logo

иҷтимоиёт

ВАТАНДОРӢ. АЗ ИМОН ТО ВИҶДОН

“Бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як Ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст”.
Эмомалӣ РАҲМОН

Ватан. Баробари ба забон овардани ин вожаи рӯҳнавоз обу хок ва сарзамини муқаддасе, ки дар он парвардаву бузург шудаӣ пеши назар меояд. Ҷавлонгоҳе, ки дар домони покаш чун оғӯши модар чашм ба олами рӯшноӣ боз кардаву дар паноҳаш камол ёфта. Аз хоки зархезаш рӯзии беминнат ба даст оварда, аз ҳавои атрогинаш нафас мегирӣ. Дар маконҳои таърихӣ ва манзараҳои зебояш бо хотири ҷамъ сайр мекунӣ ва итминон дорӣ, ки ҳуқуқҳои таъмин ва ҳастият дар амн аст.
Табиист, ки ҷойгоҳи Ватан ва арзиши ватандориро бештар онҳое дарк мекунанд, ки бо амри тақдир ба ғурбат ва дур аз Ватан афтодаанд. Дар тамоми давраҳои таърихӣ ва ҷаҳони муосир инсонҳои бедордилу хештаншиносе, ки дур аз сарзамин ва обу хоки он афтодаанд, ҳамеша дар ёди Ватани аҷдодии худ ба сар мебаранд ва аз мулки бегона барои рушду ободии он амалҳои хайру савоб ҳам анҷом медиҳанд. Хеҷ як инсон дар ғарибӣ наметавонад бе ёди Ватан бошад. Ба андозае, ки дар ғарибӣ обрӯву эътибор пайдо мекунад ҳамон андоза ва ё бештар аз он гирифтори ишқи Ватан мешавад.
Воқеан, Ватан мисоли падару модар азиз аст. Мисле, ки ҳеҷ кас наметавонад аз муҳаббат ба падару модари худ рӯй тобад, Ватан низ барояш ҳамеша оғозгоҳи меҳру муҳаббат аст. Дар моварои таърихи пуршӯри тоҷикон басо воқеоте падид омаданд, ки сарсупурдагони миллат барои ҳифзи Ватани худ аз таҳоҷуми бегона сар ба теғ супурдаанд. Номуси баланди ватандориро дар мисоли диловарию сарсупурдагиҳои Восею Спитамен, Темурмалики шуҷоъ,  Шераку Муқаннаъ ва даҳҳои дигар дар ёд дорем, ки ҳар яке барои ҳифзи хоку буми сарзамини хеш муқобили душман исён кардаанд.
Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз низ қимати Ватан беш аз ҳар вақти дигар афзудаву ҷойгоҳаш муътабар гаштааст. Зеро дар замони қудратхоҳию тавсеаталабӣ аз даст додани зиракии сиёсӣ ва бегонапарастӣ метавонад ҳавои осудаи Ватанро ғуборолуд созад ва рӯзгори ширини моро дар оғӯши Ватан халалдор намоянд. Зимнан, набояд фаромӯш созем, ки дар оғози Истиқлолияти давлатӣ моро кадом фоҷиаҳое пеш омаданд ва то кунун тарроҳони он воқеоти талх дар камин ҳастанд ва ҳар лаҳза ба сӯи мо санг меандозанд.
Иқболи баланди мо буд, ки дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ фарзанди фарзонаи халқ Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбарии давлати фалаҷгаштаро ба даст гирифта, давлату миллатро аз доми бало раҳонданд. Дар авҷи даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати бемисл вориди корзор шуданд. Заҳматҳои хастагинопазири ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба дили халқи парешон умед мебахшиданд ва ахиран садои зангӯлаи бахтро баланд карданд. Садое, ки кишвари тозаистиқлол ва дар айни замон даргирро аз нобудӣ ва миллати куҳанбунёди тоҷикро аз парокандагӣ эмин дошт. Садои фардоафрӯзе, ки душманонро ноумед ва дӯстонро шод кард. Садое, ки ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагиро раҳнамо шуд. Садое, ки Тоҷикистони ҷангзадаро шуҳраи офоқ бахшид ва ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.
Аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ шоҳкориҳои азиме, ба монанди бунёди неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Озодӣ», роҳҳои оҳани Душанбе – Бохтар, Бохтар – Кӯлоб, роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб, Душанбе – Чаноқ, Душанбе – Ваҳдат – Данғара, Душанбе – Рашт, Душанбе – Турсунзода, пулҳои  байналмилалӣ дар дарёи Панҷ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, бунёди корхонаҳои зиёди саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва садҳо иншооти замонавии дорои таъйиноти гуногун сурат гирифта, Тоҷикистони азиз рӯ ба тараққиёт ниҳод.  
Ба андешаи Пешвои муаззами миллат «Таърих собит намудааст, ки ба  даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад,  вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам  душвортар аст». Дарвоқеъ, ҳақ ба ҷониби Сарвари оқилу дурандеш аст, зеро танҳо сатҳи маърифату маънавиёт, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳушёриву зиракӣ, огоҳии ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба волоияти қонун, риояи қатъии тартиботи ҳуқуқӣ, ифтихори миллӣ, маданиятнокӣ, гиромидошти тамаддуни гузашта ва рӯҳияи ватанхоҳию ватанпарварӣ ҳамчун сифатҳои асосии шаҳрвандони фаъолу боташаббуси кишварамон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пойдории он мусоидат мекунанд. Ин ормонҳо дар оянда низ маром, ҳадаф ва манфиатҳои миллиамонро таъмин месозанд, суботи кишвар ва оромии ҷомеаро ҳам барои имрӯзу ҳам барои фардо тақвият мебахшанд.
Дар ин росто, рисолати касбии мо – омӯзгорон хизмати шоиста ба халқу Ватан мебошад. Ҳамзамон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла мо – омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва нангу номуси ватандориро ҳалқа бар гӯш намоянд. Тавре Пешвои миллат мефармоянд: «Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифзи онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд».
Дар айни замон шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, аз ҳар фарди худогоҳ ва дӯстдори Ватани азиз тақозо менамояд, ки дар амри дифоъ аз истиқлолият тавассути фикру амали созанда, ободгариву бунёдкорӣ, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳтиром гузоштан ва гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ содиқу фидокор бошанд.

Носирҷон МАҲМУДОВ,
омӯзгори МТМУ № 24 ба номи
Чӯлибой Комилови шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.06.2020    №: 104    Мутолиа карданд: 139
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед