logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС. НАБОЯД БА ИҒВОИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ДОДА ШУД!

Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада – пандемияи коронавирус COVID-19 дар изтиробанд. Кишвари мо, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонист, мутаассифона аз таъсири ин бемории сироятӣ эмин намонд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятии коронавирус ва табобати саривақтии мубталоёни он аз рӯзҳои аввали зуҳури ин маризӣ дар мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешидаву амалӣ намуда истодааст. Пешвои миллат зимни Паёми шодбошиашон бахшида ба 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид карданд, ки «Ман дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаам».
Шоҳид ҳастем, ки имрӯзҳо бо истифода аз фурсат бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризонаи хеш бештар аз расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода мебаранд. Зеро дар марҳилаи кунунӣ таъсири ВАО тамоюли афзоишро касб намуда, дар заминаи рушди интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири бештар касб намудаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ  саҳифаҳои махсусе пайдо шудаанд, ки баъзе аз онҳо аз номи як минтақа ё вилоят баромад мекунанд. Аъзо ва маъмурони чунин гурӯҳҳо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии худ маводи характери таҳқиромезу иғвобарангез нисбат ба давлату миллатро паҳн мекунанд. Ҳарчанд ақидаи як нафар шахси ноогоҳ ва ё нобакор ҳеҷ вақт наметавонад, баёнгари мавқеъ бошад, аммо иттилои нодурусту ғаразнок метавонад афкори чандин нафарро тағйир диҳад. Аз ин лиҳоз, масъулони гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки маъсулияти бузургро ба уҳдаи худ гиранд, то дар байни мардум воҳимаю тарсафканиро вобаста ба хуруҷи вируси нав ба вуҷуд наоранд.
Махсусан дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи нопоки хеш дар  шабакаҳои иҷтимоӣ маводи худро ҷо дода, дар байни ҷомеа паҳн мекунанд. Дар гуфтугӯҳои мустақим низ баъзе одамон аз нуқтаи назар ва мавқеи шахсии худ суҳбат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки  манфиатҳои миллиро аз дигар масъалаҳои моҳияти шахсиву гурӯҳидошта болотар гузоранд.
Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти милливу давлатиамон таъсири манфӣ расонад. Зеро дар шароити шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон ба шумор меравад. Набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр кард ва хомӯш буд. Ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.

Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ
ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.05.2020    №: 99    Мутолиа карданд: 619
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед