logo

иҷтимоиёт

РАИСИ МАҲБУБ. АНДЕШАҲОИ ШАҲРВАНД ДАР БОРАИ ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Се сол дар шаҳри Душанбе набудам. Тавассути ВАО огоҳ шудам, ки раиси он муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъйин гардида, аз рӯзҳои аввал ба масъалаҳои ободонӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. "Шунидан кай бувад монанди дидан"  аз огоҳии расонаҳои хабарӣ то ба чашми хеш диданам аз замин то осмон фарқ дошт.
Ҳангоми баргаштан Душанберо нашинохтам. Роҳҳои васеи мумфаршгардида, биноҳои нави баландошёна, майдончаҳои варзиш дар назди биноҳои истиқоматӣ, боғҳои истироҳатӣ бо гулҳои рангоранг диққати бинандаро ҷалб месохту дил мебурд.
Ҳеҷ бовар намекардам, ки дар ин муддати кӯтоҳ симои шаҳр комилан тағйир меёбад. На танҳо симои Душанбе, балки ҳолати рӯҳӣ ва рафтори сокинони он низ ба маънии мусбаташ тағйир ёфтааст, чунки дар чеҳраи онҳо самимият нисбат ба шаҳри худ ва ифтихор аз сокини пойтахт буданашон мушоҳида мешавад. Имрӯз шаҳрвандони синну соли гуногуни пойтахт барои истироҳату фароғати худ ягон норасоиро эҳсос намекунанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин ободкориву пешравиҳо ҳоло дар пеш мебошанд, чунки Рустами Эмомалӣ акнун корро оғоз кардааст.
Ӯ дар 30 - солагӣ раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид  ва аз уҳдаи иҷрои масъулиятҳои худ ба дараҷаи аъло баромад.
Зимнан аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ, аниқтараш аз 13 январи соли 2017 раиси нави шаҳри Душанбе ба масъалаҳои дигаргун намудани симои пойтахт шурӯъ намуда, то ба имрӯз саҳми чашмраси худро дар ин самт гузошта истодааст, ки инро на танҳо сокинони пойтахт, балки кулли шаҳрвандони кишвар пай бурдаанд.
Моҳи феврал бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, то моҳи июн 150 рӯзи ободониро эълон намуда, ба сабзкорӣ ва гулзор намудани  шаҳр оғоз намуд.
Барои иҷрои вазифаи пурмасъулияти раиси шаҳри Душанбе ва эътино намудан доир ба ҳаёти  сокинон   муроҷиати шаҳрвандонро ба тарзи осон ва ҳам тариқи шабакаҳои интернетӣ ба роҳ гузошт.
Илова бар ин, аз 17 январи соли 2017 телефони боварии дастгоҳи раиси шаҳрро барои тамос гирифтан таъсис дод. Сокинон метавонанд камбудиҳоеро, ки ба ҳусну шукӯҳи пойтахт халал ворид месозанд, ба василаи акс ё видео ба  телефони боварии раиси шаҳр ирсол намоянд.
Масъалаи дигаре, ки раиси ҷавони шаҳри Душанбе аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ин ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мебошад. Бо ин мақсад, охири моҳи июли соли 2017 нақлиёти мусофиркашонии самтҳои шимолу ҷануби пойтахт ба танзим дароварда шуд. Баъд аз ду моҳ тендер барои таъмири истгоҳҳои нақлиётӣ бо тарҳи замонавӣ дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониш гузаронда шуд. Истгоҳҳо аз ҷойҳои муҷаҳҳаз барои интизории мусофирон, нуқтаи фурӯш ва пардохти маблағи нақлиёти мусофиркаш, рекламаи электронӣ иборат мебошанд.
Инчунин, диққати махсус ба мактаббачагон низ дода шуд. Моҳи августи соли 2017-ум 47 ҳазор сомонӣ аз буҷети шаҳр барои хонандагони болаёқати пойтахт ҷудо гардид. Дар моҳи ноябри ҳамин сол стипендия барои хонандагони аълохони шаҳр  (200 стипендия, ҳар кадом бо маблағи 250 сомонӣ) муқаррар шуд.
Самти дигаре, ки раиси шаҳр мавриди назорати  ҷиддӣ қарор додааст, ин интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда дар сохторҳои гуногуни шаҳр мебошад. Инчунин, аз оғози фаъолият ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, доир ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва дар сатҳи баланд ба ҷо овардани хизмати ҳарбии даъватшудагон чорандешӣ намуд.
Дар маҷмӯъ, дар як муддати кӯтоҳ Рустами Эмомалӣ тавонист боварӣ ва эҳтироми сокинони пойтахтро ба даст оварда, раиси маҳбуб ва мардумӣ гардад.

С. ИЗАТУЛЛОЕВ, шаҳри Душанбе       


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2020    №: 101    Мутолиа карданд: 323
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед