logo

иҷтимоиёт

НАМЕБИНЕМ Ё ДИДАН НАМЕХОҲЕМ?

Ин мақола посух ба касе нест, балки рӯнависи басо мухтасарест аз корҳои анҷомшуда барои бартараф намудани пайомадҳои сели харобкор ва ярч дар чанд минтақаи ноҳияи Хуросон. Мухтасар аст, ҳарчанд мехостам муфассал бошад, чун зарфи ҳудудан як моҳ ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҳсонкорон барои сабук кардани дарду ранҷи мардуми осебдида корҳоеро ба субут расонданд, ки арзиши даҳҳо мақолаву гузоришро дорад. Вале афсӯс, ки баъзе расонаҳо дар дохилу хориҷ шояд аз бехабарӣ аз вазъ ва далелу арқом талош мекунанд ин ҳама кӯшишҳоро зери савол баранд, Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои давлатиро накуҳиш кунанд, ки ба дарди мардум марҳам намешаванд. 

МУХТАСАР АЗ РӮЙДОД
Дар натиҷаи боронҳои шадид, сел ва ярчи рӯзҳои 14 - 16 майи соли 2020 дар деҳаҳои Неъматулло Асадулло, Анҷумани XVIII ҳизб ва Хуросони Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ба аҳолӣ ва иқтисодиёти ноҳия зарари калон расид. Аз нахустин соатҳои ин рӯйдоди мудҳиш ҷараёни кори бартарафсозии харобиҳо зери назорати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Барои бартараф сохтани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода рӯзи 18 май гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Гулмаҳмадзода ташкил шуд. Дар ҷаласаи аввали гурӯҳи корӣ раиси ноҳияи Хуросон Р. Сафарзода маълумоти аввалияро пешниҳод кард, ки тибқи он то 16 - уми майи соли равон 301 манзили истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинон аз обу лойқа осеб дида, 11 манзили истиқоматӣ пурра ва 26 хоҷагӣ қисман зарар дида буданд. Ҳодисаи табиӣ ба иншооти таъмини об, заминҳои кишоварзӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ ва роҳҳои байни деҳаҳо зарари калон расонд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода таъсис шуд, ки вазифаи он муайян намудани ҳаҷм ва мизони зарари расида ба хоҷагиҳо ва аҳолӣ буд.
Рӯзи 19 - уми май тибқи протоколи ҷаласаи ёдшуда гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини раиси КҲФ, полковник М. Салимзода вориди амал шуд. Рӯзҳои 19 - 20 май дар ҳудуди деҳаи Н. Асадуллои Ҷамоати деҳоти Айнӣ такроран фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд. Комиссияро лозим омад рӯзи 21 май манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаи Н. Асадуллоро аз нав мавриди ташхис қарор диҳад. Маълум гардид, ки бар асари ин ҳодисаи табиӣ ба 260 манзили истиқоматӣ зарар расидааст, 36 хона пурра, 40 манзил қисман вайрон шудаанд. 184  замини наздиҳавлигии  шаҳрвандон аз селобаву лойқа пур шудааст.  0,350 километр роҳҳои нақлиёти аҳамияти маҳаллидошта, 8,1 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12 пурра, 7,6 км хатҳои интиқоли барқ, 76 гектар заминҳои кишоварзӣ (53,72 га хоҷагиҳои деҳқонӣ, 11,36 заминҳои хоҷагии ёрирасон, 2,5 га заминҳои ғайрикишоварзӣ ва 8,42 га заминҳои наздиҳавлигӣ) зарар дидаанд. 
Дар ин ҳодисаи табиӣ 112 сар ҳайвон, аз ҷумла 100 сар чорвои хурд ва 12 сар чорвои калон талаф шудаанд. Комиссия, ҳамчунин, муайян кард, ки 28 га замини кишти пахта, 5 га картошка, 3 га пиёз, 31 га гандум, 0,5 га юнучқа, 4 га ҷуворимакка, 2 га ҷав, 1 га помидор, 1 га бодиринг ва 0,5 га каду низ осеб дидааст. Маблағи умумии зарар 6 миллиону 725 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Аммо ташхиси мутахассисони Саридораи геологияи кишвар нишон дод, ки хатари ярч пурра бартараф нашудааст ва алҳол имкони пешгирӣ аз лағзиши минбаъдаи он вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ин ниҳод тавсия дод, ки 67 хоҷагии минтақа (66 хоҷагӣ аз деҳаи Неъматулло Асадулло ва як хоҷагӣ аз рустои Анҷумани XVIII ҳизб) ба маконҳои бехавф фавран кӯчонда шаванд. Саридораи геология дар гузориши худ навишт, ки ярч ҳамоно дар ҳоли ҳаракат аст ва таъхир метавонад фоҷиабор бошад.  Рӯзи 24 майи соли ҷорӣ ба ҳар 67 хоҷагӣ дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи ҷамоат 0,08 га заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо ва ҳамаи онҳо барои зиндагонии муваққатӣ бо хаймаҳо таъмин карда шуданд. 
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи такрорӣ дар ҳудуди деҳаҳои зикргардида рӯзи 1 июн гурӯҳи корие, ки аз ҳисоби мутахассисони Кумитаи ҳалатҳои фавқулода ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, бори дигар мавзеъро таҳқиқ карданд. Дар асоси ташхисҳои иловагии гузарондашуда ва пешниҳоди Саридораи геология кӯчондани боз 31 хоҷагии деҳаи Н. Асадулло дар назар аст.

РОҲАНДОЗИИ КОРҲОИ БАРТАРАФСОЗӢ
Барои бартараф намудани ҳолати фавқулодда дар деҳаҳои Н. Асадулло, Анҷумани XVIII ҳизб ва Хуросони ноҳияи Хуросон аз рӯзи аввал 30 нафар (баъдан 20 нафари дигар илова шуд) хизматчиёни ҳарбии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон барои кумак ба аҳолии зарардида сафарбар шуданд. Кумита ба ин ҳадаф 15000 литр сӯзишвории дизелӣ, 1 экскаватори ХУНДАЙ ва 1 борбардори фронталӣ ҷудо кард.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҳисоби захираҳои раиси вилоят 2 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ва 75 хайма дод, ки наҷотдиҳандагони КҲФ як шаҳраки муваққатии хайманишинонро бунёд намуданд. Таҳти роҳбарии Ситоди бартарафсозии офати табиӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои вилоят, ноҳия ва кумита иборат аз 3091 нафар коргарону хизматчиён, афсарону сарбозон, инчунин, техникаву нақлиёти махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ оғоз гардиданд. Рӯзи 29 май дар деҳаҳои зарардида, аллакай 186 хона пурра ва 4020 метр роҳи байни кӯчаҳо аз лою селоба тоза шуд. Танҳо 50 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ то 29 май 105 хонаи истиқоматии сокинонро пурра аз лойу лойқа тоза карданд.

КУМАКҲОИ РАСИДА БА АҲОЛИИ ЗАРАРДИДА
Тӯли ин рӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ, шахсони саховатпеша, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар кумакҳои зиёди ғизоӣ, маводи беҳдоштӣ, масолеҳи сохтмон расонда шуд, ки ҳамаи онро наметавон дар як мақола ғунҷонд. Хеле кӯтоҳ ин кумакҳоро ном мебарам: орд 45,8 тонна, картошка 20,5, пиёз 22,6, биринҷ 16,5, макарон 5,8,  марҷумак 3,  ярмаи ҷав 3, сабзӣ 12, равған  5,9 тонна, гӯшт 750 кило, шакар 90 кило, қанди сафед 190 кило, тухм 900 дона... Масолеҳи сохтмонӣ: 370 тонна семент, 370 метри мураббаъ тахта, 3700 дона шифер ва 74 тонна арматура.
Дар ин рӯзҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода илова ба сӯзишвории дизелӣ боз ба ниёзмандон  300 бастаи беҳдоштӣ, 300 зарфи даҳлитра барои оби нӯшокӣ, 100000 ҳабб барои безараргардонии оби нӯшокӣ, 1300 бистар, 1300 болишт, 1300 кампал, 1300 баста рахти хоб, 104 дона белу каланд, 260 сатили пластикии даҳлитра, 260 рӯпӯшҳои аластикӣ, 260 баста ҷиҳози ошхона, 260 баста маводи беҳдоштӣ тақсим намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон илова ба маводи ғизоӣ ба ниёзмандон 2000 ниқоб, маҷмӯи либосҳо, айнакҳои муҳофизатӣ, ҳароратсанҷ, бахил, дастпӯшҳо, кулоҳ ва маводҳои антисептикӣ таҳвил дод.
Ғайр аз ин, дар бораи қолину кӯрпаву кӯрпачаву болишт, сарулибос, ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра, ки соҳибкорони инфиродӣ, саховатпешагон, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ, ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон, Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон, созмонҳои хайрияи байналмилалӣ карданд, метавон боз чандин саҳифаҳоро пур кард.  Оре, ин навиштаро метавон идома дод. Ҳоло вазъ дар минтақа ба гунае нест, ки рӯзҳои аввал буд. Вале, ҳамоно корҳо мондаанд, ҳамоно сарбозони КҲФ ва дигар кумакгарон миёни обу лойянд ва поккориҳо идома доранд.
Ҳоло касоне, ки заминҳои нав гирифтанд, пойдевори хонаҳои худро мегузоранд, дар бахши холӣ аз иморати оянда кишт мекунанд. Айни замон онҳо бо масолеҳи сохтмон таъминанд, ҳар камбуде барои бунёди хонаҳо доранд, Ҳукумат тавони ислоҳи онро дорад.

Бобоҷон ШАФЕЪ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 194
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед