logo

иҷтимоиёт

ХУШБИН БОШЕМ! АНДЕШАИ ЯК ХОНАНДА

Имрӯз паҳншавии бемории коронавирус боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра гардидааст. Баъзе сокинони кишвари мо, ки оид ба вируси COVID – 19 маълумоти кофӣ надоштанд, ба хабарҳои ҳангомабарангези расонаву шабакаҳои иғвогар дода шуда, ба таҳлука афтоданд. Ҳарчанд мутахассисони соҳаи тиб пайваста таъкид менамоянд, ки коронавирус дар ҳама ҳолат ҳалокатбор набуда, бисёриҳо онро чун зукоми маъмулӣ пушти сар менамоянд.

Дар ҳолати гирифтор шудан ба COVID - 19   низ табибон маслиҳат медиҳанд, ки шаҳрвандон набояд битарсанд, зеро он дар ҳама ҳолат инсонро ба марг намерасонад, балки худи ваҳму таҳлука метавонад хатарноктар бошад. Дар ҳоле ки риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ, истеъмоли ғизои солим, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ва пайваста безараргардонии дастон бо маводи антисептикӣ аз воситаҳои асосии эмин мондани сокинон аз коронавирус мебошанд ва бо анҷом додани амалҳои мазкур шахс метавонад умуман ба ин беморӣ сироят наёбад.
Бояд гуфт, ки то имрӯз садҳо ҳазор нафар дар ҷаҳон аз ин вирус табобат ёфта, ба ҳаёти маъмулӣ баргаштанд. Аз ҷумла, сокинони кишвар ва дар баробари онҳо муҳоҷирони кории тоҷик дар Россияву Австрия бо пахши даҳҳо маводи видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор медоранд, ки онҳо мисли бемории зукомҳои қаблӣ аз коронавирус сиҳат гашта, айни ҳол сиҳату саломатанд.
Бояд гуфт, ки аксари мутахассисони соҳа ва равоншиносон тарсу ваҳм ва таҳлукаро омили асосии мусоидаткунандаи таъсири вирус ба организм медонанд. Равоншиноси тоҷик Маҳмуд Кабирӣ зимни як барномаи телевизионӣ дар чунин шароит оромӣ ва мусбатфикриро ба шаҳрвандон тавсия дод.
Коршиносон ғалаби асосии Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба коронавирус дар оромии ҷомеа ва дода нашудан ба ваҳму ҳарос медонанд. Чанде пеш шаҳри Уҳан, ки маркази пайдоиши ҳамин вирус аст, шаҳри орӣ аз COVID – 19 эълон гардид. Ин ҳама дар натиҷаи заҳмати содиқонаи табибон ва оромии ҷомеа ба даст омад. Дар вазъияти баамаломада дар кишвар сокинони ҷумҳурии мо ҳам бояд оромии равониро риоя намояд ва бо сабру таҳаммул бошанд.
Дар ҳамин росто, аксар кишварҳое, ки карантин эълон карда буданд, оҳиста – оҳиста ба ҳолати муқаррарӣ гузашта истодаанд. Нуқтаҳои савдою хизматрасониро низ зина ба зина мекушоянд. Аз ҷумла, дар Италия, ки ҳолати нигаронкунанда дошт, корхонаҳо дубора ба кор шурӯъ карданд. Ин ҳама бозгӯйи он аст, ки коронавируси нав ҳам  бемории муваққатӣ буда, дар натиҷаи азму иродаи қавӣ метавон зуд аз он раҳоӣ ёфт. Гузашта аз ин, дар бисёр кишварҳо шеваҳои беҳтари муолиҷаи беморони гирифтори COVID – 19-ро пайдо намудаанд.
Хулоса, мо бояд ба оянда хушбин бошем ва ба таҳлука дода нашавем. Дар баробари ин, бепарвоӣ ҳам ба манфиати мо нест. Беҳтараш, гигиенаи шахсиро риоя намоем, ғизои хуб истеъмол карда, нисбат ба худу атрофиён бошуурона муносибат намоем.

Наргис ҲАЙДАРОВА, омӯзгори МТМУ № 92, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 128
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед