logo

сиёсат

ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД...

Ҳамбастагӣ, муттафиқӣ, ваҳдату иттиҳод, якдилӣ ва баҳамоӣ марҳалаи муайяни тафаккури ободкорию бунёдгароианд ва моҳияти пурарзиши абадӣ доранд. Ба андешаи мутафаккири бузург Ҷалолиддини Балхӣ, иттифоқ таъмингари пирӯзии ҳаёти инсон аст:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Дар таълимоти ахлоқии мутафаккир нифоқ бунёди парешонию парокандагӣ ва мунтаҳо фаност. Вале, алорағми ин, иттифоқ ҷавҳари музаффарияту пирӯзиҳо ва саранҷом, бақобахшист. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мафкураи ҳукмрони вақт нисбат ба таълимоти орифони эҷодкор сахтситезию тезандагӣ дошт. Аз ин рӯ, ҷавҳари таълимоти мазкур дастраси омма набуд. Маҳз ҳамин ҷанба ва дурии мардум аз фарҳангу адаби гузаштаи хеш сабаби парокандагӣ гардид.
Лаҳзаҳои ҳассоси таърихи миллат боиси падид омадани симо ё худ шахсияти сиёсӣ мегардад. Бузургон фармудаанд: «Қудрати роҳбарӣ ва малакаи пешоҳангии халқ як имтиёзест, ки Офаридгор онро на ба ҳар кас ато мекунад. Аммо шахсиятҳои қудратманд ва ба қавле, назаркардаҳои Эзид, ба пиндору гуфтору рафтор ва дигар зарфиятҳои феълӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд ва кору пайкори онҳо аз ҷониби омма қобили муҳокима нест».
Тақдир ин ниёзи миллиро дар шахсияти барҷаста, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато кард. Ин шахсияти таърихсозу тақдирсоз дар муддати кӯтоҳи  роҳбарӣ ду рисолати сирф таърихиро ба ҷо овард, ки он дар таърихи навини тоҷикон нигошта хоҳад шуд: яке бунёди давлати миллӣ ва дигаре тафаккури нави миллӣ. Ин рисолати таърихии сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби сиёсатмадорону доираҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодиру боарзиш дар таърихи сулҳсолории оламиён пазируфта шуд.
Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан бо назардошти хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад».
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик тозатарин сафҳаи таърихӣ ва гардиши куллиро оғоз бахшид ва он нахустин татбиқи ормони миллӣ дар оғози асри нав буд.
Пажӯҳишгари олмонӣ Карл Ясперс гуфтааст: «Таърих бо зуҳури симоҳо ва шахсиятҳо оғоз меёбад ва маҳз шахсияту симоҳои абарқудрат созандагони таъриханд». Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани андешаи бузургон аст.

Наврӯз ТОҲИРЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2020    №: 107    Мутолиа карданд: 386
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед