logo

иҷтимоиёт

ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТӢ САМАР МЕДИҲАНД Ё ТИРИ ИҒВОАНГЕЗОН ХОК ХӮРД

Моҳи шашум аст, ки кишварҳои ҷаҳон алайҳи вабои нав - коронавирус ё COVID - 19 мубориза мебаранд. Бо вуҷуди ин, зиёда аз 6 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шуд. Ин вазъият ҷомеаро дар ҳолати изтирорӣ қарор дода, ба хотири пешгирӣ беш аз 4 миллиард одам узлатнишин гардид. Дар ин ҳолат нақши васоити ахбори омма низ дар роҳи баланд бардоштани рӯҳияи мардум ҷиҳати дода нашудан ба тарсу воҳима боло рафтааст.
Чун рӯз ба ҳама рӯшан аст, ки имрӯз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон амалҳои хайру саховат авҷ гирифта истодаанд. Ҳамин аст, ки ҳоло тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан соҳибкорон, дар паҳлуи табибон қарор доранд. Президенти кишвар нахустин шуда, маоши якмоҳаи худро барои дастгирии кормандону мутахассисони соҳаи тиб бахшиданд.
Бо вуҷуди ин ҳама накукорию амалҳои хайри давлату Ҳукумат ва ашхоси алоҳида, боз ҳам дар ҷомеа хурофоту воҳимаангезиҳо мушоҳида мешаванд. Фирефта шудан ба суханони беасос, воҳимаҳои дурӯғ ва «бе таҳлил ҳукм кардан» камбудии ҷиддии баъзе ҳаммиллатони мост, ки сабабгори рӯҳафтодагии нафарони дигар ва ба миён омадани нофаҳмиҳо шуда метавонад.
Омӯзиши матолиби баъзе расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва суханрониву «видеомуроҷиат» - ҳои як гурӯҳи камҳайсият нишон дод, ки онҳо бо шодмонӣ интизори сироят ёфтани сокинони Тоҷикистон аз ин вабои аср буда, камбудии ниҳодҳои ҳукуматиро чун чирки зери нохун меҷӯянду эҳсосоти пурғарази худро ошкор месозанд. Ҳол он ки бо ин беморӣ кишварҳои абарқудрат ҳам даст ба гиребон ҳастанду пешорӯи он заъф доранд.
Мутаассифона, бо суиистифода аз ин вазъ душманони миллат кӯшиши халалдор сохтани оромии кишварро доранд ва бо ин амалашон мардумро ба гумроҳӣ бурдан мехоҳанд.
Чуноне ҳамагон медонем,  85 - 90 дарсади беморон бидуни табобат шифо ёфта истодаанд ва дар 30 - 50 дарсади мардум ягон аломати беморӣ мушоҳида намешавад. Танҳо зарур аст, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем.
Нотавонбинон бояд донанд, ки Пешвои миллат дар душвортарин лаҳзаҳои ҳассоси кишвар - ҷанги хонумонсӯзи солҳои 90 - уми қарни гузашта  халқи худро зери ҳимоя гирифта, баҳри наҷоти кишвар аз вартаи нестӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Имрӯз ҳам Сарвари давлат ҷуз хизмат ба мардуми худ фикри дигар надоранд, паҳлуи халқ ва дар андешаи бартараф кардани вазъи баамаломада мебошанд. Беморие, ки хуруҷ кардааст, санҷиши навбатӣ ва имтиҳони Худованд аст.
Мо лаҳзаҳои аз ин ҳам сангинтару вазнинтарро пушти сар кардаем. Худо хоҳад, ин мушкилӣ низ мегузарад. Мардуми тоҷик дигар ба он овозаҳои беасосу бепояе, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор мешаванд, набояд бовар кунанд. Агар онҳо заррае ҳисси миллӣ дошта бошанд, бо эҳсоси мардум бозӣ намекунанд ва иғво барнамеангезанд. Агар онҳо, воқеан, ҷавонмарданд ва воқеан, ғамхори миллатанд, бигзор ҳадди ақал як бор ба мардум кумак кунанд. Гуфтаҳои зиёдро як сӯ гузошта, ба амал гузаранд ва кори хайре анҷом бидиҳанд. На барои Ҳукумат, балки барои халқ, барои миллат кори неке сомон диҳанд.
Аллакай мардум дар бораи ин беморӣ иттилооти зиёде гирифт. Имрӯзҳо ҳама дар кӯчаву хиёбонҳо ниқобҳои тиббӣ ба рӯй кардаанд. Ин нишони масъулиятшиносии онҳо дар назди саломатии хеш ва дигарон аст.
Мо, пайравони Пешвои миллат, ҳамеша даст ба кор шуда, баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон саъю талош менамоем. Итминони комил дорем, ки Худо моро аз ин вабо ба зудӣ раҳоӣ мебахшад ва Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ба сӯи рушду шукуфоӣ қадамҳои созандаи боз ҳам устуворона хоҳад монд.

Абдулҳаким ХОЛЗОДА,
директори Агентии давлатии ҳифзи
иҷтимоии аҳолии Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.06.2020    №: 105    Мутолиа карданд: 179
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед