logo

ҳуқуқ

ЗАМИН. ҲАНӮЗ ҲОЛАТҲОИ ИШҒОЛИ ХУДСАРОНА ВА СОХТМОН БА ЧАШМ МЕРАСАНД

Чуноне аз моддаи 13 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар вохӯрӣ ва суханрониашон бо кишоварзон ва масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъкид менамоянд, ки ҳар ваҷаби замини корам бояд ҳамчун омили таъминкунандаи амнияти озуқавории кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб меравад, истифода шавад. Бе дарки амиқи моҳияти истифодаи замин ва таъмини самаранокии он ҳалли масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ғайриимкон мебошад.
Бо мақсади ҳифз, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои кишоварзӣ ва пешгирии ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунии қитъаҳои замин 25 марти соли 2011 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Мутаассифона, ин меъёри қонун низ садди роҳи амалҳои баъзе шахсони ҷинояткор нашуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Синои пойтахт ва дигар мақомоти салоҳиятдор дар сатҳи риоя ва иҷрои қонунгузории замин корҳои муайян гузаронда шавад ҳам, ҳанӯз ҳолатҳои даст ба қонунвайронкуниҳо задани шаҳрвандон мушоҳида мешавад.
Чунончи, давоми соли гузашта аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Сино дар  ин самт 21 маротиба санҷиш гузаронда, аз натиҷаи он барои ба ҳолати аввала баргардондани қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида, 54 амр унвонии раиси ноҳия фиристода шуда, 8 пешниҳод ба мақомоти дахлдор оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ирсол гардидааст. Инчунин, 37 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 36 иншооти худсарона бунёдгардида бартараф гардид. Дар ин давра 13 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 338, қисми 2 ва 3381 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва, дар маҷмӯъ 1,10 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Вобаста ба пешгирии содиршавии ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо дар самти риоя ва иҷрои қонунгузории истифодаи замин кормандони прокуратураи ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаи идораи замин, раёсати назорати давлатии меъморӣ - сохтмонии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ дар маҳаллаҳою минтақаҳо 12 маротиба бо сокинон суҳбату вохӯрӣ, инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарондаанд. Натиҷаи чунин чорабиниҳо буд, ки шумораи ҷинояткорӣ нисбат ба як соли қабл коҳиш ёфт.   
Прокуратураи ноҳияи Сино дар оянда низ назорати прокурориро дар самти санҷиши қонунгузории истифодаи самараноки замин, меъморию шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, ки чунин муносибатҳоро ба танзим медарорад боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри пешгирии чунин қонунвайронкуниҳо чораҳои судманд меандешад.

Акмал АЗАМЗОДА,
ёрдамчии прокурори ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2020    №: 98    Мутолиа карданд: 393
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед