logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТ РАМЗИ ҶОВИДОНИИ МИЛЛАТ АСТ

Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти мардуми тоҷик баробари истиқлолият арзиш ва аҳамияти беназирро соҳиб аст. Беҳикмат нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастовардаамонро қадр ва ҳифз менамоем. Зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузург ва, зиёда аз ин, заминаи тамоми таҳаввулоти демократӣ мебошад.
Нақши ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар муттаҳид намудани ҳамватанон ва аз хатари нобудӣ наҷот бахшидани давлати навини тоҷикон бағоят бузург буда, он ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар бояд ҳамеша мавриди омӯзиш ва арҷгузорӣ қарор бигирад. Маҳз ваҳдати миллӣ нақшаи душманони миллати тоҷикро, ки мехостанд бо дасти зархаридону хоинон фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми кишвар ба таври иҷборӣ таҳмил намуда, низоми осоиштаи давлатдориро тағйир диҳанд, барбод дод ва барои таҳкими давлат заминаи мусоид фароҳам овард.  
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи наверо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангии мамлакат оғоз бахшид. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки  бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талафоти фаровони  моливу ҷонӣ дида, аркони иқтисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, дар сароғози даврони навини таърихии давлатдории хеш ба буҳронҳои шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ буд, ки бар асоси сабақҳои андӯхта аз таҷрибаҳои таърихии гузаштагони худ заминаҳои мувофиқ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам омада, ҷомеаи моро ба сӯи созандагӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд тамоюл бахшид. Талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, Офтоби пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато овард.
Ҳосили талошҳои Роҳбари сулҳофар ва Меъмори ваҳдати миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густардаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Ҳосили ин эътирофи мақоми сиёсӣ ба он анҷомид, ки сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ҳамчун сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими суботу оромиш ҷойгоҳи муайян дарёфт. Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун намуна барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои мухталифи олам истиқбол намуда, бархӯрдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯйдоди босаодатро рукни муассир дар таъмини ваҳдати қавмиву миллӣ барои аксари кишварҳои дунё арзёбӣ кардаанд. Баробари ин, дар симои Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти мубашшири воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро шинохтаву барои ҷаҳони муосир муаррифӣ намуданд, ки воқеан, ин санади ифтихор баҳри тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистониён маҳсуб меёбад.
Расидан ба ваҳдати миллӣ дар марҳилаи нави таърихӣ дар Тоҷикистон, ки ба талошу пайкор ва корномаҳои бузургу бемисли Пешвои муаззами миллат такя мекунад, ҳосили сабақгирӣ аз дарси сарнавишти таърихии тоҷикон низ маҳсуб мешавад. Маҳз, эътиқоду эътимод ба ибтикороти таърихии давлатмардону абармардони миллати тоҷик ва такя ба қудрату тафаккури зеҳнӣ ва маънавии тоҷикон, ки ба фитрати олии инсонии ин миллати созандаву бунёдкор пайванд мегирад, ба Пешвои миллати тоҷик неру ва эътимоди бузург бахшид, то ҳанӯз дар минбари иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорате аз расидани сулҳи деринтизор ба сарзамини Тоҷикистон диҳанд ва бо ҳиммати баланди инсонӣ аз миёни он гирудорҳову сангарҳои хунрез сулҳ, оромиш, ваҳдату ҳамдилӣ ва ягонагиро барои тамоми миллати воҳиди мо ваъда намоянд. Ҳамин эътиқод ва боварии том буд, ки миллати моро аз парешонии навбатии таърихӣ наҷот бахшида, роҳи ормонҳои маънавии тоҷиконро дар марҳилаи нав муқаррар намуд.
Мардуми вилояти Суғд ҳамеша ифтихор аз он доранд, ки дар заминаи таҳкими аркони давлатдории миллӣ ваҳдати тоҷикон беҳтарин ва бузургтарин дастоварди навин чун ҳосили шукӯҳи ваҳдат насибамон гардид. Дар навбати аввал бояд эътироф намуд, ки ифтитоҳи ду нақби бузург – "Истиқлол" ва "Шаҳристон" ба таври воқеӣ ҷуғрофиёи воҳиди Тоҷикистони азизи моро чун рамзи ягонагии ин миллати шарафманд таъмин намуда, партави дурахшони Хуршеди ваҳдатро ҳамчун қувваи бузурги давлатсоз ва миллатофар дар тамоми манотиқи кишвар таъмин намуд. Баробари ин, ҳамасола дар саросари вилоят ҳамчун неъмати беҳтарини соҳибистиқлолӣ ва ваҳдатшиории мардум сохтмони бинову иншооти муҳим ба анҷом расида, барои хидматгузорӣ ба мардум манзур мешаванд, ки ин амр худ гувоҳи пешрафтҳои тозаи иқтисодии минтақа маҳсуб мегардад. Танҳо руҷӯъ ба ҳузури мунаввари Пешвои миллат ба вилояти Суғд дар чанд соли охир гувоҳ бар он аст, ки дар ин фурсати кӯтоҳ вилояти куҳанбунёди таърихӣ симои худро дигар кард. Эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон дод, ки бо истифода аз шароитҳои рушди сайёҳӣ  муҳимтарин иншооти дорои аҳамияти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангу маърифатӣ  бунёд гардида, барои истифодаи мардум манзур гарданд. Дар навбати аввал, тавассути тадбирҳои наҷиб ва ибтикороти Пешвои муаззами миллат барномаҳое рӯи даст гирифта шуданд, ки амалкарди онҳо ба таври воқеӣ барои рушди баробари тамоми ҳудуди вилоят мусоидат намуданд. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу манзалат ҳам дар шаҳри Хуҷанд ва ҳам дар дуртарин нуқтаи қаламрави вилоят – ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парафшон аст. Дар канори ин, барои таъмини фаъолияти бомароми самтҳои хоҷагии халқ дар ин ноҳияи дурдасти кишвар соли гузашта муҳимтарин иншоот, пеш аз ҳама, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, биноҳои “Амонатбонк” ва чандин муассисаҳои дигар бо тарҳи нав қомат афрохта, ба эҷоди шаҳраки нав дар доманаи кӯҳ - Меҳрон сабаб гардиданд. Маҳз, ба шарофати таҳкими ваҳдати миллӣ ва тантанаи сулҳу субот дар давоми чанд соли охир дар қаламрави вилоят чунин шаҳракҳо ҳамчун маҳсули корномаҳои созандаи Пешвои миллат арзи ҳастӣ намуданд.
Баробари ин, давоми чанд соли охир ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар вилоят боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва қасрҳои ҳунармандон чун падидаи нодири ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат қомат афрохтанд. Ин талош ва ибтикори беназир соли 2015 бо бунёди чаҳорбоғи Камоли Хуҷандӣ бо фарогирии мақбара ва муҷассама, хонаи шоир оғоз ёфта, сипас чунин маҷмааҳои фарҳангӣ дар ноҳияи Айнӣ ба номи Нақибхон Туғрал, шаҳри Исфара ба номи Сайфиддини Исфарангӣ, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Зафаробод ба номи Садриддин Айнӣ идома ёфтанд. Ин ибтикори бобарор баробари эҷоди як маҷмааи бузурги фарҳангӣ ба таъмини имкониятҳои рушди сайёҳӣ дар вилоят сабаб мегардад. Натиҷаи сиёсати дурнигаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис бар он аст, ки ҳамасола барои эҳё ва эъмори обидаҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Яке аз омилҳои аслии таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба бунёди чунин боғҳо низ ба ин рукни барҷастаи сиёсати фарҳангӣ такя мекунад. Баробари бунёди чунин боғҳо, ки, асосан, ба номи бузургони адабиёт ва фарҳанги миллии мо гузошта шуданд, давоми ин солҳо мақбараҳои Камоли Хуҷандӣ, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ таҷдиду тармим гардида, ёдгории таърихии Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан барқарор ва муҷассамаҳои суханварони бузурги адабиёти мо - устод Рӯдакӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент, Камоли Хуҷандӣ дар Хуҷанд, Сайфиддини Исфарангӣ дар Исфара, Нақибхон Туғрал дар ноҳияи Айнӣ ва Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Зафаробод, Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент қомат афрохтанд.
Эҷоди қасрҳои фарҳанг дар аксари шаҳру навоҳӣ боис бар он шуда истодааст, ки дар вилоят заминаҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, кашфи истеъдодҳои нодир, ҳунармандону наққошону рассомон фароҳам омада, аз ин роҳ имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳону ҷаҳонгардон ба кишвар таъмин карда шавад.
Дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд мо, ҳамагон, шоҳиди бунёд ва барқарор гардидани чандин корхонаҳои азими саноативу иқтисодӣ мегардем. Эълони ҳадафи чоруми стратегӣ аз тарафи Пешвои миллат ба унвони саноатикунонии мамлакат боиси он шуда истодааст, ки ҳамасола дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят чандин коргоҳҳои  саноатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ҳоло дар онҳо доираи васеи аҳолӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, маҳсули ин корхонаҳо барои афзудани буҷети мамлакат мусоидат менамоянд.  Танҳо дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат дар Наврӯзи имсола мо шоҳиди он будем, ки чандин коргоҳҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ифтитоҳ ва барои бунёди корхонаҳои дигар санги асос гузошта шуданд. Ин тадбири муҳим ва наҷиби созандагӣ ҳамчун ҳосили таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистон бомаром дар саросари кишвар идома дорад ва мо боварии комил дорем, ки дар дарозои фосилаи боқимонда, то замони таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо ба таври воқеӣ ба сарзамини бузурги ибтикорҳо ва макони созандагиҳои беназир табдил ёфта, барои ҳамешагӣ нурафшону гулафшон мегардад. Соли равон мо ду чорабинии муҳим – 5500 - солагии шаҳри қадимаи Саразм ва 700 - солагии шоири ғазалсарои тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандиро низ ҳамчун нишони ифтихор аз таъриху тамаддуни куҳанбунёди худ ботантана таҷлил хоҳем намуд, ки, бешубҳа, барои таҳкими ваҳдату ҳамгироии мардуми кишвар ва муаррифии фарҳангу маданияти оламшумул мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҷараёни сафарҳои кории хеш Пешвои муаззами миллат, зимни мулоқоту суҳбатҳои самимона мардуми сарбаланди вилоятро ҷиҳати анҷоми иқдомҳои тозаву нав ва, пеш аз ҳама, кӯшишу талош дар ҳифз ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани ин бузургтарин арзиш ва дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар - сулҳу ваҳдати миллӣ бо самимияту садоқати олии раҳбарона ҳидоят намуданд. Борҳо Пешвои миллат дар суханрониҳои хеш ва мулоқотҳояшон ба мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, таъкид доштанд, ки имрӯз ду неъмати бузург – истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чун ду қутби муҳими низоми давлатдорӣ азиз ва муҳтарам аст. Аз ин рӯ, ба таъкиди Пешвои миллат: “Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад”. Вазифаи муқаддас ва бузурги ҳар як сокини шарафманди кишвар дар шароити кунунӣ ва ҳассоси таърихӣ талош барои ҳифз ва гиромидошти ин ду неъмати бузург ва беназир ба шумор меравад.
 Бахусус, дар шароити имрӯзаи дар кишварҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта муттаҳид бошем, ҳама якҷоя барои ҳифзи саломатии худ ва фарзандон, атрофиён ва дар маҷмӯъ, барои эмин нигоҳ доштани миллат аз ин хатари фарогир кӯшиш намоем.
Сокинони ватандӯст ва баору номуси Суғди бостонӣ баробари тамоми мардуми Тоҷикистони азиз бо сарфарозӣ ва ихлоси тамом ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш намуда, ҷавобан ба тамоми ғамхориву дастгириҳои Сарвари ваҳдатофару сулҳофарини хеш барои ба вуҷуд овардани бузургтарин корномаҳои созандагӣ ва мусоидат дар пешрафту шукуфоии кишвар, ҳифз, густариши андешаи сулҳи тоҷикон ва фарҳанги нодири ваҳдатофаринӣ, дастовардҳои ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, расидан ба мақсадҳои бузурги давлатсозӣ ва ормонҳои наҷиби давлатдорӣ якҷоя талош хоҳанд намуд.
Маҳз, ҳамдилӣ, ваҳдати миллӣ ва шукӯҳи сулҳу субот метавонанд моро ҳидоят намоянд, то таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо бузургтарин корномаҳои созанда истиқбол намуда, ин пораи хурд ва дар маънӣ бузурги сайёраро, ки номаш Тоҷикистон аст, ба манзили нотакрори созандагиҳо табдил диҳем ва онро боз ҳам чун макони хурраму ободу шукуфон ба чашми оламиён ба намоиш гузорем.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2020    №: 121    Мутолиа карданд: 440
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед