Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Сарвазири нави Ироқ Мустафо ал-Козимӣ Президенти Россия Владимир Путинро даъват намуд, ки ба Бағдод ташриф орад.
Regnum.ru. Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза алайҳи коронавирус беш аз 370 миллион доллари ИМА ҷудо намуд.
INTERFAX.RU. Дар Россия шабонарӯзи гузашта, бори аввал аз 2 май, теъдоди сирояти вируси нав аз 10 ҳазор камтар шуд.
Gazeta.ru. Президенти ИМА Доналд Трамп сарони иёлотро ба кушодани мактабҳои кишвар, ки аз хавфи пандемияи коронавирус баста шуда буданд, даъват кард.
TUT.by. Александр Лукашенко ба Кумитаи марказии интихоботи Беларус рӯйхати гурӯҳи ташаббускори номзад ба президентиро барои сабт пешниҳод намуд.
АИР «Новости». -Идомаи чораҳои маҳдудсоз, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии COVID – 19 роҳандозӣ шудаанд, метавонад иқтисодиёти ИМА-ро хароб созад,- изҳор дошт вазири молияи кишвар Стивен Мнучин.
Спутник. Бонки ҷаҳонӣ ба Қазоқистон барои хариди 359 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ 27 миллион доллари ИМА ҷудо кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1304