Хабарҳо
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ИДМ
Дирӯз вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аввалин бор дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок намуд.
Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ зарурати ҳифзи василаҳои мавҷудаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ дар шароити ҳамагирии ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои карантинӣ махсус қайд намуданд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар суханронии Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки иштироки ҷумҳурӣ дар ИДМ баён гардид.
Дар натиҷаи ҷаласа, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барпо гардид, 11 санад ба имзо расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1243