logo

иҷтимоиёт

ҶБВ. ЗАНОНЕ, КИ МАРДОНА ҶАНГИДАНД

Дар бораи ҷонфидоӣ далериву шуҷоати ҷанговарони тоҷик, аз ҷумла 57 нафар қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 260 нафар фиристодаи Тоҷикистон ба фронт китобу достонҳо, ашъору қисса ва филмҳо эҷод шудаанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки фидокориҳои бемисли бонувони тоҷик низ дар ақибгоҳ саҳифаҳои алоҳидаи корнамоиҳои ҷангиро ташкил додаанд. Агар Неъмат Қарабоев, Эргаш Шарифов, Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Фатҳулло Аҳмадов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Чӯтак Урозов, Исмат Шарифов, Николай Аникин, Ҳайдар Қосимов, Раҳимбой Раҳматов, Тӯйчӣ Эрйигитов, Урунбек Яъқубов, Серафим Янковский, Саидқул Турдиев, Тӯйчӣ Назаров ва дигарон дар майдони набард сина сипар карда, пирӯз шуда бошанд, ҳазорҳо нафар занону духтарони тоҷик дар ақибгоҳ, дар колхозу совхозҳо, майдони пахта, фермаҳои чорводорӣ ва муассисаҳои истеҳсолӣ корнамоиҳои бемисл нишон додаанд.
Дар  ин  бора  муҳаққиқи   шинохта Л. Сечкина таҳқиқоти ҷолиб бурда, роҷеъ ба меҳнати пурмашаққати мардуми ақибгоҳ, диловарӣ ва фидокории бонувони тоҷик садҳо мисоли дурахшони меҳнату муборизаи онҳоро нишон додааст.
Дар таърихномаҳои замони шӯравӣ корнамоиҳои ҷангии Ойгул Муҳаммадҷонова, Саодат Алибекова, Шаҳрӣ Ҳайдарова, Ҷаннат Раҳимова, Саломат Сангинова, Туҳфа Ҳамсариева, София Ниёзова, Зайнаббибӣ Қурбонова ва дигарон дар саҳифаҳои таърих ва ёди халқ абадӣ сабт гаштааст. Чунки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама ҳифзи Ватан ва истиқлолияту озодиро воҷиб шуморида, бар зидди душмани манҳус мардонавор ҷангидаанд.
Бар замми ин қисме аз занҳо амсоли Туҳфа Ҳамсариева дар майдони набард ҷони хешро нисор кардаанд. Инчунин, София Ниёзова (хоҳари адиби шинохта Фотеҳ Ниёзӣ), Шаҳрӣ Ҳайдарова баъди бозгашт дар майдони корзор ва рушду нумӯи ҳаёти осоишта саҳми боризи худро гузоштаанд. Воқеан ҳам, агар ҳаёту зиндагии ибратомӯз ва меҳнату диловариҳои бонувони давраи душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва панҷсолаҳои бунёдкориро, ки дар он саҳми занон басо бузург аст, омӯзем, ҳаққонияту суханони боло бори дигар собит месозад, ки занони тоҷик бо лафзу эътиқодашон пойбарҷо ва устувор будаанд. Ишқи Ватани маҳбуб дар қалбашон якумрӣ маъво дошт.
Бинобар ин ҳар яки моро месазад, ки ба насли наврас сабақи гаронбаҳои таърихро фаҳмонда онҳоро дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва садоқат ба Тоҷикистони азиз ба камол расонем. Зеро, корнамоии гузаштагони пурифтихорамон сабақи ҷовидонист.

Юсуф ИБРОҲИМОВ, омӯзгори литсейи касбии саноати нассоҷии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.05.2020    №: 88    Мутолиа карданд: 77
02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед