logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ ФАРЗАНД БОИСИ ИФТИХОР МЕШАВАД...

Раиси ҷавону кордони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз зумраи сиёсатмадорони ватанпарвару инсондӯст ва ташкилотчию ташаббускорест, ки ободкориҳои ахири пойтахт ба номаш пайванданд. 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки пешрафту тараққиёти имрӯзаи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро маҳбуби мардум гардондаву ба сӯи комёбиҳои бештар ҳидоят менамояд. Ин аст, ки инкишофи соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии пойтахтро дида, дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба ҳайси раиси ин мақомоти олии қонунгузорӣ интихоб намуданд. 
Аз рӯи шунидам, ӯ шахси ҳалиму хоксор ва заминӣ асту бо мардум муносибати бародарона дорад. Чанде пеш гирди хони падар ҷамъ омадему чун ҳамеша аз рӯзгори одамони наҷиб нақл оғоз кард:
- Дар ҷанозае иштирок доштам. Чун ба манзилгоҳ расидем, ҷавоне сари китфамро афшонд. Нигоҳ кардаму нашинохтам. Баъди андаке як шогирдам гуфт, ки ӯ писари Ҷаноби Олӣ Рустами Эмомалист. Дар ҳайрат мондам, ки бо чунин мақому мартаба ин қадар хоксору дидадарост. 
Суханашро давом дод падарам:
- Ӯ, ки парвардаи хонадони Пешвои миллат аст, барои шукуфоии Ватани азизамон, саҳми бештар хоҳад гузошт. Ман бо чашмони худ  дидаам, ки Пешвои миллат барои ҳифзи қонуният, ҳақиқату адолат, пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб чӣ гуна мубориза мебурданд. Ҳамин ҷаҳду талошҳои инсонпарварона, ватандӯстона ва андешаҳои олии наҷибона буданд, ки Ҷаноби Олиро ба ин дараҷа расонданд. Ва бояд фарзанди чунин шахсият давомдиҳандаи кору пайкори падар бошад. 
Рустами Эмомалӣ бо вуҷуди ҷавонӣ бо қувваю матонати ҷасурона барои ояндаи неки Тоҷикистони маҳбуб ҷиддан камари ҳиммат бастааст. Чунин шахсиятҳои неруманду тавоно ва заковатманду маърифатпарвар метавонанд ин Ватанро обод созанд. 
 
Фозилҷон НУРОВ, 
сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Панҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2020    №: 116    Мутолиа карданд: 295
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед