logo

фарҳанг

ИСҲОҚИРО КӢ КУШТ? Ё ҚАТЛИ НОҶАВОНМАРДОНАЕ, КИ БАРОБАР БА ФОҶИАИ МИЛЛӢ БУД

Рӯзи 6 майи соли равон аз куштори ваҳшиёнаи яке аз саромадони тибби муосири тоҷик, ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ, аз дасти қотилони наҳзатӣ 24 сол пур мешавад. Дар бораи Юсуф Исҳоқӣ, яке аз шоҳсутунҳои тибби мусоири тоҷик, аз ҷумлаи маъруфтаринҳо дар миёни олимони соҳа, роҳбари дилсӯзу ободгар метавон асарҳо эҷод кард. Мавсуф аз ҷумлаи он нобиғагони даврест, ки дар айни камолоти эҷодиву нимароҳи умр аз тарафи хунхорони наҳзатӣ ваҳшиёна ба қатл расонда шуд. Марги ӯ на танҳо фоҷиаи оилаву пайвандонаш, балки бузургтарин бохти тибби тоҷик ва фоҷиаи миллат буд.
Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ 21 июли соли 1932 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1954 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бомуваффақият хатм намуда, аз вазифаи ординатор то ба мартабаи ректори ҳамин боргоҳи илму хирад расид.
Агар ба зиндагиномаи ин олими сарсупурдаи тибби ватанӣ назар афканед, бемуҳобо шахсиятест, боиси ифтихор ва намунаест нотакрор.  Ин олими забардасти тоҷик соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулую бинӣ» ҳимоя намуд. Солҳои 1960 - 1964 сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии №4, ҳамзамон, дотсенти кафедраи оториноларингология буд.
Устод солҳои 1964 - 1968 докторант, ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии гӯшу гулу ва бинии шаҳри Москва буд. Соли 1968 дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас»  рисолаи докториро дифоъ кард. Олими бузурги тоҷик ҳамчун вакил дар Анҷумани VI оториноларингологҳо дар шаҳри Еревани Арманистон иштирок намуда, узви садорати Ҷамъияти умумииттифоқии оториноларингологҳо интихоб гашт. Соли 1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ гардида, бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонда шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб соли 1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОР - и  шӯравӣ дар конфронси байналмилалӣ чун вакил ширкат намуд.
Ин олими пуркору табиби ҳозиқ соли 1973 ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин гардида, дар фосилаи умри бобаракати хеш зиёда аз 300 асари илмӣ, мақолаҳо, монографияҳо нашр кардааст, ки аз доираи васеи ҷараёни тадқиқот ва корҳои илмиву таълимии эшон паём медиҳанд. Асарҳои Ю. Исҳоқӣ дорои аҳамияти калони илмию амалӣ буда, мероси бебаҳои илми тибби ҷаҳонӣ ҳисобида мешаванд.
Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ нахустин академики илми тибби тоҷик, муаллифи бисёр таълифоти илмӣ, аз ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методӣ аст. Китоби “Оторинолорингология” - и ӯ китоби рӯйимизии тамоми табибони ин соҳаи дунёст.
Фаъолияти босамари сарварии Юсуф Исҳоқӣ буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар байни  зиёда аз 880 муассисаи олии собиқ шӯравӣ ҷойгоҳи баланд дошт.
Ҷарроҳи номвари тоҷик аз соли 1974 узви садорати Ҷамъияти алоқаи дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Шӯрои ректорони мактабҳои олии тиббӣ дар назди Вазорати тандурустии ИҶШС ва муҳаррири маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон» буд. Ӯ соли 1975 ҳамчун роҳбари намояндагони ЛОР - и ИҶШС ба Булғория сафар карда, бо медали тиллоии Ҷамъияти дӯстии «Булғория - ИҶШС» мукофотонда шуд. Юсуф Исҳоқӣ барои натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан бо ордени «Ленин» сарфароз гардидааст.
Соли 1977 ҳамчун вакили табибони соҳаи оторино-ларингологияи ИҶШС дар шаҳри Небраскаи иёлати Кентукии ИМА дар Конфронси илмии байналмилалӣ иштирок намуда, дар он ҷо ҷарроҳии намунавӣ гузаронда, ба унвони шаҳрванди фахрии Небраска сазовор гардид. Ҳамчунин, Юсуф Исҳоқӣ бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии ИҶШС мукофотонда шудааст. Соли 1961 бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, соли 1973 бо медали «Дусадсолагии Институти тиббии якуми шаҳри Москва ба номи И. М. Сеченов» сарфароз гардида, соли 1979 дар соҳаи илм ва техника бо мукофоти давлатии ҶШС Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр гардид.
Фаъолияти  Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ танҳо дар соҳаи тиб маҳдуд набуда, солҳои 1987 - 1989 ҳамчун узви Кумитаи ташкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» бисёр корҳои судманди ташвиқотӣ анҷом дода, дар қабули қонуни мазкур саҳми арзанда гузошт. Ҳукумати вақти Тоҷикистон хизматҳои шоистаи олими номварро дар соҳаҳои таълим, тарбия ва илм ба инобат гирифта, соли 1989 бо унвони давлатии Арбоби хизматнишондодаи илми Тоҷикистон қадр кард ва пас аз марг ба ӯ нишони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон  дода шуд.
Сад афсӯс, ки чунин шахсияти барҷаста ва чеҳраи тобони илми тибби тоҷик 6 майи соли 1996 ҳамроҳи ноиби ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Минҳоҷ Ғуломов  соати 16:20 дақиқа, аз ҷониби аъзои ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Раҳмон Сангинов (Раҳмонгитлер) ваҳшиёна кушта шуд.
Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, дар даврае, ки мардум, ҳанӯз шаҳдҳои нухустини истиқлолиятро мечашиданд, неруҳои бадхоҳ, аз ҷумла ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, фаъолиятро дар Тоҷикистон аз бедодгарӣ, қатлу ғорати ашхоси номвару муътабар оғоз кард.  Аз ҷумла, онҳо Юсуф Исҳоқиро, ки ҳамчун ситораи дурахшон дар осмони тирагуни дилу дидаи онҳо буд, ваҳшиёна аз байн бурданд, то ба ин роҳ - яъне аз байн бурдани олимони забардасту саромадони илм ва ходимони сиёсиву фарҳангӣ теша ба решаи миллат зананд. Сад шукр, ки ба туфайли ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ғолиб омаду тири ин неруҳои аҳриманӣ хок хӯрд, вале даҳшате, ки хиёнаткорони наҳзатӣ ба сари давлату миллати тоҷик оварданд, басо нангину дарднок ва то абад ҷуброннопазир хоҳад буд.
Имрӯз баҳри абадӣ нигоҳ доштани номи неки ин абармарди кишвар, профессор Юсуф Исҳоқӣ коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ӯ гузошта шудааст. Хотираи неки устод Юсуф Исҳоқӣ бо зиндагии намунавӣ ва корнамоиҳои бемислаш ҳамеша дар дилу дидаи мардуми кишвар абадуддаҳр нақш бастааст. Ба фармудаи Хоҷа Ҳофиз:

Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо!

Алишод ВОРИСОВ, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи
бемориҳои ҷарроҳии №1, ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.05.2020    №: 85    Мутолиа карданд: 234
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед