logo

сиёсат

МАН ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛАМ. АНДЕШАҲОИ ҶАВОНДУХТАРЕ, КИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БАРОИ ХУД ИДЕАЛ МЕДОНАД

Хушбахтона, ин Меҳан барои фардоиёнаш, ки амалҳои созандаашон омӯзанда асту сабақдиҳанда беҳтарин идеалҳоро дорад. Ва дар садри ин номҳо, бешак, фарзанди дилписанди халқ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки бо хиштҳои меҳру садоқат ва боварӣ ба фардои дурахшон ин хонаи умедро бино сохтанд.
Пешвои миллат алангаи оташро хомӯш ва ҷойи он ниҳоли сарҷамъиву иттиҳод шинонданд, ки имрӯз сабзу борвар асту миллат аз он ком ширин мекунад. Дар мавриди корнамоиҳои Сарвари давлат дар роҳи эъмори давлатдорӣ мешавад бисёр навишт, аммо мехоҳам ба имрӯзи кишвар руҷӯъ намоям, ки вазъи ҳассосеро паси сар мекунад.
Бемории коронавирус чун дигар кишварҳо ба сарзамини азизи мо ҳам панҷа зад. Ин, албатта, ба рӯҳияи мардум бетаъсир намонд: нигоҳҳо маҳзун шуданду димоғҳо сӯхта. Аммо Сарвари хирадсолори давлат чун солҳои фоҷиабори миллат ки: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» гуфта буданд, боз ҳам бо суханони «Мо, миллати тоҷик, дар солҳои бадбахттарин сангинтарин рӯзҳоро паси сар кардем, ин мушкилиҳои омадаро паси сар мекунем», дубора дар қалбҳои маъюс шуълаи умед афрӯхтанд. Ин таъкидашон, ки «зиндагӣ худ мубориза аст, бо талошу муборизаи муттаҳиду сарҷамъона, албатта, аз ин вазъи душвор мебароем», ҷон дошт.
Барои таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ чораҳои саривақтӣ ҷустанд.  Тавсия доданд, ки шаҳрвандон, махсусан гурӯҳи осебпазири ҷомеа, дар хона бимонанд, аммо худ ҷон дар кафи даст ба назди халқ рафтанд. Шароити беморхонаҳои пойтахтро аз наздик диданд. Дар шаҳру навоҳии кишвар бо масъулон мулоқот ва онҳоро баҳри идомаи созандагӣ роҳнамоӣ карданд. Дари корхонаҳоро кушода, ба дидори хоҷагидорон рафтанд.
Мардум бори дигар бо чашми сар дид, ки Роҳбари ғамхору пуштибон дорад. Ин амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат миёни аҳолӣ ҳамовозӣ ёфт. Сухан аз матонату ҷасорат сар шуд. Устоди Донишгоҳи миллӣ Бахтиёр Қутбиддинов дар саҳифаи иҷтимоиаш бо номи «Ин ҳамон мард аст» нигошт:
«Аҳсант! Ин ҳамон мардест, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ миёни обу оташ Хатлон, Суғд, Бадахшон, Раштон мерафт. Ба Афғонистон рафт ва дар миёни силоҳдорони бегона аз сулҳу сафо ҳимоят кард.
Ҳайронам, чӣ гуна бидуни тарс аз вабо аз ҷараёни зиндагиву кори халқ воқиф будан мехоҳад. Аз сироят парво надорад.
Ин ҳамон марди фидоӣ аст ва бо хости Худо сарварии давлатеро бар дӯш дорад.
Ин ҳамон мард аст, ки барои пешрафти Ватан аз хатару марг ҳарос надорад».
Воқеан ҳам, ҳар як иқдоми Сарвари давлат боиси пайравист. Ҳанӯз аз оғози ошкор шудани коронавирус дар кишвар аввалин шуда, маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID - 19 таъсис ёфтааст, гузаронданд. Дар пайравӣ аз Пешвои миллат на танҳо кормандони вазорату идораҳо, балки шаҳрвандон низ худро барои наҷоти миллат масъул донистанд ва барои ғанӣ гаштани фонди мазкур ҳисса гузоштанд. Муаллиме дар ноҳияи дурдасти кишвар мактаб ва гузари худро безарар карду саховатпешае дар ин рӯзҳои мушкил дасти ҳамдеҳаву ҳамсояи ниёзмандаш гирифт. 
Ин аст ватандорӣ. Ватандорон дарси садоқат аз Пешвои маҳбуб омӯхтаанд. Бо дидани ин ҳама дил фараҳ меёбаду ҳисси ифтихор боло мегирад. То вақте тоҷик чунин фарзандон дорад, хонаи умедаш бегазанд хоҳад монду номи некаш ҷовидон.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2020    №: 113    Мутолиа карданд: 347
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед