logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

Бо мақсади пурзӯр намудани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) дар асоси Меморандуми Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии КАРИТАС - и Швейтсария ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон лавозимоти тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ дастрас карда шуд.
Дар ин бора Муродҷон Муйдинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, ба «Ҷумҳурият» хабар дод. Тибқи иттилои ӯ, дар доираи ин ташаббус 11 майи соли ҷорӣ ба беморхонаи марказии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов, беморхонаи шаҳри Бохтар ва муассисаи ёрии аввалияи тиббию санитарии ҳамин шаҳр 1560 адад собуни обӣ, 2800 адад ниқоби тиббӣ, 1160 киллограмм хокаи хлор дастрас гардид.
- Дар доираи чорабиниҳои ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон», раёсати мо ҳамчун аъзои ситоди вилоятӣ дар як қатор қисмҳои ҳарбӣ, суди ҳарбии гарнизони Хатлон, прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар, комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон, биноҳои истиқоматии маҳаллаи Ғайрат, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Умари Хайём, хиёбони Ваҳдат ва муассисаи таълимии томактабии №5,  шаҳри Бохтар корҳои беза- раргардониро анҷом дод, - гуфт Муродҷон Муйдинов.
Инчунин, шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тибқи нақша – чорабиниҳо бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаанд. Ҳамзамон, аз тарафи хизматчиёни ҳарбии шуъба дар беморхонаи вилоятии шаҳр, прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб, прокуратураи минтақавӣ ва дигар ташкилоту идораҳо корҳои безараргардонӣ анҷом дода шуд.
М. Муйдинов изҳор дошт, ки чорабиниҳои пешгирикунанда, бе-зараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии вилоят чун дигар мақомоти давлатӣ аз тарафи раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон идома дорад.
Маҷмӯан, дар асоси меморандум ба беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилоят 16500 адад (5 литра) собуни обӣ, 3000 (400 мл) собуни моеъ, 14 ҳазор ниқоби тиббӣ, 6911 адад маводи антисептикӣ ва 15 тонна хокаи хлор тақсим шуд.

М. БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 203
27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед