logo

иҷтимоиёт

КОРОНАВИРУС. "ГУЛБАЗМ"-И ҲАРИФОНИ ИДЕОЛОГӢ ПОЁН МЕЁБАД

Аз оғози соли нав то кунун инсоният ба мушкилоти бемории сироятии коронавирус COVID – 19 рӯ ба рӯ гардида, ҳатто кишварҳои абарқудрати олам, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратҳои бузургеро соҳиб ҳастанд, дар баробари ин фоҷиаи аср оҷиз мондаву аз он ранҷ мекашанд. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асари сирояти ин беморӣ берун намонд.
Сиёсати дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд моҳ пеш ба самти анҷоми корҳои омодагӣ барои пешгирӣ аз ин вабои аср нигаронда шуда буд. Дар натиҷа, имконоти мавҷудаи низоми тандурустии мамлакат барои ҷилавгирӣ аз сирояти ин беморӣ равона гардида, ҳамакнун мардуми тоҷик дар марҳилаи гузариш аз ин имтиҳони сангин қарор дорад.
Дар сафи пеши ин мубориза табибони тоҷик имрӯз саф кашидаанд, ки дар навбати аввал бо ҷасорат ва ҷавонмардӣ, нангу номуси ватандорӣ, садоқат ба қавлу қасами хеш амал карда, барои табобати мардуми азизи худ ҷон рӯи каф қарор доранд. Воқеан, ин арсаи имтиҳони навбатии тақдир ва таърих нишон дод, ки мардуми тоҷик чун аҷдоди шарафманди хеш садоқати бузургу беназире ба ормонҳои миллӣ, оини ватандӯстиву ватандорӣ дорад, яъне дар ҳалли тамоми мушкилу муаммои хеш, рафъи душворӣ ва мусибатҳои пешомада аз роҳи таҳаммулпазирӣ, ҳамраъйӣ ва дӯстиву рафоқат пирӯзӣ ба даст овардааст. Имрӯз низ ҳамин садоқат ба ормонҳои худро мардуми азизи тоҷик нишон дода истодаанд ва ҳар яке мехоҳад дар ҳалли ин мушкилот ва рафъи вабо саҳме гузорад.
Садоқат ба Ватану мардуми азизи хеш, расидан ба қадри давлати миллӣ, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо насиби мо гардид, мардуми миҳанпарасти моро водор намуд, ки канори ҳам биёянд, то дар ин арса роҳи наҷот ва пирӯзиро пайдо намоянд.
Аммо дар миёни ин ҳама талошу пайкорҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, мутаассифона, гурӯҳҳои манфиатхоҳ мусибату дард ва ҳатто пайомадҳои ин бемориро барои ғаразҳои шахсии хеш истифода мекунанд ва кирдорҳои душманонаи хешро бори дигар нишон медиҳанд. Наҳзатиҳое, ки аввали солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон  ба  истифода  аз  эътимоду  бовари  мардум мехостанд, ки давлати миллии баъди ҳазорсола ба он дастёфтаи моро дубора аз миён бардошта, давлати ба ном исломӣ барпо кунанд, имрӯз боз фурсатталабӣ намуда, талош доранд аз ин мусибат ба нафъи худ истифода баранд. Мутолеаи маводи дар сомонаҳои хидматгузори ТТЭ ҲНИ ва саҳифаҳои пайравони он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда касро ба андеша водор мекунад, гӯё онон танҳо хабаррасонони маргу мир бошанд, танҳо аз марги шаҳрвандон мегӯянд. Ҳатто нафароне, ки аз асари бемориҳои дигар вафот кардаанд, ба бемории коронавирус нисбат дода, бо ҳамин роҳ ақидаҳои гумроҳсозандаро мепарокананд. Боре ҳам фикр намекунанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар мақоми ба ҳам омадан, ғояҳои ваҳдати башариро талқин мекунад бори дигар симои ҳақиқии онҳоро хоҳад шинохт. Ва табиист, ки мардуми ҷаҳон низ онҳоеро, ки дар чунин вазъияти ҳассос ба миллати хеш ихлосу иродат намеварзанд, қабул нахоҳанд дошт. Ё худ башарият дар чунин шароити ниёз ба ҳамдилӣ ва ягонагӣ ҳаргиз ихтилофкоронеро, ки ба халқу миллати хеш душманӣ доранд, намепазиранд, чун нифоқ ва душманӣ ба мардуми хеш дар ин айём метавонад душманӣ ба тамоми башарият бошад.
Чунин рафтори ноҷавонмардонаю амалкарди наҳзатиҳо як навъ беморист, бемории маъруф ба бадбинӣ. Асари ин беморӣ на камтар аз пайомадҳои коронавирус хоҳад буд, чун оқибат чашмҳо ҷуз бадиро шинохтан ба чизи дигар қодир намемонанд, дигар зебоиву шукӯҳу шаҳомат ва хубиву назокатро мушоҳида карда наметавонанд, ки ниҳоят бар зарари соҳиби чашми тирабин тамом мешавад.

Нуралӣ НУРЗОД, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 275
28.10.2020


ЛАХШ. РУШДИ ТОЗАИ БОҒДОРӢ

САНОАТИ МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. СУРЪАТИ РУШД БА 12,5 ДАРСАД РАСИД

ПАНҶ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ ФАРХУНДА

СҶТ АЗ КОҲИШИ СИРОЯТИ COVID-19 ДАР ҶАҲОН БАЪДИ ХУРУҶИ БЕСОБИҚА ХАБАР ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.10.2020


СУҒД. 73 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ НАВ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

ТАҒЙИРОТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БАРҚАРОР МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

"СИПАР" – ҚАҲРАМОНИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛ

26.10.2020


Дар Қирғизистон интихоботи парламентиро мавқуф гузоштанд

Кремл шарти ҷалби Туркияро ба музокироти Қарябоғ гуфт

Ҷавоби Путин ба рақибоне, ки интизори фанои Россия ҳастанд

Табиби олмонӣ барои табобати беморони SARS-CoV-2 ба Тоҷикистон омад

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

СПИТАМЕН. БУНЁДИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ЧОЙХОНАИ “РОҲАТ”

94 ҲАЗОРУ 262,2 ТОННА ПАХТА ҶАМЪОВАРӢ ШУД

ХУҶАНД. БОЗ ЯК ШУЪБАИ ТАБОБАТӢ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ

22.10.2020


"РАВШАН" – ҒОЛИБИ ЛИГАИ ЯКУМ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. СОЛИ ЧАРОҒОНКУНӢ

ПОМПЕО ИМА ВА РОССИЯРО БА ОҒОЗИ ҲАРЧИ ТЕЗТАРИ ГУФТУШУНИД ОИД БА МСС-3 ДАЪВАТ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.10.2020


90 СОЛИ ПУРБАРОР

САРАЗМ. АЗ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ТО ТАНТАНАИ ЗИНДАГӢ

ҶАШНИ МЕҲРГОН ВА ФЕСТИВАЛИ ШОЛИЮ БИРИНҶ

19.10.2020


ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "РАВШАН" БАРАНДАИ ОН ГАРДИД

16.10.2020


МОЛИЯЧИЁНИ ХАТЛОН: МО ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ТАСАРРУФИ 430 000 ДОЛЛАР. ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ НИСБАТ БА ҚАЛЛОБЕ, КИ ДАР АВРУПО ПАНОҲ МЕБАРАД

14.10.2020


«ҲАБДАҲ ЧАМАН»

13.10.2020


ХАТЛОН. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ТОҶИКИСТОН. 88,7 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО – 2020 «БАРСЕЛОНА» ҚАҲРАМОНИ ОН

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ СААД ДАР БЕЛАРУС

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛЕВАКАНТ. ТАҶДИДУ НАВСОЗИИ РОҲҲО


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед