвар  амри зарурист. Масъулони институт аз надоштани майдони васеи таҷрибавӣ шиква мекунанд. Ҳол он ки пештар дар ҳар шаҳру ноҳия пойгоҳҳои илмӣ ва заминҳои алоҳидаи он вуҷуд доштанд. Ин имкониятҳоро аз дасти кормандону мутахассисони институт кӣ ва дар кадом асос рабудааст?  Ҳоло  ин пажӯҳишгоҳ ҳамчун ягона пойгоҳи илмию таҷрибавии  соҳаи тухмипарварӣ  шароити муосири кор надорад. Дар ин бора чаро масъулони Вазорати кишоварзӣ, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ чорае намеандешанд, ҳатто изҳори ноогоҳӣ мекунанд?

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.04.2020    №: 79    Мутолиа карданд: 278
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед