logo

иҷтимоиёт

COVID-19. ДАР СУҒД БЕМОРХОНАҲО ТАДРИҶАН ХОЛӢ МЕШАВАНД

Тавре медонем, аз оғози соли 2020 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин вируси нав бо номи коронавирус COVID-19 зуҳур кард ва дар ҷомеаи ҷаҳон паҳн шуд. Дар ин асно Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар ҷаҳон ҳолати фавқулодаи эпидемиологӣ эълом намуд ва барои пайдосозии роҳҳои пешгирию муолиҷаи он беҳтарин мутахассисони соҳаро сафарбар кард. Мутаассифона, ин вабо рӯз ба рӯз доман паҳн карду тибқи иттилои СҶТ марзи 205 мамлакати ҷаҳонро убур намуд ва то кунун беш аз 7 миллион нафарро сироят кардааст. Бар асари ин беморӣ зиёда аз 400 ҳазор нафар фавтид. Хушбахтона, шумораи шифоёфтагон аз ду миллион нафар гузашт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонист, дар оғози пайдоиши ин маризӣ тадбирҳои муассири пешгирӣ аз сироятёбии шаҳрвандонро рӯи даст гирифт. Чораҳои пешгирӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шуд ва муддате нагузошт, ки вирус ба хоки кишвари мо расад.
Яке аз тадбирҳои муҳим бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат таъсис додани Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID-19 таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар буд. Мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои пешгирӣ ин бемории ҳамагир моҳи апрел дар кишвари мо сабт шуд ва дар пайи он вазъият таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифт.
Дар робита ба тақвияти корҳои пешгирӣ ва табобати беморон муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода, ҳамчун шахси масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вилояти Суғд сафарбар гардид, ки аз 1 май то ҳол дар вилоят қарор дорад.
Ҳамарӯза соати 19:00 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор мегардад.
Дар он ҳисоботи масъулони соҳа, аз ҷумла муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигора Ғаффорзода, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ, сардори раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода ва дигарон баррасӣ мегардад.
Ширин Исматуллозода зимни боздид аз беморхонаҳо ба фаъолияти пурсамари табибон, аз ҷумла Баҳодур Мӯминов, Бахтиёр Набиев, Рустам Бӯриев, Фирдавс Тӯраев, Умеда Тӯйчиева, Ибодулло Муродуллоев ва Мурод Ҷӯраев, баҳои баланд дод.
Муовини Сарвазири мамлакат, бо раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини ширкатҳои хусусии тиббӣ мулоқот намуда, аз онҳо даъват кард, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷиҳати бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузоштани доруворию лавозимоти тиббӣ ва пурзӯр намудани назорати ба таври сунъӣ боло бурдани нархҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин давра Ширин Исматуллозода аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд, ки бо истеҳсоли доруворӣ, либосҳои корҷомаи табибон, ниқоб, масолеҳи шустушӯӣ машғул ҳастанд, боздид намуд. Ташаббуси дигар, ки бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти мубориза бо паҳншавии коронавирус ба роҳ монда шуд, гузарондани рейди шабона бо иштироки Ширин Исматуллозода мебошад. Аз соати 22:00 то соати 24:00 аз тарафи муовини Сарвазири кишвар оид ба фаъолияти марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд, ҳолати безараргардонии кӯчаҳои шаҳр, фаъолияти ёрии таъҷилӣ рейд гузаронда мешавад.
Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд вазъи саломатии сокинон ҳамарӯза таҳти назорат қарор дорад. Бо ҷалби табибон, ҳамшираҳои шафқат, зиёда аз 900 волонтёр, инчунин, вакилони ҲХДТ гардиши хона ба хона роҳандозӣ гардида, беморон ба табобат фаро гирифта мешаванд.
Муовини Сарвазир бо табибон ва беморон онлайн-конфронсҳо баргузор намуда,  аз вазъ, шароиту имконоти беморхона ва табобат шинос мешавад. Зимни ҷаласаҳо зикр шуд, ки хушбахтона, шумораи беморон рӯз ба рӯз дар вилояти Суғд коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон низ кам гардидааст. Беморхонаҳо бошанд, тадриҷан холӣ мешаванд.
Дар ҳақиқат, натиҷаи меҳнати шабонарӯзии ворисони Ибни Сино – табибони тоҷик буд, ки имрӯз дар вилоят сироятёбӣ ба бемории мазкур коҳиш ёфт. Ва ин ҳам мегузарад, бояд бовар дошт, ки рӯзҳои хушу хотирмон моро дар пеш аст. Мо бояд ҳаргиз ноумед нашавем! 

Моҳира РАҲИМЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2020    №: 109    Мутолиа карданд: 94
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед