logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТ ДАР РОҲИ АЗ ХОРИҶ БАРГАРДОНИДАНИ ШАҲРВАНДОНИ ДАРМОНДА САМАРОВАРАНД

Пандемияи коронавирус аз мудҳиштарин бемориҳои сироятии қарни феълист, ки то имрӯз беш аз 7,2 миллион сокини сайёраро гирифтор намудааст. Чанд моҳ инҷониб ҷиҳати пешгирӣ аз воридшавии он давлатҳо марзи худро баста нигоҳ медоранд, ки иртиботи байни кишварҳо ва шаҳрвандонро бо ҳама намуди нақлиёт қатъ гардонд. Гусасташавии алоқаю ҳамкориҳо миёни давлатҳо на танҳо боиси буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ мешавад, балки мушкилоти наве ба миён меорад, ки шаҳрвандонро дар ҳолати ниҳоят ногувор мегузоранд.
Алъон манзурам муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандоне мебошанд, ки COVID-19 ғофилгирашон карду фурсати қабл аз сарҳадбандиҳо ба Ватан баргаштан наёфтанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ раванди глобалӣ буда, тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва сарфи назар аз мавқеъ ва иродаи давлати қабулкунанда мушкилоти худро дорад, ки аз роҳи гуфтушунидҳои дуҷониба дар асоси қоидаҳои байналмилалӣ, бавижа Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳаллу фасл мешаванд. Бешубҳа, хуруҷи коронавирус дар ин ҷода низ мушкилоти зиёде ба миён овард. Чуноне медонем, кулли кишварҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии он тадбирҳои гуногун, пеш аз ҳама карантинро роҳандозӣ карданд. Дар натиҷа ҳаракати шаҳрвандон маҳдуд, фаъолияти корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, иншооти хизматрасону фароғатӣ ба муддати муайян боздошта шуд. Дар натиҷа дар баробари сокинони маҳаллӣ муҳоҷирон низ аз ҷои кор– манбаи ягонаи даромад маҳрум гаштанд.
Чуноне қаблан зикр намудам, ин ва дигар масъалаҳо тавассути музокироти дуҷонибаи сохторҳои ваколатдори давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ мешаванд. Тавре маълум аст, ҳар боре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Россия ё дигар кишвари хориҷӣ сафари корӣ анҷом диҳанд, на танҳо бо намояндагони диаспораи тоҷикон вомехӯранду аз душвориҳояшон пурсон мешаванд, балки бо ҳамтоёни худ аз ҳуқуқҳои қонунии онҳо дифоъ ва ин проблемаҳоро баррасӣ мекунанд. Дар асоси супоришҳояшон Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута бо ин масъалаи муҳим машғуланд ва то қадри имкон онҳоро ҳал карда истодаанд.
Аз ҷумла, тибқи амри Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи андешидани чораҳои муваққатӣ ҷиҳати ба танзим даровардани вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд вобаста ба хатари паҳншавии вируси шакли нав, коронавирус  (COVID-19) дар Федератсияи Россия» аз 15 март то 15 июни соли 2020 муҳлати бақайдгирӣ, будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Россия тамдид карда шуда, нисбат ба онҳо чораҳои маъмурии берункунӣ дар ин давра татбиқ карда намешавад.
29 апрели соли ҷорӣ ҷаласаи сеюми Эътилофи авруосиёии омбудсменҳо бахшида ба 75 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тариқи онлайн баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон аз Арманистон, Муғулистон, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат доштанд. Яке аз муҳимтарин масъалае, ки мо баррасӣ намудем, дастгирии иқтисодию иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити карантин аз ҷониби кишвари қабулкунанда буд. Дигар муҳимтарин масъала, ба назари банда, кафолати давлатии ҳифзи саломатии муҳоҷирон, табобати онҳо дар сурати гирифторӣ ба коронавирус маҳсуб меёфт. Ҳамчунин, мусоидат ба онҳое, ки ба зодгоҳ баргаштан мехоҳанд. 
Зимнан, ба Ватан баргардондани шаҳрвандони дармонда мушкили танҳо Тоҷикистон нест. Чуноне маълум аст, на танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ, балки намояндагони дигар касбу кор, муассисаю ширкатҳо, соҳибкорон, беморони тоҷик ҳам дар чандин давлатҳои хориҷӣ «бе ресмон баста» шудаанд ва илоҷи баргаштан надоранд. Худ шоҳидам, ки аз бисёр кишварҳо ба номи Сарвари давлат номаҳои имдод меоянд, шаҳрвандонамон умед ба Пешвои худ мебанданд, ки дар ин лаҳзаҳои ғайричашмдошти душворашон он кас дастгиру мададгорашон мешаванд ва онҳо ба дидори Ватан, аҳли оила боз мерасанд.
Бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз зиёда аз ду ҳазор шаҳрванд аз иддаи мамлакатҳо, хусусан Федератсияи Россия ба Ватан баргардонда шуд. Аз ҷумла, 2 июни соли равон 237 шаҳрванди кишвар бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваққатан дармонда буд, ба Ватан баргардонда шуд. Ин иқдоми наҷиб ва инсонпарваронаи Пешвои миллат идома дорад. Чанд рӯз пеш гурӯҳи шаҳрвандонамон ба парвози махсуси ҳавопаймо аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Ҳиндустон низ баргаштанд. Раванди аз хориҷа баргардондан ба фароҳам шудани шароити зарурӣ, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин вобастагӣ дорад.
Бо вуҷуди мушкилоти гуногун, алалхусус қатъи парвози ҳавопаймо, ҳаракати қатораву мошин миёни кишварҳо, роҳбарияти давлат ва Ҳукумат тадбирҳои имконпазир меандешанд, то ки  кулли ҳамватанонамонро дар наздиктарин фурсат аз хориҷа ба Ватан солим баргардонанд.

Умед БОБОЗОДА, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2020    №: 108    Мутолиа карданд: 305
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед