logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

АНАВОРДИ «ИСТ, КОРОНАВИРУС»
1. Варианти дигари ибораи «Беҳдошти саломатии организм».
2. «Ҷавшан» - и одам.
3. Пайванди бадани инсон.
4. Заррачае, ки аз бомбаи атомӣ ҳам пурқувваттар баромад.
5. Маҳлуле, ки 1 литри он 1 грамм – эквиваленти моддаи ҳалшуда дорад.
6. Моддаи кимиёвие, ки дар таркиби найшакар ва лаблабуи қанд ҳаст.
7. Элементи ҳаётбахш.
8. Маҳлул.
9. Моддае, ки суръати реаксияи кимиёвиро метезонаду худаш дар охир сарф намешавад.
10. «Асабҳои худмухтор» бо ибораи дигар.
11. Аз худ баровардани зарраҳои бунёдӣ ё ядроӣ ба чӣ вобаста аст?
12. Мавҷафкани равшанӣ.
13. Кадом узви инсон донор надорад?
14. C2H5OH.

Таҳияи МУИНҶОН ХОЛИҚОВ, сокини ноҳияи Айнӣ

ҶАВОБ БА АНАВОРДИ «РӮЗИ ШАШМАҚОМ» АЗ 15 МАЙИ СОЛИ 2020

 1. Рамал. 2. Узол. 3. Забон. 4. Ироқ. 5. Шаҳобов. 6. Ангубин. 7. «Шаҳнавоз». 8. Мухаммас. 9. Арғунун. 10. Қонун. 11. Ороми ҷон. 12. Манучеҳрӣ.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ШЕЪРИ МАВЛОНО БО КОРОНАВИРУС МУБОРИЗА МЕБАРАД
Ҷумҳурии Туркия дар ҳама бастаҳои молии худ, ки ба мардуми Италия ва Испания ҳамчун ёрдами башардӯстона дар робита ба паҳншавии коронавирус фиристод, ин байти Мавлоно Ҷалолиддин Балхиро бо забонҳои туркӣ, испанӣ ва италиявӣ сабт кард:
Баъди навмедӣ басе уммедҳост,
Аз паси зулмат басе хуршедҳост.
Ин байти машҳур аз «Маснавии маънавӣ» буда, башариятро паём медиҳад, ки ин вабо ҳам гузаштанист.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Нисфи шаб дарвозаро хеле кӯфта ва ӯро ниҳоят аз хоб бедор карда, дар як нафас гуфтанд, ки зуд ба идораи райком равад: Амонов ва сардори милиса дар раҳаш интизоранд, - дер намонда равад. Анвар ба маънии «боз чӣ воқеа рӯй дода бошад?» китф барҳам кашида, аз таги борони баҳор, ки хело дамаш паст шуда, маҳин ва дилнишин меборид, ба хона даромад…

* * *
Чу булбул дар фиғон оям, чу бинам бӯстонашро,
Чу гул хандон шавам ҳарҷо, ки бинам боғбонашро.
Сабо аз бӯи пироҳан нагардад чашми мо равшан,
Нахезам аз сари ин раҳ, нагирам то инонашро

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 15 МАЙИ СОЛИ 2020
Урун Кӯҳзод
Лоиқ

Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  ЗУЛОЛА  БОБОРАҶАБОВА


ЯК ПИСАР ДАР ДАҲ СОЛ
Дар деҳаи Мейсе-Оджански Полша бештар аз даҳ сол танҳо духтар таваллуд мешуд. Бинобар ин, мири шаҳр Раймун Фришко ба ҷуфте, ки писар ба дунё меорад, туҳфаи арзишманд ваъда кард. Баъд аз 10 моҳи ин эълон, 2 майи соли ҷорӣ дар оилаи Анна ва Гжегож Милек писар таваллуд шуд, ки номашро Бартек ниҳоданд. 
- Дар ҳоле, ки  пандемияи коронавирус ҳамагонро ба ташвиш овардааст, таваллуди писар фоли нек буда, аз ояндаи дурахшони  деҳа хабар медиҳад, - гуфт Фришко. Ба гуфтаи ӯ, оилаи хушбахт туҳфаро баъди бартараф гардидани пандемия мегиранд. Зеро аҳли хонавода бо сабаби сироят наёфтан аз коронавирус хоҳиши бо ВАО суҳбат карданро надорад. Аммо то замони тақдим гардидани туҳфа тасмим гирифтанд, ки кӯчаеро ба номи навзод гузоранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОБҲОИ ГАЗДОР
ОЛИМОН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои газнок, ки дар таркибашон қанди зиёд доранд, ба  майнаи сар осеб мерасонад, - иттилоъ додааст рӯзномаи бритонии «Дейли майл» дар такя ба пажӯҳиши анҷомдодаи коршиносони   Австралия.
Ҷейн Франклин, яке аз муҳаққиқон, иброз медорад, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, истеъмоли пайвастаи нӯшобаҳои қандашон зиёд боиси харобшавии мағзи сар мегардад.
Инчунин, ба қарибӣ олимони амрикоӣ ба хулоса омадаанд, ки истеъмоли якчанд банкаи оби газдор дар як рӯз метавонад ҳатто ҳаётро кӯтоҳ намояд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ЭВКЛИД
Дар Мисри Қадим, замони салтанати Птолемейи I (солҳои 305–283 то милод), ду намуд роҳ фаъол буд: яке барои одамони одӣ, дигаре ҳамвору кӯтоҳтар барои шоҳу дарбориёнаш. Як вақт Птолемей аз шавқ ба омӯзиши геометрия сар кард, вале дарк намуд, ки ин чандон кори осон нест. Чун душворӣ кашид, Эвклиди бузургро наздаш хонд ва пурсид:
- Ту медонӣ, ки шоҳон дар ҳама ҳолат имтиёз доранд. Пас бигӯ, ки дар омӯзиши ин илм роҳи кӯтоҳтаре ҳаст?
- Дар геометрия роҳҳои шоҳона вуҷуд надоранд, аълоҳазрат, - ҷавоб медиҳад Эвклид.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ЛИБОС АЗ ТОРИ АНКАБУТ
Бо вуҷуди заҳмату душвориҳои беандозааш, аз тори анкабут либос дӯхтан мумкин будааст. Соли 1710 хайёти машҳури фаронсавӣ де Сен Илер барои шоҳ Людовики XIV аз тори анкабут костюм, дастпӯшак ва ҷуроб омода намуд. Илер барои ин аз усули анъанавии тайёркунии абрешим, яъне пилла истифода намуд. Барои ин кор 4 сол лозим омад. Имрӯз ин пироҳани нодир дар осорхонаи таърихии шаҳри Ню – Йорк нигоҳ дошта мешавад.
Таҳияи М. СӮФИЗОДА


ТОП 10
Шаҳрҳое, ки бо шумораи зиёди биноҳои осмонбӯс машҳуранд

ЧУНСИН
Шаҳри бандарии Чунсин дар ҷанубу ғарби Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир буда, бо табиати зебо ва мероси фарҳангии худ машҳури олам аст. Он яке аз марказҳои асосии саноатии Чин мебошад. Дар шаҳр 94 бинои осмонбӯс қомат афрохтааст, ки 12-тои онҳо аз 200 метр баландтаранд. Айни ҳол бинои маркази байналмилалии молиявии Чунсин (339 метр) балантарин бинои шаҳр ба ҳисоб рафта, сохтмони 35 бинои бисёрошёна идома дорад.
Таҳияи Комрон САФАР


“ОБХЕЗӢ ДАР БИСБОС” Ё ЧӢ ТАВР КӮДАК АЗ ОФАТ ЭМИН МОНД?
Соли 1421 пас аз обхезӣ дар Бисбос мардум байни харобаҳо нафарони зиндаро ҷустуҷӯ мекард. Ногаҳ гаҳвораи ба сарбанд рустмондаро мушоҳида карданд. Чун наздик шуданд, гурбаеро диданд, ки аз як тараф ба тарафи дигари гаҳвора парида, тавозуни онро нигоҳ медошт.  Аҷиб, кудак хоби осуда дошт ва ҳатто тар нашуда буд. Ин ҳодисаи аҷибу беназир баъдтар дар мусаввараи машҳури «Обхезӣ дар Бисбос» инъикос ёфт.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ

20. ЧОҲКАН ЗЕРИ ЧОҲ
Соли  1788 артиши Австрия барои забти Карансебеш (Руминияи имрӯза) ба ду лагери калон тақсим шуда, аз ду ҷониб камин гирифтанд. Иштибоҳан натиҷаи муҳориба чунин шуд, ки онҳо хуни якдигарро рехта, худашон бар худашон «ғалаба» карданд. Ватандорони турк, ки баъди ду рӯзи ин воқеа ба майдони муҳориба расида омаданд, сипоҳи 100 - ҳазорнафараи ғосибонро ҷонбохтаву қисман нимҷон дарёфтанд.

21.  НА ҲАР ПУЛДОР ДУРБИН АСТ!
Соли 2000 Рид Ҳастингс ба муассис ва собиқ директори генералии шабакаи телевизионии «Блокбастер»  (Blockbuster) Ҷон Антиоко пешниҳод намуд, то студияи ӯро, ки, аллакай, бо номи «Нетфликс» (Netflix) овазадор буд, бо маблағи ҳамагӣ 50 миллион доллари ИМА бихарад.  Вале Антиоко бо андешаи он ки чунин бизнеси кӯчак наметавонад дар сатҳи ӯ бошад, пешниҳодро қотеона рад мекунад. Имрӯз, ки дороии ширкати «Нетфликс» то 33 миллиард доллар дакка мехӯрад, ба гумони ғолиб Ҷон Антиоко иқрор аст, ки иштибоҳи бузурги таърихӣ содир намудааст.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


БЕТАРАФӢ БЕШАРАФИСТ!
Рӯзе ҷангал оташ гирифт. Харгӯшҳои  ваҳшатзада, роҳи гурез меҷустанд. Бабр мегуфт, ки  ман қавӣ ҳастам, ҷои дигар рафта, зиндагии нав месозам. Фил  байни кӯл истода, ба баданаш об мерехт ва бовар дошт, ки оташ пеши об оҷиз аст. Гургу шағолу рӯбоҳ, аллакай, ҷангалро тарк карда буданд. Аммо дар ин миён гунҷишкаке шитобон худро ба дарё мерасонд ва дар минқораш об гирифта, сӯи ҷангал мерафт. Аз ӯ пурсиданд, ки дар ин вазъияти ногувор чӣ кор мекунӣ?
Гунҷишк гуфт: - Об мебарам, то оташи ҷангалро хомӯш кунам.
Гуфтанд: -  Дар ин минқори кӯчакат чӣ қадар об мегунҷад, то оташро хомӯш созӣ?
Гунҷишк дар посух гуфт: - Шояд оташро хомӯш карда натавонам, аммо   вақте аз ман мепурсанд, ки замоне ватани ту, яъне беша месӯхт, чӣ кор кардӣ? Ман дар посух мегӯям, ки ҷангали сӯхташудаистодаро тарк накардам ва аз рӯи тавоноӣ ба наҷоти он кӯшидам.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ГЕРТРУДА
БОНУЕ, КИ НОУМЕДӢ БА Ӯ БЕГОНА БУД
Соли 1937 Гертруда Элайон коллеҷро бо дараҷаи бакалаврӣ дар бахши кимиё хатм кард. Бинобар вазъи номусоиди молиявӣ дараҷаи магистрӣ гирифта натавонист.
Кор кардан мехост, аммо он замон занҳоро ба кор қабул намекарданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз шуду ӯ низ кор ёфт. Зеро бештари мардҳо ба ҷанг рафта, корхонаҳо бе коргар монда буданд. Баъдтар мудири шуъбаи тибби  таҷрибавӣ таъйин шуд.  Гертруда  дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбон доруҳои қавии  иммуносупрессивӣ, пириметамин (барои табобати вараҷа), триметоприм (системаи пешоб) – ро кашф кард, ки миллионҳо одамонро аз бемориҳо ва фавт наҷот дод. Ин доруҳо ба рӯйхати доруҳои асосии Созмони байналмилалии тандурустӣ дохил шуданд.  Соли 1988 Элайон бо Ҷеймс Блэк ва роҳбараш Ҷорҷ Хитчингс ҷоизаи Нобелро дар соҳаи тиб ҷиҳати кашфи доруҳо гирифт. Дар аввал ин ҷоиза ба ӯ дода нашуд, ҳакамон заҳматҳои ӯро ба инобат нагирифтанд. Ин бонуи қавиирода навмед нашуд ва барои соҳиб шудани ҷоиза аввал худи беморӣ ва баъдан доруи зидди онро муайян карда, билохира ба мурод расид. Собит кард, ки бонувон низ сазовори чунин қадрдониҳо ҳастанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ОДАТҲОИ АҶИБИ АДИБОНИ БУЗУРГ
ПУШКИН

Аз нӯшидани лимонад то тир задан ба девор
«Офтоби  назми  рус» хислатҳои аҷибу ғариб дошт. Тавре Никифор Фёдоров, хидматгори шоир дар ёддоштҳояш овардааст, Пушкин ба нӯшидани лимонад  иштиёқи  баланд дошт. Шабона  нӯшидани  лимонад  хобро дур ронда, эҷодкори бузургро ҳушёртару   бардам мекард.
Александр  Велтман, дӯсти  шоир  низ  маълумоти ҷолиберо қайд кардааст. Мувофиқи он, Пушкин  замони бадарғагӣ  дар шаҳри Бессарабия рӯи рахти хоб дароз кашида, бо ғазаб ба девор бо милтиқ тир мепарронд. Бо ин амал асабашро оромӣ мебахшид.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«Модарҷон»
Одесса, шомгоҳон, борони сел ва дар берун, ба қавле, саг намеҷакад. Борис, ки аз тақ-тақи дар бедор мешавад, онро кушода, хушдоманашро бе чатр ва машки об дар рӯ ба рӯ мебинад.
- Ооҳ, модарҷон, - мегӯяд ӯ. - Наход шумо дар ҳамин боду ҳаво дар кӯча гардед?! Канӣ-канӣ зуд ба хонаатон равед.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҲАЗЛИ ПИР
Аз пирамарде пурсиданд:
- Назар ба айёми ҷавонӣ неруят чӣ қадар кам шудааст?
Мард гуфт:
- Ҳеҷ кам нашуда, зеро ман ин андоза бо мизон таҷриба кардаам. Мардум он мизон пурсиданд ва пирамарди хушгап посух дод:
- Санги бузурге дар кӯчаи назди хонаам қарор дорад. Вақте ҷавон будам, наметавонистам онро бардорам ва ҳоло ҳам наметавонам онро аз замин баланд кунам.
Таҳияи Бахтовар КАРИМЗОДА


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
5 (1). Йозеф Шумпетер (1883-1950)
Дар шаҳри Тршешт (собиқ империяи Австро-Венгрия) дар оилаи соҳибкори немис тавлид шуда, баъди марги бармаҳали падар ҳамроҳи модараш ба шаҳри Вена кӯчид. Дар беҳтарин муассисаҳои таълимии ҷаҳон илм омӯхт. Забонҳои юнонии қадим, лотинӣ, англисӣ, франсавӣ, италявиро хуб медонист. Профессори донишгоҳҳои муътабари Австрия, Англия, Амрико, вазири молияи Австрия, соҳиби бонк, президенти Созмони эконометрӣ ва Ассотсиатсияи иқтисодчиёни Амрико буд. Мағзи таълимоти иқтисодии Шумпетерро рушди соҳибкории инфиродӣ ҳамчун омили муҳимтарини хоҷагидорӣ ва амалисозии тадбирҳои нави иқтисодӣ ташкил медиҳад. Соҳибкор, ба андешаи Шумпетер, на сармоядор ва на ихтироъкор (навовар) аст, аммо аз сармоя ва навгониҳо хуб истифода бурда метавонад. «Соҳибкори Шумпетер» барои гирифтани фоида худ шароит фароҳам  меорад, равандҳои истеҳсолу фурӯши маҳсулотро дигаргун ва рушди истеҳсолиро таъмин месозад.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


ЯК ПАНД
Хор ба гул:
- Чӣ суд аз он ки як рӯз шукуфон бошиву баъд парешон?
Гул дар ҷавоб:
- Рӯзе шукуфтану мурдан, беҳ аз он аст, ки солҳо зистану ношукуфтан.


«EUROVISION - 2020» МАРДУМИ ДУНЁРО БА ИТТИҲОД ДАЪВАТ КАРД
Барномаи машҳури мусиқии «Eurovision», ки чун анъана ҳар сол моҳи май баргузор мегардид, ки имсол бо сабаби пандемия ба таври фосилавӣ бе финал анҷом ёфт. Маҳз зери унвони «Europe Shine a Light», яъне «Аврупо нур мебахшад» доир гаштани озмун ба хотири рӯҳбаландӣ ва дастгирии мардуми ҷаҳон буд, ки дар шабакаҳои телевизионӣ аз 46 кишвари дунё тариқи онлайн намоиш дода шуд. Барнома аз саҳнаҳои кӯтоҳ ва клипҳои иштирокчиёни «Eurovision – 2020» иборат буда, ҳунармандон, аз ҷумла гурӯҳи «Little Big» аз Россия, дар навбати худ бо тамошобинон суҳбат оростанд ва гуфтанд, ки бовар доранд, пандемия сабаби иттиҳоди халқу миллатҳои олам мегардад.
Дар анҷоми барнома ба ҷойи финал ширкаткунандагон суруди «Love Shine a Light», яъне «Нур бахшиданро дӯст дорам» - ро якҷоя сароиданд, ки суруди Катрина ва Уелс, ғолибони ин озмуни машҳур дар соли 1987 мебошад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 111
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед