logo

иҷтимоиёт

РУКНИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар навбати худ аз беҳтарину арзишмандтарин санаи таърихии мост, ҳамзамон, дарс ва сабақи ибратомӯз на танҳо барои тоҷикон, балки барои дигар кишварҳои ҷангзадаву таҳлилгарону мутахассисон мебошад. Яъне, бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Тасаввури хомӯш кардани оташ ва алангаи ин ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар он рӯзгор ҳатто ба зеҳни кас ҳеҷ гоҳ роҳ намеёфт. Чунки намунаи ин гуна ҷангҳо дар дигар мамолики чи пешрафта ва чи қафомонда барои он замина фароҳам меовард. Гумон мерафт, ки мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ васила ба сулҳу ваҳдат шарафёб шуда наметавонем.

Замон ва ҳодисоти фоҷиабори рухдода собит сохт, ки Сарвари ҳақиқӣ ва асили давлату миллат бо ҷасорат, хирад дилсӯзӣ, ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ ва дидани ояндаи нек баҳри барқарории сулҳу ваҳдат ва пойдории миллат метавонист, ки манфиатҳои миллиро ҳимоя кунад. Ин ҳақиқатро мухолифин низ он замон эътироф карда буданд. Вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳавзаи интихоботии № 172 дар охири соли 1992 дар Сессияи тақдирсозу таърихии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Сарвари давлат интихоб гардиданд. Дақиқтараш ин бори сангин масъулиятро бо боварии том бар дӯшашон гузоштанд.
Мардум дар он рӯзгор ташнаи сулҳ, қатъи хунрезӣ  ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар буд. Сохтору мақомоти давлатӣ комилан фалаҷ шуда буд. Гурезаҳои иҷбориро мебоист ба Ватан бармегардонданду хонаҳои сӯхтаву валангоргардидаро барқарору обод месохтанд.
Ҷангҷӯёну хоинони Ватан нахустин Прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоевро ошкоро ба қатл расонданд. Ин як ҳушдор ба ҳамаи кормандони мақомоти интизомӣ ба шумор мерафт. Бо ин амал ва дар ин гуна ҳолатҳои вазнин хостанд, ки эътибори волоияти қонунҳоро бо сохторҳои назоративу муҳофизатӣ аз байн бибаранд. Яъне, ҷиноятҳо, хосса қатлу куштори инсонҳо, талаву тороҷи моликияти давлатию хусусӣ, ба таври маъмулӣ сурат мегирифтанд.
Ҳазорон – ҳазор одамон, шаҳрвандони кишвар дар ин ҷанг кушта шуданд ва кӯдакон ятим монданд.
Имрӯз аз саҳифаҳои таърихи миллат мехонем, ки барои расидан ба сулҳу субот Сарвари давлат ҷон дар кафи даст ва ҳам синаро сипар карда, ба хотири сулҳу ваҳдат, пойдории давлату миллат ба бисёр нуқтаҳои доғ рафтанд ва бо мухолифин ҳамсуҳбат шуданд. Инчунин, чандин маротиба санади башардӯстонаи авфи умумӣ эълон карданд.
Барои насли имрӯза шояд ин ҳақиқат камтар маълум бошад, ки кор бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба поён нарасид. Ба ҷуз ин, сулҳ ва ризоияти комили миллӣ ба даст наомад. Сарвари давлат ба хотири таъмини он, аз байн бурдани кинаву адоват ва аз дасти ҷинояткорон бозпас гирифтани яроқу аслиҳа тамоми тадбирҳои заруриро андешиду амал кард. Имрӯз низ талошашон бар он аст, ки ҳисси ифтихори  миллиро ба хотири иттиҳод ва якпорчагӣ боло бибаранд. Воқеан, ҳоло ҳам гурӯҳҳову ниҳодҳои махсуси ифротгаро, душманону хоинон мехоҳанд ҷангро ба кишвари мо таҳмил бикунанд ва ҳам давлатеро бо номи Тоҷикистон дигар дар харитаи ҷаҳон набинанд. Таҷрибаи талхи ин ҷанг ба такрори ҳодисоти номатлуб ҳеҷ гоҳ имкон фароҳам нахоҳад овард. Ба ин хотир, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, хосса ҷавонони мо, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Пешвои миллат бо ёдоварии он рӯзгор ва андарз ба насли нав иброз доштанд: «Мо музокироти сулҳро бо мухолифини мусаллаҳ бо талабу дархост ва майлу иродаи халқи азизамон, ба хотири қатъи хунрезиҳои даҳшатнок, ҳифзи ягонагии миллат ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон оғоз кардем».
Созишномаи мазкур, воқеан, санади наҷоти миллат, кишвар ва давлат мебошад. Ҳамзамон, ин сана, яъне 27 июн оғози ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароити орому осоиштаи зиндагӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ба таъкиди Сарвари давлат «имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз  ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем».

Раҳматулло ХОЛОВ,
прокурори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 2
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2020    №: 117    Мутолиа карданд: 234
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед