logo

иҷтимоиёт

СОЛИ 1993: ДУ РӮЗ ДАР ВАНҶ Ё ОРЗУЕ, КИ ҶОМАИ АМАЛ ПӮШИД

Соли  1993  миёнаҳои  дуюми  моҳи  август.  Гуфтанд, ки бо як гурӯҳ фидоиёни роҳи  ҳокимияти конститутсионӣ  ба  Бадахшон  рафтанат  лозим  аст.
Баъд андешидам: «Ҷони кӣ ширин нест? Оё чандин ҷавонмарде, ки шаҳид шудаанд, ҷонашон чун ҷони  ман  ширин  набуд?  Пас,  бояд  ба  Бадахшон  равам».
Моро    Раиси  Шӯрои  Олии  ҷумҳурӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  қабул  кард.  Суҳбат  як  ҳадаф  дошт:  «Бояд мардуми  Тоҷикистон  ба  ҳам  биёяд».
Роҳбари гурӯҳ Қозидавлат Қоимдодов буд. Аз Кӯлоб  раиси  вақти  шаҳр  Тошмад  Назиров  низ ҳамроҳӣ мекард.
Дар  он  айёми  мушкил  ва  вазъиятҳои  саргуму печида ин иқдоми давлат дар қатори масъалаҳои муҳими оғозгардида барои  сулҳу  салоҳ  дар байни бародарон  буд.  Бешубҳа,  аз  ҳама    аламовар  ва  мудҳиш он  менамуд,  ки бародар ба бародар  гӯяд,  ки  «мо бародарем  ва  бояд  дар паҳлуи  якдигар  бошему  якдигарро  талаф  надиҳем». 
Мо  дар  вақти  таъйиншуда  дар  тайёра  нишастем.  Шумораи мусофирон аз меъёр зиёд буд.
Бегоҳ  сари  як пиёла  чой  мо ба  якдигар  шинос шудем.  Аз  фурсат  истифода бурда,  ман  аз  бародарони  шоирам  Ширин  Бунёд, Салимшо Ҳалимшо ва  боз  чанд  нафари  дигар  пурсон  шудам. Гуфтанд, ки вақти онҳоро дидан ҳам пайдо мешавад… Инро ҳам бояд гӯям, ки дар ҳамин суҳбат масъалаи «кӣ бояд ба куҷо равад», ҳал гардид. Ман бо муҳтарам Қозидавлат Қоимдодов, Тошмад Назиров ва баъзе бародарони дигар бояд ба  Шоҳдара  мерафтем,  ки  ба  ҳар  ҳол  як  андоза  водии «ором» ба шумор мерафт. Вале  як  пиразани  ванҷӣ бо эътироз сухан гирифт:
- Ман бояд бо шоир Ҳақназар Ғоиб ба Ванҷ равам. Агар  он  кас  наравад,  ман  ҳам  намеравам, - гуфт. 
- Ман  медонам,  ки  неруҳои низомии мухолифин  дар Дарвозу  Ванҷу  Язгулом  қарор  доранд. Вале  бигзор  хоҳиши  ин  модари  меҳрубон  ба  ҷо  биёяд, - гуфтам. 
Саҳар  бародари  азиз,  шоири  тавонои  тоҷик Ширин Бунёд пайдо шуд. Мо якдигарро гарм дар оғӯш гирифта, дар мошин нишаста ба роҳ баромадем. Ба гуселкунандагон  пеш  аз  роҳӣ  шудан  таъкид  кардам,  ки «бародари  мо  Салимшоро  аз  мо нагурезонед.  Ман  бояд ҳатман ӯро бубинам».
Бо  хушгӯиҳо  бо  Ширин  талхиҳои  он рӯзҳоро ширин ва роҳро кӯтоҳ мекардем. Дар ин асно дилам ба хӯрдани тут кашид ва ба Ширини азиз гила пеш овардам:
- Ширин, ту ширинӣ, вале фикр намекунӣ, ки ба мани талх ҳам ширинӣ даркор.
- О, Ҳақназар, андак фикр кун, вақти тутхӯрӣ нест, вазъиятро  хонаи  очаат  гумон  мекунӣ?  Моро  дар  Ванҷ интизоранд.
Ман якравӣ карда, аз фикрам барнагаштам. Охир дар он сол ва дар он вазъият кӣ моро дар Ванҷ интизорӣ мекашад,  дар  ҳоле  ки  раиси  қонунии  ноҳияи  Ванҷ  то нисфи роҳ нарафта, ба куҷое ғайб зад. Баъд фаҳмидам, ки ӯ бо ном раис будааст, Ванҷро дигарҳо идора мекардаанд.
…  Ман  бо  духтарон лутф  кардам,  ки Ширинро овардам, барои боз ширин шуданаш, ӯ бо мани кӯлобӣ  талх  шудааст  ва  бояд  боз   ширинияшро баргардонад.  «Ман  Ҳақназар,  аз  Кӯлоб,- худро шиносондам.  - Ана  ин  Ширин,  аввал  барои  шумо  шеър мехонем, баъд дар баҳои музди шеър тут мехӯрем. Шумо розӣ?» Духтарон тамоман ҳайрон ва моту маҳбут монданд. Шояд  мегуфтанд,  ки  кӯлобӣ  дар  ин  рӯзҳо дар  Бадахшон чӣ кор мекунад? Вале  шеърхонии  ману  Ширин  рӯҳи  онҳоро навозиш  дода,  чеҳраҳояшонро    шукуфонд.
Шуғнидухтарон  мехостанд,  мо  бо  онҳо  дарозтар  суҳбат карда, шеърхонӣ  кунем.  Ва  дар  ин  лаҳза,  дар  дунёи комилан ноороми он рӯзҳо барои мо ҳамагӣ ним соатаки фориғию фароғат муяссар шуд, ки ҳам шеърхонӣ ва ҳам як табақча тутро нӯши ҷон намудем.
- Хез,  Ширин,  ба  мошин  менишинем,  ман  ҳам  дар ширинӣ мисли ту шудаам, дигар чӣ парво?
Духтарҳо ба завқ омада хандиданд.
- О  духтарҳо,  бовар  накунед,  Ширин  ман,  ин  ҳеҷ вақт  Ширин  намешавад,  вале  шумо  ҳамеша  ширинед, хайр,  мо  рафтем. 
…Дар Ванҷ моро чанд нафар истиқбол  карданд.  Ванҷ  Ванҷи  соли  90-ум  набуд.  Дилам таҳ зад ва ёди рӯзҳои хушро карда, афсӯс хӯрдам. Гиря гулугирам намуд… Ба ҷои раиси ноҳия бо ман шахси дигар суҳбати  танҳо  ба  танҳо  орост,  гоҳ-гоҳ  модарони  хору зори  ванҷӣ,  ки  шояд  аз  хоки  Афғонистон  гузашта,  ба Ванҷ омада буданд, назди мо медаромаданд ва роҳҳои чӣ хел  ба  Вахш,  ба  хонаҳои  худашон  баргаштанро меҷустанд. Оҳ, ҷанг, ҷанги хонумонсӯз! Ту муқаддасияти бузурги  модариро  низ  мешиканӣ,  тифлакони  модарро мерабоӣ  ва  модарро  дар  кӯи  номуродиҳои  мудҳиш сарсону саргардон мекунӣ. Онҳо, дареғо, дар Ватан Ватан меҷустанд.
Ман  дар  чеҳраи  ин  модарон  ғами  бузургеро  эҳсос мекардам. Фурсати ба пуррагӣ аз аҳволи онҳо воқиф шудан  набуд.  Баъзеяшон  дар  даст  тифли  ширхора доштанд. Онҳо бо чи роҳ ба ин ҷо омадаанд, дар ҳоле, ки роҳи  Кӯлоб  барояшон  баста  менамуд.  Дар  ҳоле,  ки  аз бародарони  кӯлобӣ  бо  афсӯс  мешунидам,  ки  вазъи гурезаҳо  ниҳоят  бад  аст.  Хосса,  дар Афғонистон,  яке фарзанд,  дигаре  шавҳар,  сеюмӣ  бародару  хоҳар  гум карданд ва тифли бо саду як умед ба дунё овардаи баъзе модарон низ ба коми дарё рафтааст…
Вале  аз  як  чи  дар хавотир  шудам.  Аз   гурӯҳи тарғиботӣ касе ба чашм намерасид. Шояд паи суҳбатҳои хоссаи  худ  банд  буданд?  Ширин  ҳам  як пайдо ва «ман баъзе суҳбатҳо дорам» гуфта, аз  майдон  берун  шуд. 
Ба  сухан  оғоз карда, аввал шеъри «Ба ҳам оед»-ро хондам:
Эй қавми пароканда ба олам, ба ҳам оед,
Шуд хонаи мо хонаи мотам, ба ҳам оед.
Шуд хоки Ватан гӯру кафан баҳри азизон,
То гӯр дар ин хок шавад кам, ба ҳам оед.
Мо беш зи бегона, ки сархамшудагонем,
То боз нагардем сари хам, ба ҳам оед.
Ҳис  кардам,  ки  баъди  хондани  ин  шеър  ба сари муҳтавои сафарамон омадан осон мешавад. Ин шеър, хосса ба онҳое, ки азоби ҷудоӣ аз ёру диёрро кашидаанд, таъсири хуб гузошт. Ман  ҳам  суҳбат  мекардам  ва  ҳам  ба  саволҳо ҷавоб  дода, бародарони  гурезаро  аз  рӯи  дастури  аз Сарвари  давлат  гирифта мегуфтам,  ки  алоҳида-алоҳида  не,  сарҷамъона  ба хонаҳоятон баргардед, ки ҳифз карданатон осон шавад.
Дар  ҳамин  вақт  як  бародаре,  ки  ба  фикрам  аз низомиёни  мухолифин  буд,  ба  китфам  зад, нигоҳи  бадхашмаш  сар  то  поямро  ба  сӯзиш  даровард. Чунки бо чунин нигоҳ аввалин бор рӯ ба рӯ мешудам. Аз суханаш  хашму  нафрат  аланга  мегирифт.  Дил  ба  Худои ягона,  ба  осмони  бекарон  пайваста,  нигоҳе  ба  чашмонаш карда, нарм гуфтам:
- Бародар,  ту  дар  суҳбати  мо  набудӣ,  илоҷе надорад,  ки  пас  аз  ин  суҳбат  бо  мардум  ҳамроҳи шумо  якҷоя суҳбат кунем.
Ӯ бо ғазаб аз мо дур шуд.
Як  бародари  ванҷӣ,  ки  худро Қаноат ном  гирифт,  аз сулҳу  салоҳ  суҳбат  орост  ва  гуфт: «Мардигарӣ  ба  ҳамин  шоир,  ба  ҳамин  кӯлобӣ,  ки  аз Кӯлоб  дар  вазнинтарин  рӯзҳо  ба  Ванҷ  омада,  моро даъват карда  истодааст,  ки  худкушӣ  нанамоем  ва давлатамонро мустаҳкам кунем…».
Баъди вохӯриҳо бо якчанд шахси зарурӣ, ки метавонистанд  масъули  осоиши  мо  бошанд,  ба Гармчашма  рафтем,  ки  баъди  ин  деҳа, аз  рӯйи  гуфти раҳбалад,   ин  ҷо  оғози  роҳ  ба  Ағбаи Хирсон будааст.
Шаб  дар  хонаи  раис  хобидем.  Не! Аслан хоб куҷо?  Зеро  ин андеша,  ки  мабодо  ҳодисае  рух  надиҳад,  хобро  аз  мо, меҳмонон,  мегурезонд.  Бо  Ширин  Бунёд  бо  навбат ҳофизӣ  мекардему  ширинсуханӣ.  Соати  чори шаб  сар  ба  болин  мондем. Саҳар  боз  роҳи  маркази Ванҷро пеш гирифтем. Соҳибхонаро ба некӣ ёд мекардем,  ки  аз  ҷумлаи  ҷавонмардони  бо  ному  бо  нону намак  будааст.  Дар  роҳ  ҳарҷо-ҳарҷо  бо  одамони моро интизорбуда суҳбат меоростем. Дар хонае ба мо хӯроки  нисфирӯзӣ  доданд. Соли  1990  низ  меҳмони  ин макон будам. Ҷойи  шинос  ва  шахсони шиносро  дида,  хурсанд  шудам  ва  сафедореро  васф кардам,  ки  дар  дасти  тут  рост  қомат  меафрохт…  Гӯё посбони  хона  буд.  Дигар  дар  ҳама  умр  манзараи  ба  ин монандро дар ҷое надидам.
Баъди  нӯшидани як  пиёла  чой дар  чашмони  аҳли хонавода  безобитагие  эҳсос  кардем. Таъҷилан бархоста, ба роҳ баромадем.  Супориш  шуда  будааст,  ки    роҳи Хоруғро пеш гирем. Вале пиразани ҳамроҳи мо гуфт, ки моро  дар  маркази  Ванҷ  интизоранд.  Ман  ба  баъзе норозиҳои ҳамроҳон нигоҳ накарда, талқин кардам: «Бигзор,  ин  вохӯрӣ  барпо  гардад!» 
Дар  маркази  Ванҷ  ин дафъа  моро  бо  дафу  доира  ва  хушнудии  тоҷикона истиқбол карданд. Бо аҳли нишаст, ки дар толори хонаи маданият  гирд  омада  буданд,  вохӯрӣ  хуб  гузашт. Нохубаш  он  буд,  ки  мисли  рӯзи  аввала  ба  ғайр  аз  ман касе дигар сухан нагуфт. Пас аз ин мо таъҷилан роҳи Хорӯғро  пеш  гирифтем.  Ҳамроҳон  бо  дидани  мо  хушҳолӣ карданд…
Бегоҳ бо аҳли зиёву фаъолони шаҳри Хоруғ суҳбат оростем.  Шаб бо муҳтарам Тошмад  Назиров  моро раиси  вилоят  дар  хонааш  як  пиёла  чой  дод.  Тахминан соатҳои  якуними  шаб  вориди  меҳмонхона  – қисми ҳарбии аскарони Россия шудем, ки аз ҷиҳати амниятӣ ҷойи дилпур  буд. Мутаассифона,  дар ҷойи  ман  шахси  дигаре мехобид. «Ҳимматбаландӣ» карда, гуфтам, ки маро ба  меҳмонхона  баред.  Аз  чи  бошад,  ки  бе  ҳеҷ андеша маро ба  меҳмонхонаи  умумӣ  бурданд.
Бурданду партофтанду рафтанд. Аз қазо, дар меҳмонхона ҷой набуд. Бароям дар роҳрав рахти хоб густурданд. Хобиданӣ будам,  ки  шоири  ҷавон Нафасбек  Раҳмонӣ  пайдо  шуд,  ки  мо  пештар  бо  ӯ муносибати  хуби  дӯстона  доштем.  Нафасбек рӯзномаи мухолифинро ҳамчун сармуҳаррир омода менамуду ба чоп мерасонд. Ҳолати ногуворе ба вуҷуд омад. Дӯстам сархуш буду идоракунияш мушкил. Зуд ба ғазаб меомад. Бо мушкилии зиёд  ӯро  ором кардам, вале аллакай соат аз чори шаб гузашта буд. Гуфт: «Ҷоят  мувофиқ  не,  биё  бо  мо  хоб  меравӣ».  Берун баромадем.  Ҳама  ҷо  торик.  Нафасбек   дар  як  бинояки лаби об мехобидааст, ки барои ман сахт шубҳанок афтод.
Гуфтам: - Беҳтараш  ҳар  кас  дар  ҷойи  худ  хоб  равад.  Агар ҳодисаи ногуворе бо ман рух диҳад,  ту,   дӯстам,  бадном  мешавӣ. 
Ӯ розӣ шуд. Ва ман ба ҷойи худ рафтам. Дидам, ки соҳиби меҳмонхона чун барги бед меларзад. Аз ӯ хоҳиш кардам: - Маро  дар  ягон  хона  байни  шахсони  ба  худат шинос ҷой деҳ. Ман аз рӯйи одат дар рӯйи фарш оромтар мехобам.
Соҳиби  меҳмонхона  дар  як  хона  рӯйи  фарш, миёни  чор  нафаре,  ки  болои  кат  мехобиданд,  рахти  хоб густурд. Ва ман он ҷо хобидам. Саҳар ҳамроҳон маро дар ин ҳол дида, дар тааҷҷуб афтоданд, ки дар ин ҷо аз куҷо ва чӣ хел пайдо  шудам.  Саҳар  ҳангоми  дастурӯйшӯйӣ Нафасбекро  дидам,  ки  сахт  дар  ҳоли  асабоният  буд.
Бо  ӯ  хайрухуш  кардам.  Гуфт,  ки  ман  хоб нарафта,  сари  гуфтаҳои  ту   андешидам.  Ба  хулосае омадам,  ки    дуруст  мегӯйӣ:  мо  бояд  бо  ҳам  дӯст бошем… Ӯро даъват кардам, ки рост ба Кӯлоб, назди ман биёяд, ҳама корҳо хуб мешавад. Ӯ ваъда дод, ки меоям. Вале ин дидори охирин буд. Ду моҳ пас аз ин вохӯрӣ ӯ бо дасти мухолифин дар Афғонистон кушта шуд.
…Он рӯз мо ба Душанбе баргаштем. Бегоҳ  ба  воситаи Телевизиони  марказӣ  аз  ин сафарамон суҳбат оростем. Охирсуханам ин шуд:
- Фурсате фаро расидааст, ки ҳар як тоҷик бояд бо эҳсоси муқаддаси охирин тоҷик дар пуштибонии тоҷики дигар  бошад. 
Имрӯз  шукр  мекунам,  ин  орзу,  ки  воқеан ҳам, он рӯзҳо беш аз орзу чизе набуд, баъдҳо ба василаи ҷасорат, хирад  ва  ояндабинии  Пешвои  муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Ҳақназар ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2020    №: 117    Мутолиа карданд: 218
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед